Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google: Ибораи "душмани миллат" дар матлабҳои Тоҷикистон 112 000 бор истифода шуд. ВИДЕО


Агар ибораи "душмани миллат"-ро танҳо дар ҷустуҷӯгари Google ҳуруфчинӣ кунем, дар як они воҳид беш аз 112 ҳазор посух пешкаш мекунад.

Агар касе таърихро хондааст, медонад, ки он замон низоми додгоҳии сегона, яъне "тройка" буд. Дар асоси нишондоди се нафар тақдири шахс дар давоми аз 16 то 24 соат ҳал мешуд.

Ин ва даҳҳо ибораю калимаҳои монанд ба он, мисли "хоин", "хоини миллат", "ватанфурӯш", "муздури хоҷагони хориҷӣ" ва "зархарид" тайи се соли охир вориди лексикони сиёсӣ дар кишвар ва хориҷ аз он шуд. Телевизиону радио, матбуот, таблиғгарон ва дар ниҳоят одамони оддӣ аз ин ибораҳо ба таври густарда истифода мекунанд.

Баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим

Истифодаи ин ибораҳо дар забони расонаҳо, маҷлису ҷамъомадҳо пас аз моҳи сентябри соли 2015, ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ ва мамнуъ элони шудани ҳизби наҳзати исломӣ авҷ гирифт.

Ҷонибдорони ҳукумат аз як тараф ва аз сӯи дигар тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, ки худро мухолиф ваё оппозития муаррифӣ мекунанд, нисбат ба якдигар ба таври фаровон аз ибораҳои "хоини миллат" ва "ватанфурӯш" истифода мекунанд.

Афзалшо Шодиев
Афзалшо Шодиев

Ба ин "маърака" ҳунармандону сарояндагон низ ҳамроҳ шуданд. Ахиран Афзалшо Шодиев, раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар як таронаи тозаэҷодаш ба ин масъала пардохт.

Ин овозхон, ки пайваста аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дифоъ мекунад ва чанд дафъа барои "хушомадгӯӣ" мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ қарор гирифтааст, дар таронаи "Нанги ватан" мунтақидони дар хориҷбударо "хоин" ва "аҳриман" хонд.

"Ӯро бояд чӣ бигӯем? Албатта, хоин"

Генерал Саиданвар Камолов, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, калимаву ибораҳои "хиёнат", "зархаридӣ" ва масоили ин баргирифта аз матни қонунҳо, аз ҷумла Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳастанд. "Вақте чунин ҷиноятҳо дар кишвар содир мешаванд, албатта, ин ибораву калимаҳо нисбат ба ашхоси муайян истифода мешавад", - гуфт ӯ.

Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, "тавре русҳо мегӯянд, ҳар чиз бояд ба номи худаш гуфта шавад. Масалан, ду моҳ пеш аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 бо Абдуҳалим Назарзода суҳбат доштам. Он вақт ҳеҷ гумон намекардӣ, ки ӯ ба ҳамин кор қодир бошад. Лекин ба сари мардуми худ силоҳ кашид, чӣ қадар одамон кушта шуданд. Ӯро бояд чӣ бигӯем? Албатта, хоин аст".

"Риторика" бояд иваз шавад"

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “душмани халқ” ибораи наве нест ва хоси лексикони даврони ҳукмронии Сталин аст. Мамадшоев мегӯяд, ҳарчанд ин ибора муҳтавои қаблиашро гум кардааст ва ба таври густарда ба омма таъсир надорад, боз ҳам метавонад ҳаросро эҷод кунад ва ҳамсояро алайҳи ҳамсоя бишӯронад.

"Хуб, кӣ аст “душмани халқ”? Ҳар нафар “душмани миллат” дар асл як ҷузъи ҳамин миллат аст. Вай наметавонад душмани худаш бошад!? Ё ибораи “муздурони хоҷаҳои хориҷӣ”-ро гирем. Худи ҳукумат ҳам маблағҳои грантии кишварҳои хориҷиро мегирад ва истифода мекунад", - гуфт ӯ.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев мегӯяд, бино ба мушоҳидаҳои ӯ, "авҷи муттаҳамсозӣ ва нисбат ба якдигар истифода кардани ибораҳои "душмани миллат", "хоини миллат" ва монанди ин паси сар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, риторика ва ё мавзӯъ ва ибораҳои наверо вориди лексикони омма кунад, то ибораи шуми "душмани халқ" дубора ба таҳхонаи таърих фиристода шавад."

"Ҳоло дар куҷо ҳамин хел аст?"

Аммо генерал Саиданвар Камолов мегӯяд, муқоиса кардани вазъи Тоҷикистони имрӯза бо ҳодисаҳои солҳои 1937-ум аслан дуруст нест.

"Албатта, гуногунандешӣ аст, ҳар кас ҳақ дорад андешаи худро гӯяд, вале ҳар гапи гуфта шуда бояд далел дошта бошад. Агар касе таърихро хондааст, медонад, ки он замон низоми судии “сегона”, яъне "тройка" буд. Дар асоси нишондоди се нафар тақдири шахс дар давоми аз 16 то 24 соат ҳал мешуд. Соли 1988 вақте барномаи реабилитатсия давом дошт, ман дар раёсати тафтишоти Кумитаи амният кор мекардам, аз зери қаламам 24 ҳазор парвандаи ҳамон солҳо гузаштааст. Ин парвандаҳо аз 3-4 саҳифа иборатанд ва бар асоси нишондоди се нафар. Ҳеҷ хел суду муҳокима набуд. Ҳоло дар мо дар куҷо ҳоло ҳамин хел аст?”, - суол гузошт генерал Камолов.

Камолов мегӯяд, нафароне, ки замони ҳозираро бо солҳои хеле пеш қиёс мекунанд, ё таърихро хуб намедонанд ва ё қасдан онро таҳриф карданӣ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, риторика ва ё мавзӯъву ибораҳои наверо вориди лексикони омма кунад, то ибораи шуми "душмани халқ" дубора ба таҳхонаи таърих фиристода шавад

"Ҳоло парвандаи ҳар нафар ҳадди ақалл то ду моҳ тафтиш мешавад, муфаттишон ҳамаҷониба месанҷанд. Баъд додгоҳ онро баррасӣ карда, баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Рафтори мақомоти қудратиро шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон назорат мекунанд ва ман хислати он касро медонам, ки ҳеҷ намегузоранд, вазъияте ба мисли солҳои 37-ум такрор шавад", - иброз дошт ӯ.

Ибораи "душмани миллат" бори аввал дар Рими қадим дар шакли "душмани халқи Рим" истифода шудааст. Нафаре, ки ба чунин гуноҳ муттаҳам мешуд, баробари сарбози душман маҳкум ба қатл буд. Бори дигар ин ибора дар замони иқилоби Фаронса дар асри 18 вирди забонҳо шуд ва инқилобиён бо айни ин иттиҳом кушта мешуданд.

Бозгашти ибораи "душмани миллат" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:58 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG