Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маънии ҳайкалҳо. Сабақҳои Осиёи Марказӣ


Зане ҳангоми тоза кардани нимпайкараи Ленин

Александр Моррисон

Ҳайкалшиканиҳои охир олами инглисзабонро ба ларза овард, ки гумон мекунад, ин як навоварии садаи 21 аст. Ҳол он ки барои қаламравҳои султаи пешини рус ва Иттиҳоди Шӯравӣ чизи одист: онҳо аз аввали асри 20 камаш се мавҷи ҳайкалшиканиро аз сар гузарондаанд.

Болшевикҳо бутшиканҳои сиёсӣ буданд, ки пайгирона рамзҳои гузаштаи подшоҳиро нест мекарданд: дар филми маъруфи Эйзенштейн, «Октябр» (1928), саҳнаи хотирмоне ҳаст: издиҳом ҳайкали подшоҳ Александри II-ро чаппа ва пора мекунад.

Дар ҳавои фошкориҳои хрушевии зидди Сталин ҳайкалҳои ӯ барчида, ҷасадаш аз мақбара бароварда ва садҳои филм қайчӣ зада шуд.

Аз соли 1991 инҷониб муҷассамаҳои дигар сарнагун карда шуданд, аз ҷумла ҳайкали Феликс Дзержинский, асосгузори “Чека”, ки замоне дар назди бинои меросбари он КГБ, дар Лубянка чашм ба раҳгузарон медӯхт.

Аммо барканории Дзержинский чизеро ғайри ном иваз накард: КГБ ФСБ шуд, аммо ҳамоно дар Лубянка ҷойгир буда, назорати он ба давлати Русия таҳти роҳбарии Владимир Путин, ки худро “чекист” медонад, пурзӯртар шудааст.

Пайкараи Дзержинский яке аз ёдгориҳои замони шӯравӣ буд, ки пас аз талоши нокоми табаддулоти коммунистии соли 1991 дар авҷи гирдиҳамоиҳо вожгун гашт. Аксарияти ҳайкалҳои дигар дар раванди дубора қонунигардонии режими Елтсин барчиду шуданд. Иштиҳои вожгун кардани муҷассамаҳои давраи Шӯравӣ дар охири солҳои 1990-ум сусттар шуд ва дигар ҳаргиз ба замони шиорҳои гиромидошти қурбониёни режими шӯравӣ ё пурра кушодани бойгонии таъқиби сталинӣ баробар нагашт. Ҳатто имрӯз шумораи ёдгориҳои Гулаг ё қаҳтии сохтаи даврони Сталин дар Русияро метавон бо ангуштони як даст баршумурд ва тақрибан ҳамаашон кори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд, то давлати Русия. Баҳсе ҳаст, ки кандани ин ёдгориҳо, масалан, ба паҳлу ё беҳтараш парӯ хобондани Дзержинский ва барафроштани ёдгории хотираи қурбониёни ӯ дар паҳлуяш ба фаромушхотирии одӣ мусоидат кардааст. Табъан, ҷудоиандозиираванди зиёдаравонаи чунин хотиратарошӣ дар Украина ва беҳудагии он дар ҳалли мушкилоти кишвар исбот шудааст.

Ҳайкали Ленин дар Хуҷанд
Ҳайкали Ленин дар Хуҷанд


Муҷассамаҳое, ки дар давраи Русияи подшоҳӣ ё Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ бунёд шудаанд, на танҳо хотираи гузаштаи пурталотуми идеологиянд, балки фазои мустамликадориро ба ёд меоранд. Ёдгориҳои давраи подшоҳӣ ба муҳорибаҳои барои ишғолгариҳои Русия дар минтақаанд. Ба монанди ҷанги Иқан дар соли 1864, суқути Тошканд дар соли 1865 ва қатли оми туркманҳо дар Гок-теппа дар 1881. Ҳамаи инҳоро большевикҳо пас аз соли 1917 вайрон карданд. Шояд муҳимтарин рамз майдони марказии бахши русии Тошканд буд бо ёдгории сарбозоне, ки ҳангоми забт кардани шаҳр дар соли 1865 кушта шуданд ва ҳайкали нахустин генерал-губернатори Туркистон, Константин Петрович фон Кауфман, ки соли 1913 сохта, вале шаш баъдаш сол ба хок яксон гашт. Пас аз чанд ёдгории муваққатӣ дар охири солҳои 1940 ин ҷо ҳайкали Сталин сохта шуд, ки он дар соли 1961 онро канданд ва пас аз он дар соли 1968 Карл Марксро ба ҷояш гузоштанд. Ҳоло дар ҷои он ҳайкали Амир Темури савори асп қомат кашидааст ва дар майдон низ дар соли 1991 номи ӯро гирифт.

