Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ. ВИДЕО


Дар як гӯшаи бозори ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар вилояти Хатлон сӯхтор шудааст.

Корбарон бо фиристодани чанд навор гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр рӯй дод.

Дар наворҳо дидан мумкин аст, ки дуд як қисми бозорро печондаасту баъзе аз тоҷирон ба кӯчондани бор машғуланд ва бархе об мепошанд.

“Бозор аз ду табақа иборат аст. Дар ошёнаи аввал хӯрокворӣ мефурӯшанд ва дар ошёнаи дувум либосу ҷиҳози рӯзгор. Сӯхтор аз табақаи аввал сар зад,” – гуфт яке аз сокинон.

Маълумоти расмӣ дар бораи сӯхтор ва хисороти расида ҳанӯз дастрас нест.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ задани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG