Пайвандҳои дастрасӣ

Дар майдони марказии шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ), пайкараи Владимир Ленин -- доҳии пролетариатҳои ҷаҳонро барчиданд. Ин майдон, ки ҳоло “850 солагии Маскав” ном дорад, бозсозӣ мегардад ва ҷои пайкараи доҳии коммунистҳо, Нишони миллии Тоҷикистон қад хоҳад афрохт.

Сокинони шаҳри Бӯстон мегӯянд, кандани пайкараи Ленин ахиран анҷом гирифта, се-чор нафар бо раҳбарии як инженер як бегоҳ то нисфи шаб онро канда ва бо ёрии як кран ба мошин бор кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, коргарон барчидани ҳайкали бозмондаи Ленинро дар шаҳри Бӯстон бисёр оҳиста ва боэҳтиёт анҷом додаанд.

Пайкараи барқади Ленин бо 26 метр баландӣ дар маркази шаҳри Бӯстон (Чкаловски пештара), дар майдони байни Кохи фарҳанг ва Донишкадаи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон дар авоили солҳои 60-уми асри гузашта бунёд карда шудааст.

Мамнур Нурзода, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Бӯстон гуфт, пайкараи барқади Ленин мутобиқи нақшаи бозсозии ин майдон, барчида шуд. Ӯ рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, пайкара “ба ҳайси як нигораи таърихӣ таъмир ва бо ранги зарҳалӣ рангубор шуда, дар чорбоғи ба номи Садриддин Айнии шаҳр ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд."

Бо кандани пайкараи Ленин, бозсозии маркази шаҳри Бӯстон шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Нурзода, тарҳи бозсозӣ таҳия гардида, тибқи он дар ҷои пайкараи Ленин Нишони давлати Тоҷикистон бо баландии беш аз 20 метр, гузошта хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "пайкараи Ленин рӯ ба Қасри фарҳанг буд ва аз пушташ -- донишкада. Вале Нишони миллии давлати Тоҷикистон дутарафа хоҳад буд ва ҳам аз ҷониби Қасри фарҳанг ва ҳам аз ҷониби донишкада намоён хоҳад буд."

Пайкараи барқади Ленин бо 26 метр баландӣ дар маркази шаҳри Бӯстон (Чкаловски пештара), майдони байни Кохи фарҳанг ва Донишкадаи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон дар аввалҳои солҳои 60-уми асри гузашта бунёд карда шудааст. Кӯчаи канори ин майдон “Московская” ва майдони он, чун анъанаи давраи шӯравӣ, ки майдони марказии шаҳру ноҳияҳо ҳатман ба номи пешвои коммунистҳои ҷаҳон гузошта мешуд, номи Ленинро дошт. Ин майдон соли 1997 номи ҳозирааш -“850 солагии Маскав”-ро ҳамзамон бо таҷлили ин сана дар Русия гирифт.

Ин пайкараи Ленин аз охирин муҷассамаҳои бузурги асосгузори давлати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қад боло карда буданд ва баъди ҳудуди се даҳсолаи аз байн рафтани шӯравӣ, аз онҳо ному нишоне намондааст. Ба ҷои бархе дар Хуҷанду Исфараву Бӯстон пайкараи Исмоили Сомонӣ -- асосгузори давлати тоҷикон дар асри 10-и милодӣ ва Нишони давлати имрӯзии Тоҷикистон, гузошта шудааст.

Боқӣ Қудратов, аз масъулони ҳукумати шаҳри Бӯстон ва аз аъзои пешини Ҳизби комунистии Тоҷикистон мегӯяд, ин номгузорӣ эҳтимол нишонаи орзуву умеди ҳоло тақрибан гусастаи коммунистҳои Бӯстон буд, ки ба эҳё ва шукуфоии дубораи ин шаҳри бунёдгашта аз ҷониби Маскав, умед доштанд.

“Комунистҳои Бӯстон то аввалҳои садаи 21-ум бо ташаббуси раиси шаҳр, ки узви ин ҳизб буд, дар рӯзи таваллуди доҳии худ ва ҷашнҳои шӯравӣ ба пояи ҳайкали Ленин ва маҷмааи ёдгорӣ аз шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар мегузоштанд. Баъд, ки раис иваз шуд, ин анъанаи гулгузорӣ ба пояи ҳайкали Ленин ҳам аз байн рафт.”

Сокинони кӯҳансоли шаҳри Бӯстон мегӯянд, дар канори дигари пайкараи Ленин дар маркази ин шаҳр бинои Идора сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) ҷойгир буд ва навхонадорон баъди сабти ақди никоҳ, дар пояи ҳайкали Ленин гул мегузоштанд.

Вале мусоҳибам мегӯяд, пайкараи Владимир Ленин, ки дар шаҳри овозадори Чкаловски собиқ баъд аз тақрибан 10 соли асос гузоштан ба ин шаҳр, бунёд шудааст, аз рӯ гаҷ буда ва аз нигоҳи моддӣ арзиши баланд надоштааст.

Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори сокин шаҳри Бӯстон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар аввалҳои садаи 21 боре шабона, дар айни авҷи хариди фулузоти ранга сӯи тоҷирон, афроди номаълуме дасти Ленинро, аз танааш ҷудо карданд. Вале чун дидаанд, ки аз гаҷ аст, онро назди пайкара партофта рафтанд. Пулис ин ҳодисаро ба таҳқиқ гирифт ва ҷой надоштани мавриди “вандализм”-ро собит кард.

Шаҳри Бӯстонро соли 1948-и милодӣ Маскав баъд аз таъсиси корхонаи тавлиди урани хом бо номи Чкаловск, бунёд гузошт. Дар солҳои 80-и асри гузашта Чкаловск беш аз 50 ҳазор аҳолӣ дошт ва ҳудуди 90 дарсади онҳо мутахассисон ва коргарони рустабор буданд. Бино ба ривоятҳо, урани хом барои сохтани нахустин бомбаи атомии шӯравӣ дар ҳамин корхона тавлид карда шудааст.

Зимнан, кори силсилаи корхонаи истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдани уран дар шимоли Тоҷикистон, ба шумули бузургтарини онҳо, “Фулузоти нодири шарқ”-Чкаловск, баъди аз байн рафтани шӯравӣ аз оғози молҳои 90-и асри гузашта, ба заъф гароид.

Чкалов аз мақому моҳонаҳои баланд ва таъминоти маскавии худ поин уфтод ва аз як шаҳри дарбаста барои кору зиндагӣ барои сокинони маҳаллӣ, ба як шаҳри муқаррарӣ табдил ёфт. Аксари кулли мутахассисону коргарони оддии рустабор ба Русия кӯч бастанд. Ва аз охирҳои солҳои 90 тавлиди урани хом комилан қатъ гардид.

Соли 2016-и милодӣ Чкалов бо пешниҳоди сокинон номи тоҷикии Бӯстонро гирифт. Ҳоло дар ин шаҳр ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG