Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: Бо вуҷуди талошҳо, коррупсия на кам, баръакс зиёд шудааст

Мақомоти расмии Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки бо вуҷуди талошҳои онҳо барои решакан кардани коррупсия дар идораҳои давлатӣ, ин зуҳурот баръакс дар баъзе ниҳодҳо зиёд шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки раванди иҷрои стратегияи мубориза бо коррупсияро таҳлил кардааст, мегӯяд, "аз таҳлили мунтазами вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд бармеояд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии ба коррупсия алоқаманд дар баъзе вазорату идораҳо рӯ ба афзоиш дорад".

Оҷонсӣ натиҷаҳои тадбиру чораҳои панҷ соли пеш, яъне аз 2021 то 2025 таҳлил карда, омореро овардааст, ки афзоиши нигаронкунандаеро нишон медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин муддат тақрибан 7500 ҷинояти иқтисодӣ, ришвахорӣ ё аз худ кардани моли мардум ва давлатро сабт кардаанд.

ВАЗОРАТҲОИ "ФАСОДЗАДА" КАДОМҲОЯНД?

Дар ин миён номи Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳаст, ки дар панҷ соли гузашта дар тамоми шӯъбаву идораҳои тобеи он 250 мавриди ришвахорӣ, сӯистифода аз мақом ё дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ сабт шудаанд. Тамоюл ҳам дар ин вазорат дар ду соли гузашта рӯ ба боло доштааст.

Дар ҷадвали ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки соли 2023 дар ин вазорат 50 ҷинояти иқтисодиро ошкор кардааанд ва дар ду соли баъдӣ ингуна ҷиноятҳо зиёдтар шуда, аз 74 ба 88 адад расидааст.

Оҷонсӣ рӯшан нагуфтааст, ки кадом навъи ҷиноятҳои иқтисодӣ зиёд шудаанд, ришвахорӣ, тақаллуб ва ё ҷинояти дигар, аммо шикоятҳо аз тамаъҷӯии кормандони милиса ва муфаттишон зиёд шунида мешавад.

Худи ҳамин Оҷонсӣ моҳи августи соли гузашта гуфт, ки парвандаи ҷиноии як афсари милиса ва ҳамкорони ӯро ба додгоҳ фиристод, ки ба ришвахорӣ ва сӯистифода аз мансаб гумонбар мешаванд.

Аз ин афсари милиса Ҷалолиддин Нурматов ном бурдаанд, ки ба гуфтаи Оҷонсӣ, ҳангоми кор дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Мастчоҳ бо чанде аз ҳамкорони дигараш ба ҷойи расидагӣ ба мушкили корафтодагон, аз онҳо пул мегирифтаанд, ё парванда боз намекарданд.

Вазорати дигаре, ки дар он, бино ба гуфтаи Оҷонсӣ ҷиноятҳои иқтисодиву коррупсия зиёд будааст, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аст, ки дар соли гузашта дар 159 мавриди пулситонӣ ва ё ришваву дуздии пули давлатро ошкор кардаанд.

Соли гузашта дар Кумитаи амнияти миллӣ 14 ҷинояти иқтисодӣ, дар додситонӣ 4 ва дар додгоҳҳои кишвар 15 ҷинояти иқтисодӣ ва ё ҳамон фасоду ришвахорӣ сабт шудааст.

Ягона вазорате, ки ба гуфтаи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар чаҳор соли гузашта ба фасоду ришва олуда нашудааст, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон будааст, ки дар ҳеч як ниҳоди он ҷинояти иқтисодӣ ошкор накардаанд.

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ФАСОД ЧИСТ?

Воқеан дар гузориши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ришвахориву фасод як монеаи асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Яке аз пешниҳодҳо, гузариши хизматрасониҳои давлатӣ ба шеваи онлайн аст. Мақомот гуфтаанд, ки соддагардонии расмиёт, аз роҳи онлайн ва дур кардани робитаи мустақими кормандони давлат бо мардум масалан, дар соҳаҳои андоз, гумрук ва замин, коррупсияро ба таври назаррас дар ин самт коҳиш додааст.

Ба ибораи дигар, агар хадамоти давлатӣ бештар онлайн бошад, одам пеши корманде намеравад ва барои иҷрои кораш ҳам ба касе ҳаққи хидмат ё чойпулӣ намедиҳад.

Аксари сокинони Тоҷикистон "чойпулӣ" ё додани андак пул ба кормандони идораҳои давлатиро на ришва, балки "подоши хидмат" ва як муомилаи безарар байни ду тараф медонанд.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки музди кормандони давлатӣ боло бурда шавад, то маҷбур ба гирифтани ришва нашаванд ва тамаъҷӯӣ накунанд.

Пешниҳоди дигар, ҷалби худи мардум ба мубориза ба зидди коррупсия аст, зеро ба гуфтаи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, "дар сурати воқиф будан аз ҳуқуқи худ ва баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд".

Айни замон як таҳқиқе дар соли гузашта нишон додааст, бештар аз 86 дарсади пурсидашудагон баъди дучор омадан ба ришвахорӣ ба ҷое муроҷиат намекардаанд, зеро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бовар надоштаанд ва ба ин андеша будаанд, ки муроҷиаташон ҳеч натиҷа намедиҳад ва фақат талаф кардани вақт аст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG