Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фонди захиравии президенти Тоҷикистон: Маблағ барои "рӯзи сиёҳ" ё боло бурдани имиҷ?


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми тақдими туҳфаҳо ба ятимони кул. Шаҳри Хуҷанд, моҳи апрели 2021
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми тақдими туҳфаҳо ба ятимони кул. Шаҳри Хуҷанд, моҳи апрели 2021

Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷаи кишвар ташкил шудааст, ба гуфтаи коршиносони мустақил, аксаран ба сифати пешбарии имиҷи роҳбари давлат истифода мешавад. Намояндагони ҳукумат фондро ба ҳайси имконият барои ҳаллу фасли масъалаҳо таъҷилӣ ном мебаранд.

Танҳо барои баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз ҳисоби Фонди захиравии президент беш аз 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 22-юми апрел хабар дод.

Лозим нест, ки ҳар чанд вақт ба ятимон тӯҳфаҳо тақдим карда шавад, балки зарур аст зиндагии лозим муҳайё гардад. Президент бо амалҳои худ воқеан эътироф мекунад, ки дар бисёре аз муассисаҳо пул ба миқдори кофӣ ҷудо карда намешавад.
Хайрулло Мирсаидов

Ин яке аз маъракаҳое аст, ки онро Фонди захиравии президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Манбае, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ташаккул меёбад, аммо дар ихтиёри президент аст ва аз ҷониби ҷомеа назорат намешавад.

Ҳангоми сафари президент ба минтақаҳо, аксар вақт дар хабарҳо дида мешавад, ки президент дар бораи ҷудо кардани маблағ аз фонди худ барои ҳалли мушкилоти мушаххасе қарор содир кардааст. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо онҳо зикр намекунанд, ки фонди мазкур аз ҳисоби кадом маблағҳо ташкил шудааст.

Фонд аз ҳисоби мардум

Ҳаҷми Фонди захиравии сарвари Тоҷикистон дар буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2021 404 миллион сомонӣ (беш аз 38 миллион доллар) муқаррар карда шудааст. Ин нисбат ба ҳаҷми маблағгузории Фонд дар соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Фонд вазифаҳои як фонди эътидолиро иҷро мекунад, аз ин ҷо маблағҳо барои эҳтиёҷҳои аввал, аз ҷумла барои корҳои хайрия равона карда мешаванд.

Тибқи қонун "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", фонди захиравии президент ба андозаи 2 фоизи даромади буҷаи давлат муқаррар карда шудааст ва ин маблағҳо бо фармони роҳбари давлат сарф карда мешаванд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Коршиносони мустақил ва нозирони умур таъкид мекунанд, ки ин фонд барои боло бурдани имҷи сардори давлат нақш бозӣ мекунад. "Воқеан, вақте ки аҳли ҷомеа мешунавад, ки президент аз фонди худ маблағҳое медиҳад, бисёриҳо гумон мекунанд, ин аз ҷайби ӯст. Бозтоби расонаии ин кор ин таъсирро дучанд мекунад", -- мегӯяд рӯзноманигор Марат Мамадшоев.

Ба қавли ӯ, ҳатто агар чунин маблағҳо дар кишварҳои пешрафта мавҷуд бошанд ҳам, мухолифон ба президент иҷозат намедиҳанд, ки бо пули буҷа барои худ имиҷ бисозад.

Буҷаи берун аз назорат

Ҳамчунин аз фонди захиравӣ, аксаран, маблағҳо дар шароити ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ғайриинтизорӣ истифода мешавад. Масалан, моҳи майи соли гузашта, дар шароити паҳн шудани коронавирус дар кишвар, аз фонди захиравии президент барои пардохтҳои иловагӣ ба маоши табибон 12,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ғайр аз ин, ин фонд аксар вақт барои пас аз офатҳои табиӣ барқарор кардани иншоот, дастгирии оилаҳои камбизоат, тӯҳфа ба ин гуна афрод ва ҳалли мушкилоти онҳое, ки бевосита ба президент ҳангоми суҳбатҳо муроҷиат мекунанд, маблағ ҷудо мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Вакили палатаи поёнии порлумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, фондро президент назорат мекунад ва ба порлумон ҳисобот намедиҳад. "Президент ба ҷойҳои гуногун меравад, ба одамон кумак мекунад. Вақте мушкилот аз маблағгузорӣ оғоз меёбад, президент мебинад, ки мақомоти иҷроия дуруст кор накардааст ва ҳақ дорад, масъаларо дар ҷояш ҳал кунад ва ба порлумон ҳисобот надиҳад", - шарҳ дод Усмонзода.

Аммо набудани шаффофият суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Хусусан дар шароите, ки кишвар қариб ҳар сол бо касри буҷа рӯ ба рӯ мешавад.

Танҳо дар соли гузашта, буҷаи кишвар тақрибан 39 миллион доллар камомад дошт. Тақрибан ҳамин қадар маблағ ба фонди захиравии президент ворез шуд.

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон дар як гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, хароҷоти ин фонд махфӣ нестанд ва онҳоро қонун "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" танзим мекунад. Аммо на қонуни дар боло зикршуда ва на дар вебсайти президент дар бораи дахлу харҷи фонд чизе гуфта нашудааст.

"Манзараи сунъӣ"

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик

Рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов ба ин назар аст, ки ҳоҷат ба ҷамъоварии маблағҳои калон дар ихтиёри президент нест. "Лозим нест, ки ҳар чанд вақт ба ятимон тӯҳфаҳо тақдим карда шавад, балки зарур аст зиндагии лозим муҳайё шавад. Бо амалҳои худ президент воқеан эътироф мекунад, ки дар бисёре аз муассисаҳо пул ба миқдори кофӣ ҷудо карда намешавад. Маъмурияти ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд мушкилотро дар маҳал ҳал кунанд, на президент ҳангоми сафарҳову пас аз шикояти шаҳрвандон", - таъкид мекунад Мирсаидов.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот ба таври сунъӣ манзараеро меофаранд, ки дар он президент хуб ва атрофиёнаш бад ҳастанд.

Даромади умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷаи имсола 1,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Коршиносони маҳаллӣ боварӣ доранд, ки дар шароити баста мондани марзҳо бо сабаби пандемия, иҷроӣ шудани буҷа кори душвор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG