Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони бозори Ҷайҳун қариб 5 млн сомонӣ қарздор будаанд


Сӯхтор дар бозори Ҷайҳун
Сӯхтор дар бозори Ҷайҳун

Соҳибкорони бозори ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон, ки дар сӯхтори 1-уми июл молу амволашон зарар дид, аз бонкҳо қариб панҷ миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Фирдавс Самадзода, мудири шуъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Бохтар, 5-уми август гуфт, 185 соҳибкори бозори Ҷайҳун ба онҳо муроҷиат кардаанд ва масъалаи додани сабукӣ ба онҳо дар баррасист.

Самадзода дақиқ нагуфт, ки бонкҳо ба соҳибкорони қарздор чӣ сабукӣ медиҳанд. Пештар баъзе аз соҳибкорони бозори Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, молашон ба коми оташ рафт ва аз бонкҳо мехоҳанд, дар пардохти қарз муҳлати бештар диҳанд.

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун шаби 1 ба 2-юми июл рух дода, дар натиҷаи он 401 дӯкон пурра сӯхт.

Масъулони идораи оташнишонии вилояти Хатлон гуфта буданд 95 дар сади бозор ба коми оташ рафтааст. Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳам расидани сими барқро сабаби сар задани сӯхтор донист.

XS
SM
MD
LG