Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаффоф нест." Тоҷикистон кадом бахши буҷаро пинҳон медорад?

Пули миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Пули миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

“Бо вуҷуди нашр кардани нуктаҳои асосии буҷаи давлатӣ дар Интернет, Тоҷикистон натавонистааст ба меъёрҳои ҳадди ақали байнулмилалӣ дар заминаи шаффофияти молӣ ҷавобгӯ бошад.” Ин хулосаи гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи шаффофияти молӣ дар идораҳои давлатии 140 кишварҳои дунёст. Гузориш 11-уми август нашр шуд.

“Норасоии ҷиддӣ”

Тоҷикистон дар ин гузориш дар миёни 67 кишвари арзёбишуда аст, ки ба талаботи ҳадди ақали шаффофияти молӣ ҷавобгӯ набуданд. Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон чанд сол боз тарҳ ё буҷаҳои тасвибшудаи давлатиро нашр ва дастраси умум мекунад, аммо муаллифони гузориши амрикоӣ чанд норасоии ҷиддиро дар низоми мудирияти молии кишвар ошкор кардаанд.

Бар асоси ин арзёбӣ, санадҳои буҷаи давлатии Тоҷикистон манбаъҳои даромадро пурра инъикос намекунанд, ҳисобҳои муҳими ғайрибуҷавиро пинҳон медоранд ва мувофиқ ба усулҳои пазируфташудаи байналмилалии муҳосиба таҳия нашудаанд.

Зимнан, чунин танқид дар хулосаи аудитории Палатаи ҳисоб нисбат ба гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷаи давлатӣ дар соли 2024 низ ҳаст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Ҳисобот... бо як қатор камбудию норасоиҳо таҳия карда шудааст. Қисми даромади он танҳо дар шакли гурӯҳбандӣ, аз рӯйи воридоти андозию ғайриандозӣ таҳия шуда, шаффофият ва мукаммалии онро таъмин намекунад.”

Айни замон дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, ки ниҳоди аудит ё арзёбии муҳосиботи идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, яъне Палатаи ҳисоб худаш мустақил нест. Дар гузориш омадааст: “Ниҳоди олии аудити Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалии мустақилӣ ҷавобгӯ нест ва гузоришҳои он ҳеч гуна хулосаҳои амиқу муҳимро фаро намегиранд.”

Наворро дар инҷо бинед:

Арзёбии нав: “Тоҷикистон буҷаи ношаффоф дорад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, норӯшаниҳо дар робита ба қарзҳои давлатӣ зиёданд, аз ҷумла ҳукумат дар бораи қарзҳои ширкатҳои азими давлатӣ ба мисли “Барқи Тоҷик” иттилооти маҳдуд пешниҳод мекунад ва шарту шароити гирифтани қарзҳои хориҷиро ҳам пинҳон медорад. Масъалаи шаффофият дар худи ин корхонаҳо солҳост, ки аз тарафи муассисаҳои байналмилалии молӣ матраҳ мешавад ва аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул хостааст, ки ин корхонаҳои азими давлатӣ бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аудит шаванд.

Сарвар Қурбониён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, моҳи апрели имсол зимни як суханронӣ гуфт, кор дар ин самт беҳтар шудааст. Ӯ афзуд: “Ҷиҳати ба роҳ мондани мониторинги фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ... ва ҷамъиятҳое, ки сaҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, айни замон аз 77 корхонаи азими давлатӣ 32 корхона ё 42,0 фоизи онҳо хулосаи аудити ҳатмии берунаро барои соли 2024 (бо ҷалби ширкатҳои аудитории бонуфузи байналмилалӣ) тибқи талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ гузаронида, унвони Вазорати молия пешниҳод намудаанд.”

Аз харҷи ниҳодҳои амниятӣ то истихроҷи маъдан

Як танқиди дигар аз он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон хароҷотро барои ниҳодҳои амниятӣ эълон намекунад ва маблағгузориҳои онҳоро аз санадҳои умумӣ берун кардааст, ҳарчанд ин масъала дар порлумон ошкоро баррасӣ мешавад.

Бахши дигари арзёбии муаллифони гузориш дар робита ба шаффофият дар соҳаи истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳои сердаромад аст, ки ҳукумат бисёре аз иҷозаномаҳои онро ба ширкатҳои чинӣ додааст. Муаллифони гузориш гуфтаанд: “Ҳарчанд меъёрҳои додани ҳаққи истихроҷи маъданҳои табиӣ дар қонунгузории Тоҷикистон мавҷуданд, аммо ба назар мерасад, ки мақомот онҳоро риоя намекунанд ва иттилои асосиро дар бораи иҷозаномаҳои истихроҷи маъдан нашр накардаанд.”

Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи маъданҳои табиии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд ва фақат ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд.

Моҳи майи имсол як созмони мустақил бо номи Анҷумани Байналмилалии Буҷа дар “Арзёбии Буҷаи Боз дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2025” гуфт, ки Тоҷикистон аз 100 имтиёзи лозим 47 имтиёз ба даст овардааст, ки дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар аст. Дар як посухи катбӣ дар ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд: “Тоҷикистон аз назари шаффофият дар буҷа пешравии чашмгире кардааст. Имтиёзи он аз 33 дар соли 2023 ба 47 имтиёз дар соли 2025 расидааст. Ҳукумат тарҳи буҷаро нашр мекунад, иттилоот дар бораи ҳаҷми қарзҳо барои оянда ва қарзи умумии кишварро ифшо мекунад. Бо вуҷуди ин имтиёзи Тоҷикистон поинтар аз 61 аст ва ба ин маънист, ки иттилое, ки ҳукумат нашр мекунад, барои баҳсу огаҳии ҷомеа кофӣ нест.”

Ҳамзамон, ба гуфтаи ин созмон, мушкилот ҳамчунон вуҷуд доранд, зеро иттилои муҳими буҷаи Тоҷикистон нашр намешавад ва ҳукумат хатароти молӣ ва қарзҳоро пинҳон медорад, ки донистани он барои сармоягузорони эҳтимолӣ бисёр муҳим аст.

Дар посухи Анҷумани Байналмилалии Буҷа ба Радиои Озодӣ омадааст: “Агарчӣ Тоҷикистон дар бораи буҷа иттилооти бештар нашр мекунад, вале ҷомеа ва дигар саҳомон, хатароти комили молиро барои ҳукумат арзёбӣ карда наметавонанд.”

Дастраcии мардум ба омор ва иттилои пурра дар бораи сарфу харҷи пули буҷаи давлатӣ яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи демократист. Мардуми ҳар кишвар мудирияти пули буҷаи ватани худро ба дасти ҳукумат месупорад ва ҳамзамон ин ҳақро дорад, ки аз ҳукумат дастрасии пурра ба иттилоот дар бораи даромаду хароҷоти буҷаи давлатиро талаб кунад.

Аз ин рӯ, дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои расидан ба меъёрҳои байналмилалии шаффофияти буҷаи давлатӣ, тамоми сарчашмаҳои даромадҳои ҳукумат, ӯҳдадориҳои қарзӣ ва ҳисобҳои ғайрбуҷавиро ошкор кунад. Тамоми хароҷоти буҷаро бояд як ниҳоди мустақил арзёбӣ ва ё муҳосиба намояд, дар додани иҷозаномаҳо барои истихроҷи маъданҳои табиӣ шаффоф бошад ва онҳоро пинҳон надорад.

Вазорати умури хориҷии Амрико гузоришро дар бораи шаффофият ва ҳам фазои сармоягузории кишварҳои ҷаҳон бо ҳадафи нишон додани фазо ба худи ширкатҳои амрикоӣ нашр мекунад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG