Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсори Сафӣ: “Шакурӣ охири Садри Зиё буд”


Маросими видоъ бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. 17-уми сентябри соли 2012
Маросими видоъ бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. 17-уми сентябри соли 2012

Маросими видоъ бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ҳавлии шафати манзили ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маросими видоъ бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ хеле хоксорона, аммо самимӣ буд. Зеро ихлосмандону донишмандон, шогирдону мақомот аз се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар он ширкат доштанд.

Ба гуфтаи наздикони марҳум Шакурӣ, сабаби дар як маросими хосу бузург доир накардани видоъ бо ӯ, васияти худи устод будааст. Онҳо гуфтанд, устод Шакурӣ хостааст, то маросими видоъ бо ӯ дар наздикии манзилаш бе дабдаба баргузор шавад.

Дар маросими видоъ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони бузургтарин донишманди тоҷик дар таърихи ду даҳсолаи ахири Тоҷикистон ном бурда шуд. Худоӣ Шарифов, донишманди тоҷик, гуфт, “устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар се бахши адабиёт ва таҳқиқи адабии тоҷик заҳмат кашидааст. Ҳамчунин дар ду даҳсолаи пеш аҳли зиёи тоҷик дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ талошҳое, ки доштанд дар саргаҳ он Муҳаммадҷон Шакурӣ меистод."

Академик Шакурӣ ба хок супорида шуд

Гулрухсори Сафӣ, шоираи саршиноси тоҷик, бадоҳатан дар маросими видоъ бо устод Шакурӣ, зиндагинома ва шахсияту заҳматҳои ӯро дар чанд мисраъ шеър ба ҳам овард: "Барои устод гуфтем, ки:

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ
Шакурӣ марди дил, марди Худо буд,
Сафири ишқу имону сафо буд.
Забони шамъи худафрӯзии мо,
Шакурӣ дар садоқат бебаҳо буд.
Шакурӣ охирин хунёгари кеш,
Зи пургӯёни камҳосил ҷудо буд,
Бухоро қудрати зодан надорад,
Шакурӣ охири Садри Зиё буд."


Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони як донишманд ва муҳаққиқи саршинос дар кишварҳоифорсизабони Афғонистону Эрон низ маъруф буд ва ба заҳматҳои ӯ дар роҳи рушди забони форсӣ ва хештаншиносӣ дар кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг арҷ мегузоштанд. Марҳум Шакурӣ дар соли 1996-ум ба унвони узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб гардид. Аз ин пештар, дар соли 2005-ум, ба унвони чеҳраи мондагор дар Эрон шинохта шуда буд.

Маросими видоъ бо Муҳаммадҷон Шакурӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим


Ин аст, аст, ки дар ин маросим сафирони Эрону Афғонистон номаи тасаллияти Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзайро ба унвони раисиҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хонаводаи марҳум ва мардуми Тоҷикистон расонданд. Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфт, "Муҳаммадҷон Шакурӣ дар муддати зиндагии пурбаракати хеш бештар аз 50 китобу садҳо мақола дар заминаи худшиносии миллӣ, забон ва бозёбии ҳуввияти милливу меҳанӣ ба риштаи таҳрир даровард."

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар як сӯҳбати нашрнашудаи ахири худ бо Радиои Озодӣ низ аз эҷодиёти худ мегуфт, ки низ ҷилваи худшиносии милли ӯ ва дифоъ аз ҳуввияти миллии тоҷикӣ буд: "Ба ҳар ҳол 47 китоби ман чоп шуд, 48-умаш чоп шуда истодааст, ҳамин рӯзҳо мебарояд аз чоп дар нашриёти «Адиб». Номи ин китоб «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷик» аст. Ин китоб дар бораи пантуркизм аст, зеро пантуркизм зарари бузурге барои халқи тоҷик овард, халқи тоҷикро аз беху реша нест карданӣ буданд."

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар он сӯҳбат мегуфт, мавзӯи чанд мақолаи дигаре дар мавзӯи хештаншиносии миллати тоҷик дар зеҳнаш ҳаст, аммо ҳоло маризӣ имкони рӯи коғаз оварданро намедиҳад. Мақолаҳое, ки шояд замони ранҷурии шадид аз маризӣ рӯи зеҳнаш навишта шуду бо хуни қалам рӯи коғаз нарехт. Ин матолиби нонавишта дар зеҳни ӯ наққошӣ шуду баъд аз зӯҳри 17-уми сенятбр бо ҷисми ӯ зери хоки сарди оромгоҳи "Лучоб"-и Душанбе рафт.
XS
SM
MD
LG