Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори асосии Ҳисор сӯхт, зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад?

Пайомади сӯхтор дар бозори "Самоҳ"-и Ҳисор
Пайомади сӯхтор дар бозори "Самоҳ"-и Ҳисор

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз эҳтимолҳои асосӣ расиши сим ё ноқили барқ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.

"Ба арзиши 100 ҳазор сомонӣ мол доштам"

Субҳи барвақти 6-уми апрел бозори “Самоҳ” дар шаҳри Ҳисор оташ гирифт. Сабаби сар задани сӯхтор ва зарари расида ҳанӯз мушаххас нест. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Салим Қурбонов чор моҳ пеш мағозаеро дар бозори "Самоҳ" ба иҷора гирифта, либосҳои кӯдакона мефурӯхт. Мегӯяд, ба миқдори зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ амвол дошт ва тақрибан ҳамаашон нобуд шудаанд.

Ин тоҷир дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи ҳодисаро чунин ба ёд овард: "Соати 4-и саҳар омада, нисфи борамро берун баровардам, ҳамон ҳам сӯхта буд. Вақте расидам, оташнишонҳо кор мекарданд."

Ҷойи ҳодиса
Ҷойи ҳодиса

Мақомот то ҳол сӯхторро дар бозори "Самоҳ" расман шарҳ надодаанд. Дар миёни фурӯшандаҳо ин фарзия матраҳ аст, ки расиши сим ё ноқил дар растаҳои хӯрокворӣ сабаби сӯхтор гаштааст. Ҳамсуҳбати мо Салим Қурбонов мегӯяд, дар дӯконҳои фурӯши либос иҷозаи гузарондани хати барқ надоданд. Ин тоҷир ҳоло аз миёни борҳои мағозааш бо умед либоси насӯхтаро меҷӯяд. Шояд ин либосҳо зарари ӯро камтар кунанд.

“Ман дар инҷо либоси зимистона, тобистона ва баҳорона доштам. Дар инҷо аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд мол буд. Акнун чӣ мешавад, номаълум,” –афзуд ин соҳибкор.

Масъулони бозори “Самоҳ”, ки номаш қаблан дар як гузориши таҳқиқотии OCCRP ҳамчун ҳамкори ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпояи Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд, аз суҳбат дар назди дурбин худдорӣ карданд. Онҳо нагуфтанд, ки дар ин сӯхтор чанд соҳибкор зарар дид.

Пайомади сӯхтор дар бозори "Самоҳ"-и Ҳисор
Пайомади сӯхтор дар бозори "Самоҳ"-и Ҳисор

"Пули инҳоро аз куҷо ёфта медиҳам?"

Танҳо як намояндаи бозор дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, бо соҳибкорон мулоқот карда, роҳҳои дубора сохтани бозорро машварат мекунанд.

Аксар соҳибкорони зарардида мегӯянд, аз бонк қарз гирифтаанд ва ҳамзамон молашон бима (суғурта) нашудааст. Ба гуфтаи соҳибкорон, дар ҳар яке аз ин дӯконҳо аз 100 то 400 ҳазор сомонӣ молу амвол буд.

"Нисфи маблағи ин борҳоро аз бонк қарз гирифта будам, мондагиашро аз "Корвон" қарз карда будам. Пули инҳоро аз куҷо ёфта медиҳам?" – суол гузошт як зани тоҷир дар бозори "Самоҳ".

Навор дар Инстаграм:

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби ин ҳодисаҳо шудааст. Тоҷирони осебдида борҳо шикоят карданд, ки ҳеч ниҳоде зарари расидаро ҷуброн накард ва тиҷораташон муфлис шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозори асосии Ҳисор оташ гирифтааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG