Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба хок супорида шуд


Масҷиди маҳаллаи "Калини"-и шаҳри Душанбе. 17-уми сентябри 2012
Масҷиди маҳаллаи "Калини"-и шаҳри Душанбе. 17-уми сентябри 2012

Донишманди саршиноси тоҷикро, ки субҳи якшанбе дар бемористони Сино даргузашт, дар Лучоб ба хок супориданд.

Намози ҷанозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар масҷиди маҳаллаи "Калинин"-и шаҳри Душанбе бо иштироки наздикону дӯстдорон, аҳли илм, рӯшанфикрон ва намояндагони мақомоту бархе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд. Пештар аз ин, дар наздикии хонаи устод Шакурӣ маросими видоъ бо ӯ сурат гирифт.

Дар ин маросим сафирони Афғонистону Эрон дар Тоҷикистон тасаллияти раҳбарони ин ду кишварро ба хонаводаи Муҳаммадҷон Шакурӣ расонданд.

Даргузашти устод Шакурӣ аҳли фарҳанг, адаб ва рӯшанфикрии Тоҷикистонро такон дод. Шоири Халқии Тоҷикистон, Мӯъмин Қаноат, даргузашти устод Шакуриро барои миллат "дардовар" хонд. Ӯ гуфт, "Муҳаммадҷон Шакурӣ бо одоб ва ахлоқаш аз ҳама фарқ дошт. Ҳам донишманд буд ва ҳам меҳрубон ва хонаводаашон ҳама аҳли фарҳанг буданд. Дар ҷараёни даҳ-дувоздаҳ соле, ки бо ҳам ҳамсоя будем, бо касе якаш ду нашуд. Аз назари ахлоқ, ахлоқашон ниҳоят баланд буд. Ахлоқи ӯ аз рӯи ирсият буд. Ирсияи Бухорои шариф аз аҳди Сомон то ахлоқи Садри Зиёву устод Айниву ҷадидон. Як нафар дар маҷмӯъ ҳамаи ин ахлоқро дошт."

Мӯъмин Қаноат устод Шакуриро аз ҷумлаи муҳаққиқони бисёр ҷиддӣ дар риштаи таърихи адабиёт, ҷадидон, маорифпарварон - онҳое, ки дар таҳаввулоти ҷомеаи Тоҷикистон хизматҳои шоистае карда буданд, унвон кард. Ба гуфтаи Мӯъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ то охирин нафасашон дастандаркор ва пажӯҳишгари ҳамин масъала буданд: "Дар ибтидо бештар дар мавриди фаълиятҳои падари бузургворашон менавиштанд ва баъдан мавзӯи пажӯҳишҳои ӯ фарохтар шуд ва дар доираи фарҳанги Хуросони бузург қарор гирифт. Китоби "Хуросон аст ин ҷо" посухе буд ба онҳое, ки ваҳдати ҷомеаи форсизабонро нодида мегирифтанд. Шакурӣ пайваста аз рӯи як низом ва система таҳқиқотҳои худро анҷом медоданд. Он кас ягона олиме буданд, ки ҳам дар Академияи улум, ҳам дар Иттиҳоди нависандагон ва ҳам анҷумани "Пайванд" барои эҳёи забони форсии тоҷикӣ талош мекарданд."



Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, устод Шакуриро шахсияти фавқулодда, беҳамто ва фаромиллие хонд, ки дар таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва фарҳанги тоҷикӣ ва кишварҳои ҳамзабон, нақши муассир ва бузург гузоштанд: "Имтиёз ва фазилати устод дар он буд, ки бо ин вуҷуд, ки синашон аз ҳаштод боло буд, вале ақли ҷавон доштанд. То охирин лаҳзаҳои ҳаёташон ба таҳиқиқу омӯзиши таърих машғул буданд. Аз ин хотир даргузашти эшон барои мардуми тоҷик ва мардумони кишварҳои форсизабон ва фарҳанги минтақа, як талафоти бузурге аст."

Аҳмадшоҳи Комилзода, дабири масъули ҷунбиши "Растохез" дар солҳои аввали даҳаи навад зимни ишора ба нақши устод Шакурӣ дар эҳёи андешаи миллӣ гуфт: “Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бо дарки масъулияти амиқи миллӣ ва ватандории худ ба созмони "Растохез" пайваста буд. Яке аз роҳбарони он буд. Ӯ раҳбарии кумиссюнҳои таҳияи бисёре аз барномаҳои ин созмонро бар ӯҳда дошт. Аз ҷумла кумиссюнеро, ки тарҳи Консепсияи мактаби нави миллиро таҳия мекард, ба ӯҳда дошт. Ҳузури ӯ барои ҷунбиши миллӣ хеле муҳим буд ва ӯ ҳам аз ҷойгоҳи хосе дар ин созмон ва умуман ҳаракати миллӣ бархӯрдор буд ва ин ҷойгоҳ мондагор аст.”

Донишманди саршиноси тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ субҳи якшанбе, 16-уми сентябр, дар синни ҳаштоду ҳафтсолагӣ даргузашт. Академик Шакурӣ аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористони Ибни Синои Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошт. Бемористони Ибни Синои пойтахт рӯзи якшанбе, 16-уми сентябр, тайи як изҳороти расмӣ эълон кард, ки "Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз бемории тӯлонӣ соати 3:47 дақиқаи субҳи якшанбеи 16-сентябр дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар синни ҳаштоду ҳафтсолагӣ вафот кард. Устод Шакурӣ бо ташхиси саратони ғадуди простата бо метазтаза ба устухонҳои кос ва сутунмӯҳра ва аворизи мухталифи ин беморӣ, дар таърихи 5-уми сентябри соли 2012 дар ин бемористон бистарӣ шуда ва аз соати 17-и рӯзи 14-уми сентябр дар ҳолати кома ва дар зери дастгоҳи маснуии танаффус қарор дошт."

Устод Шакурӣ, ки 87 сол дошт, бештар аз дарди гурда ранҷ кашида, барои муолиҷа ба Эрону Бритониё низ сафар карда буд. Ӯ тақрибан моҳе пештар аз муолиҷаву дармон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе баргашта буд.



Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925-ум дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945-ум хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз бахшидааст.

Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филология дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG