Раиси намояндагии Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд ба "қаллобӣ", "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" ва "тасарруфи пулу мол" гумонзад шудааст.
Дар Оҷонси мубориза бо фасод гуфтанд, ки ба зидди Шерзод Ҳасанзода парвандаи ҷиноӣ боз карданд, вале худаш бо шарти берун нарафтан аз ҷойи иқомат дар озодист. Тамосҳои мо бо Шерзод Ҳасандзода бенатиҷа буд ва мавқеаш ба иттиҳом маълум нест.
Сафар Салимзода, сардори Раёсати зидди фасод дар Суғд, гуфт: “Нисбат ба сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Шерзод Ҳасанзода бар асоси моддаҳои 247, қисми 4, банди Б; 246, қисми 2, банди А ва 316-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуд.”
Мақомот гуфтанд, ки парванда як моҳ пеш боз шудааст ва таҳқиқи он идома дорад, вале тафсилот надоданд. Норӯшан аст, ки манзур аз қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва тасарруфи пулу мол чист.
Шерзод Ҳасанзода қариб як сол пеш ба мансаби сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд таъйин шуда буд. Вай дар нимсолаи аввали соли 2025 нишасти хабарӣ доир кард, аммо дар ҷамъбасти сол бо рӯзноманигорон рӯ ба рӯ нашуд. Масъулони ҳукумати Суғд гуфтанд, ки ҷадвали баргузории нишасти матбуотӣ дар ин идора бо сабаби тағйироти кадрӣ дар вақти дигар мегузарад.
Телефони Шерзод Ҳасанзода фаъол аст. Радиои Озодӣ барои фаҳмидани мавқеи ӯ чанд дафъа бо ӯ тамос гирифт, вале касе ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб надод.
Хадамоти иҷро дар Тоҷикистон, ки ҳоло як намояндааш ба се банди қонуни ҷиноӣ муттаҳам мешавад, ҳашт сол пеш ба кор сар кард. Ҳадафаш иҷрои қарору ҳукми додгоҳҳо, ҳуҷҷати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ва барқарор кардани зарарест, ки ба давлату ширкату шахсони алоҳида расонда шудааст.
Бори аввал нест, ки баъзе аз мансабдорон дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ба ҷиноят муттаҳам мешаванд. Қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷат ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ аз ҷумлаи иттиҳомҳои маъмул алайҳи онҳост.
То кунун бархе бо ҳамин далел боздошту зиндонӣ шуда, бархеи дигар бо пардохти ҷуброн аз ҷавобгарӣ озод гаштаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро пайваста барои он танқид мекунанд, ки дар мубориза бо коррупсия ё фасоди молӣ ҷиддӣ нестанд ва бештар бо боздошти мансабдорони зинаи поёнӣ ё омӯзгорону пизишкон иктифо мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: