Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби сӯхтор дар бозори Бохтарро гуфтанд. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтарро эълон кард. Бозор шаби 1-уми июн оташ гирифт ва дар натиҷа 12 нафар осеб дида, соҳибкорони зиёде пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.

Вазорат шоми 2-юми июн гуфт, сӯхтор ба далели "расиши кӯтоҳи ноқилӽо дар яке аз ошхонаҳои бозор" сар задааст. Қаблан баъзе аз шоҳидон фарзияи "оташ гирифтани балонҳои гази моеъ"-ро гуфта буданд. Айни замон Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ҳодисаро "пурра санҷиш мекунанд".

Мақомоти шаҳри Бохтар гуфтанд, барои рафъи оқибатҳои сӯхтор ситоди махсус бо раҳбарии муовини раиси вилоят таъсис дода шудааст.

Ончи соҳибкоронро нигарон кардааст, ҷуброни зарари расида ба онҳост. Тоҷирон рӯзи 2-юми июн дар назди дари бозор ҷамъ омаданд, то хабаре аз молу дӯконҳои худ бигиранд. Мақомот ба касе иҷоза намедоданд, ба дохили бозор бираванд.

Дар видеоҳо дида мешавад, ки тамоми молу пули баъзе аз соҳибкорон сӯхтаву нобуд шудааст. Шоҳидон мегӯянд, оташ дӯкону растаҳои зиёдеро аз байн бурд.

Бозори “Фаровон” дар маркази Бохтар бори аввал нест, ки оташ мегирад. Дар гузашта ҳам ин бозор ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои амниятӣ як дафъа сӯхт ва садҳо соҳибкору тоҷир зиён дидаву муфлис шуданд.

Ҳоло ҳам ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки соҳибкорону тоҷирон бо мушкилоту қарзҳое, ки барои тиҷорат гирифтаанд, танҳо мемонанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ситод сабаби сӯхтор ва зиёни тоҷирони бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтарро ҳисоб мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG