Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Шакурӣ бояд унвони Қаҳрамони миллӣ дода шавад


Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар манзилаш, моҳи марти соли 2010
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар манзилаш, моҳи марти соли 2010

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ абармарди ангуштшумори миллат ва идомадиҳандаи кору пайкор ва шогирди устод Садриддин Айнӣ ҳастанд.

"Чеҳраи мондагори Эрон" дониста шудани ин донишманди бузург барои мо ифтихори бузург аст.

Зеро ном ва кори устод, мо - тоҷиконро ба бародарони эронӣ, ки дар бораи мо огоҳии кам доранд, аз наздик ошно кард ва онҳо аз сӯи дигар бо ин арҷгузории хеш аз устод Шакурӣ гоми пурарзише барои ягонагӣ ва пайванди ҷовидонии мардуми форсизабон гузоштанд.
Месазад, ки ба Устод Шакурӣ номи олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад ва устод Лоиқ низ арзандаи ин ном ҳастанд...


Вожаи "чеҳраи мондагор" чӣ гунае, ки дар фарҳангҳои форсӣ ва форсии тоҷикӣ омадааст, ба маънии чеҳраи монданӣ, безавол ва ҷовидонӣ аст, яъне устоди гиромии мо дар Эрон чеҳраи ҷовидонӣ дониста шуданд ва номи эшон дар феҳристи номвартарин донишмандон ва нухбагон навишта шуд.

Модоме, ки Эрон аз устод Шакурӣ чунин арҷ мегузорад, кишвари азизамон низ бояд дар чунин арҷгузорӣ аз фарзандони барӯмандаш, ки ифтихори тамоми мардуми эрониасл гардидаанд, набояд аз Эрон кам биёяд.
Аз ин нигоҳ, месазад, ки ба Устод Шакурӣ номи олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад ва устод Лоиқ низ арзандаи ин ном ҳастанд.

Зеро ҳамроҳ будани эшон дар омода кардани фарҳанги бузурги забони тоҷикӣ баёнгари кори бузурги эшон аст.

Дар он ҳангом кори бузурги омодакунандагони ин фарҳанг, ки дар Эрон ҳам чун навиштаи пурарзиш дониста шудааст, аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ арҷгузорӣ нашуд. Онҳо бо "гуноҳ"-и ин ки вожаи "рус"-ро пурхӯру шикампарвар ва чашмгуруснаву ҳарис баён кардаанд, аз ҷоизаи Давлатии ба номи Рӯдакӣ маҳрум монданд.

Акнун ҳукумати Тоҷикистон бояд чун арзи арҷ ба кори бузурги устод Шакурӣ ва дигар омодакунандагони фарҳанги забони тоҷикӣ, ки танҳо аз байнашон устод мондаанд, бояд он хатои хешро ҷуброн кунад ва ҳамчунин бо назардошти бузургтарин корҳои устод дар дарозои беш аз 60 сол ба эшон ин унвонро арзонӣ дорад.

Дар дигар кишварҳои Осиёи марказӣ - Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистону Қирғизистон даҳҳо нафар одамони номдори кишварашон дар зиндагӣ номи Қаҳрамони кишварашонро гирифтаанд. Ҳатто чи гунае, ки фиристодаи Узбакистон дар Тоҷикистон гуфта буд, дар ин кишвар ду тоҷик Қаҳрамони Узбакистон шудааст.

Аз ин нигоҳ, агар ин унвон ба Устод дода шавад, чунин гуфтае, ки гӯиё номи қаҳрамонӣ дар Тоҷикистон бештар ба гузаштагон дода мешавад, низ аз байн меравад. Устод ба ин ном арзандатарини арзандаҳостанд ва имрӯз дар Тоҷикистон монанди устод Шакурӣ касе нест, ки баробарашон барои ин обу хок ва мардуми тоҷику форсизабон хидмат карда бошад.

Чунин гоми неки ҳукумат ба Устод ҳам нерӯи бузурге мебахшиду ҳам ба омӯзишу парвариши ҳазорон ҳазор ҷавонони бедори миллат ва меҳанпарасти тоҷик кӯмак мекард.
Далер, хонандаи сомонаи "Озодӣ"
XS
SM
MD
LG