Бозори масолеҳи бинокории Ҳисор рӯзи 31-уми августи соли 2023 оташ гирифт ва он замон ВКД сабаби сӯхторро “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ” номида буд.
Дафтари матбуотии ВКД рӯзи 22-юми август хабар дод, ки бо гумони оташ задани бозори масолеҳи бинокории Ҳисор се нафарро боздошт кардааст.
Муҳиддин Муҳаммадови 34-сола, як тан аз боздоштшудаҳо дар навори ВКД мегӯяд, ки як “резини пластмас”-ро оташ зада, дар канори бозор андохтааст. Ба эътирофи ӯ, ин боис шудааст, ки бозор оташ бигирад.
Маълум нест, ки эътироф аз боздоштшуда бо чӣ роҳе гирифта шудааст ва то куҷо ҳарфҳояш воқеият доранд.
ВКД мегӯяд, ӯ барои ин амалаш аз нафаре, ки барояш анҷоми ин корро фармоиш дода буд, 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба навиштаи ВКД, Далер Солизода, сокини 35-солаи шаҳри Ҳисор, ки бо як тоҷири бозор мушкил доштааст, дар пайи машварат бо ҳамсинфаш, Алишер Артиқов, тарҳи оташ задани бозорро кашида, барои анҷоми ин кор Муҳиддин Муҳаммадовро ҷалб кардаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон ба иттиҳоми ВКД маълум нест.
Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ надодааст, ки чӣ гуна ин ҷиноятро бо гузашти се сол ошкор кардааст.
Он замон мақомот гуфта буданд, ки тоҷирони бозор беш аз 12 миллион сомонӣ зиён дидаанд.
Навор аз лаҳзаи сӯхторро инҷо тамошо кунед:
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд рух медиҳад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.
Тоҷирон борҳо дар суҳбат бо хабарнигорон ба фарзияи мақомот шубҳа мекарданд ва аз эҳтимоли оташ зада шудани дуконҳояшон суҳбат мекарданд.
Эътирофи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки як бозор “қасдан оташ зада шудааст”, камсобиқа аст.
Бозори масолеҳи сохтмонии Ҳисор дар 25 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, беш аз 10 гектар масоҳат дорад.
Гуфтугӯ