То ҷое ки медонам, ҳоло танҳо ду ёдгориҳои ҳарбии давраи подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ эмин мондаанд. Яке ба хотираи сарбозоне сохта шудаст, ки дар соли 1878 дар наздикии деҳаи Ҷам дар водии Зарафшон дар Узбакистон аз вабо фавтиданд. Дигаре ба муносибати ғалабаи нерӯҳои рус дар ҷанги соли 1860 бо хонигарии Хуқанд дар Узун-Оғоч, наздикии Олмотии ҳозира. Аввалӣ ёдгории хурду назарногир аст, ки онро нодида гирифтаанд. Дувумӣ дар соли 1921 қисман аз байн бурда шуд, аммо дертар гуё ба рамзи ҳувияти муҳоҷирони руси Ҳафтрӯд табдил ёфт ва дар солҳои 1950-ум дар филми шӯравӣ рамзи бозгашти сарбозони русу қазоқ аз Ҷанги Ҷаҳонии Аввал. Он ба наздикӣ бо камоли эҳтиёт бозсозӣ шуд. Ба ғайр аз ин дар наздикии Қарокули Қирғизистон ҳайкали кашшоф Николай Пржевалский ҳоло ҳам барпост. Пржевалский, як қаҳрамони ишғолгариҳои империяи Русия ақидаҳои возеҳи нажодпарастона дошт, аммо аз ҷониби режими шӯравӣ бинобар саҳмаш дар рушди ҷуғрофиё «рӯшангар» дониста мешуд ва ҳайкалаш барҷо монд. Имрӯз ҷанбаи ториктари корномаи Пржевалский асосан фаромӯш шуда, муҷассамаи ба андозаи кофӣ зебояш ба макони аксбардории арӯсиҳо ва мояи ифтихори сокинон табдил ёфтааст.

Муносибат ба ёдгориҳои замони Шӯравӣ хеле гуногун аст. Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон аксари Ленинҳоро, ки як замон ҷойҳои серодами Тошканд, Душанбе, Олмотӣ ва дигар шаҳрҳои бузургро оро медоданд, аз байн бурданд, ҳарчанд асарҳои ба осонӣ тахрибнашаванда, ба монанди аржанг (мозаика) ва деворнигораҳо эмин монанд ва ҳоло барои арзиши бадеияшон қадр карда мешаванд. Вақте ки ман бори аввал соли 2003 ба Хуҷанди Тоҷикистон сафар кардам, ҳанӯз Ленини азимҷусса аз баландии соҳили рости Сирдарё шаҳреро нигоҳ мекард, ки дар даврони шӯравӣ Ленинобод ном дошт. Ҳоло дар баландӣ рамзи нави миллии Тоҷикистон -- Исмоили Сомонӣ намудор аст, аммо Ленинро ҳам дар ҳамон соҳил, каме дуртар ба ҷои хоксорона кӯчондаанд. Рамзи нави миллӣ дар Бишкек ҳайкали Қурмонҷон Додхоҳ, "Маликаи мондагори Олой" аст, ки дар як боғ бо ҳайкали пешинаи болшевикӣ истодааст, ҳайкале ба ёдбуди афроди Артиши Сурх, кушташудагони ҷангҳои ишғоли дубораи минтақа таҳти фармони Михаил Фрунзе, муҳоҷири аврупоии шаҳре, ки як замон Пишпек ном дошт.

Дар ҷойҳои хурдтар ва назарногиртари Осиёи Марказӣ ёдгориҳои давраи Шӯравӣ эмин мондаанд. Шояд ғамангезтарини онҳо Ленини бетоние бошад, ки ман дар деҳаи Тонкошуровкаи шимоли Қазоқистон дида будам. Бино бар катибааш, он дар тобистони соли 1940 дар колхози «Фриден» сохта шудааст. Ин ном ба макони сукунати олмониҳои Соҳили Волга ишорат мекунад, ки ба ин ҷо бадарға шудаанд. Ҳайкали тоза шусташуда ба таври номуносиб даст ба сӯи калисои католикие бурдааст, ки дар солҳои 1990 дар ёдбуди давраи даҳшатбори як ҷомеаи нобудшуда бунёд шудааст. Аксарияти сокинони олмонитабори Тонкошуровка дар тӯли бист соли охир аз ин ҷо рафтанд ва ин ба ҳайкал маънии наве додааст, ки ба Ленин ҳамчун як шахсияти таърихӣ пайванди каме дорад, чӣ монад ба ғояҳои ӯ.

Ин нишон медиҳад, ҳайкалҳо на ҳамеша маънии бузургдошт ва эҳтиромеро, ки сабаби гузошта шуданашон мешавад, ҳифз

Ёдгории 28 Панфиловчӣ дар Қазоқистон
Ёдгории 28 Панфиловчӣ дар Қазоқистон


хоҳанд кард. Маҷмуи ёдбуди Панфиловчиён, ки дар канори калисои ҷомеи Меъроҷи Олмотӣ дар давраи Брежнев сохта шуд, воқеаеро гиромӣ медорад, ки ҳаргиз рух надодааст. Қаҳрамонии 28 Панфиловчӣ дар ҳимояти Маскав аз ҳуҷуми фашистони олмонӣ як афсонаи давраи Сталин аст, ки кайҳо фош шуд. Замоне ки ёдгорӣ дар соли 1976 қомат афрошт, баъзе аз чеҳраҳои он ҳануз зинда буданд. Вале бино бар достон ҳамаи 28 нафар то охирин нафас ҷангиданд ва ҳалок гаштанд. Ин як сохтакории таърих буд дар шакли филизу мармар. Вале бардошти имрӯзаи сокинони шаҳр аз ин муҷассама на ба ҳадафи ибтидоии он ва ба доғе, ки рӯяш афтодааст, рабт надорад. Он ифтихори пойдор ва асоснокро аз саҳми ҳамаи шаҳрвандони шӯравӣ - на танҳо русҳо - дар шикасти фашизм ифода мекунад. Ва мисли ҳамаи ёдгориҳои он ҷанг дар саросари Иттиҳоди Шӯравии пешин он макони қайд кардани рӯйдодҳои муҳими ҳаёт аст, пеш аз ҳама тӯйҳо, бо нӯшбодҳо ва аксҳои оилавӣ.

Агар вожгун шудани ёдгориҳо метавонад ба фаромӯшӣ оварда расонад, роҳҳои боқӣ гузоштани онҳо барои ҳифзи арзиши таърихияшон ва маънодиҳии онҳо барои имрӯз мавҷуданд. Яке аз намунаҳои таъсирбахш аз муҳити дигари мустамликавӣ, бошишгоҳи Лахнов дар шимоли Ҳиндустон аст. Дар ин ҷо муҳорибаи шадиди ошӯби соли 1857 рух додааст. Бритониёиҳо харобаҳо ва қабрҳоро дар ин паҳно нигоҳ доштанд ҳамчун намои қаҳрамонии худ. Ҳиндустон пас аз истиқлолият онро бетағйир гузошт, аммо дар канораш ёдгории гиромидошти шӯришгаронро бунёд кард. Дар натиҷа онҳое, ки балвогар номида мешуданд, акнун ватандӯст намудор мешаванд. Ҳоло агар аз Осиёи Марказӣ гӯем, тасаввур кунед, ки майдони ба номи Амир Темур дар Тошканд ҳамчунин бо ҳайкали соли 1913 сохташудаи фон Кауфман, пайкараи Маркс ва ҳайкали имрӯзаи Темур оро дода шудааст. Ин сегона метавонист, беҳтарин баёнгари нерӯҳое бошад, ки шаҳри имрӯзаро сохтаанд: мустамликадории рус, коммунизми шӯравӣ ва миллатгароии муосири узбек. Чизҳои зиёде аз инҳо солҳои охир фаромӯш шудаанд.

Муайян кардани он ки кадоме аз рамзҳои гузашта ҳанӯз писанд буда метавонанд, душвор аст. Душвор ҳам барои онҳое, ки мехоҳанд, ҳайкалҳоро чаппа кунанд ва ҳам барои онҳое, ки мехоҳанд онҳоро нигоҳ доранд. Ҳайкалҳои Сталин, бо назардошти бераҳмии хоси ӯ ва имкони истифода шудани онҳо барои гирдиҳамоиҳои сиёсӣ шояд фаротар аз инанд. Барафроштани пайкараи қассоби Гёк-теппа, генерал Михаил Дмитриевич Скобелев дар хиёбони Вернадскии Маскав дар соли 2014 боз як далели инкори гузаштаи мустамликавии Русия ва инчунин эҳёи кеши, ба истилоҳ, “генерали сафед” мебошад. Ҳарчанд ба эҳтимоли зиёд шикастани ҳайкали пешинаи ӯ дар кӯчаи Тверская аз ҷониби болшевикон, дар навбати аввал, талоши ба фаромӯшӣ супурданаш буд.

Рӯшан аст, ки мо бояд аз бархӯрди болшевикона ба гузашта эҳтиёт кунем, ки бар пояи он режимҳои феълӣ ва ортодоксҳо бояд фазоҳои ҷамъиятиро дар қабзаи худ дошта бошанд. Дар ниҳояти кор, муҷассамаҳо иншооти беҷонанд. Онҳо ба ғайр аз ҷомеа ва ҷамоаҳои атрофашон ҳомие надоранд. Ва беҳтар аст, ки ҷамоаҳои маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бобати будану набудани онҳо тасмим гиранд, то ҳукуматҳо.

Аз Идора. Муаллифи блог Александр Моррисон, устоди таърих дар New College дар Оксфорд таърихи империяҳо, ҷангҳои таҷовузгарона, мустамликадории рус дар Осиёи Марказиро меомӯзад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG