Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноогоҳӣ ё бетафовутӣ - чаро дар Тоҷикистон аҳолӣ аз будҷа намепурсад?


Коршиносон бар ин назаранд, ки аҳолии Тоҷикистон то кунун одат надоранд ба дунболи маблағҳои будҷа бошанд ва аз мақомот дар бораи он бипурсанд.

"Деҳаи моро президент бунёд кард"

Назаралӣ - бошандаи маҳаллаи Раҳмонободи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ аст. Ин маҳалла баъди селхезии тобистони соли 2016 бунёд шуд ва бар асоси қарори ҳукумат ва дархости бошандагони маҳаллӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шуд. Ин ҷо баъди ҳодисаи табиӣ бештар аз 80 хонаводаи зарардида соҳиби хонаҳои наве шуданд, ки аз ҳисоби ҳукумат сохта шуданд.

"Дар мо чунин меҳисобанд, ки тамоми будҷа марбути мансабдорон аст ва онҳо ҳаққ доранд чӣ тавре, ки мехоҳанд ин маблағҳоро дар ихтиёр дошта бошанд",-мегӯяд рӯзноманигор Марат Мамадшоев.

Ин сокини Барсем мегӯяд, баъд аз он, ки маҳаллаи онҳо комилан хароб шуд, президент барои онҳо хона сохт ва хонаҳоро бо тамоми лавозим муҷаҳҳаз кард, ҳатто барои онҳо захираи хӯрокворӣ барои як соли ояндаро низ дод ва аз ин хотир, тасмим гирифтанд, ки ба маҳалла номи ӯро бигузоранд.

Вай дақиқ намедонад, ки ин хонаҳоро президент аз ҳисоби шахсияш сохтааст ё аз ҳисоби буҷаи давлат, вале мегӯяд, ки ҳангоми тақдим кардани калидҳо гуфтанд, ки ин ҳамаро барои онҳо президент кардааст.

Деҳаи Барсем дар тобистони соли 2016 шоҳиди обхезӣ буд.
Деҳаи Барсем дар тобистони соли 2016 шоҳиди обхезӣ буд.

Назаралӣ танҳо шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки чунин фикр мекунад ва тақрибан мӯътақид аст, ки хароҷоти ҳамаи иншоотеро, ки президент ифтитоҳ мекунад ва хайрҳои намоишиеро, ки ба ниёзмандон медиҳанд, ҳама аз ҳисоби шахсии сардори давлат аст. Ба гуфтаи коршиносон, бештари аҳолӣ дар мавриди будҷаи давлат саводи лозимро надоранд ва ҳатто алоқаманд нестанд, ки андози супурдаи онҳо куҷо мешавад ва будҷаи давлат аз чӣ иборат аст.

65 дарсади будҷаро андоз ташкил медиҳад

Қисми бартари будҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозсупорандагон таркиб меёбад. Соли 2018 андозҳои ворида ба будҷаи кишвар 65% ҳаҷми умумии он (23,3 млрд. сомонӣ)-ро ташкил додаанд. Қисми боқимонда аз ҳисоби воридоти ғайримолиётӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағҳои ниҳодҳои буҷавӣ, такмил шудааст.

​Ба ҷуз ин, соли гузашта ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда афзоиш дода шуд. Дар натиҷа давлат барои пуштибонии будҷа ба ёриҳову грантҳои берунӣ ниёз пайдо накард.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи январи соли 2019 нашр шуд, гуфта мешавад, ки камомади будҷа аз ҳисоби ҷарима ва пеняҳое, ки ҳангоми санҷиши тоҷирон ҷамъоварӣ шуданд, ҷуброн карда шуд. Яъне, агар ба забони соддатар бигӯем, қисми бештари хазинаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои шаҳрвандон пурра гардонида шуд, ки онҳо аз ҷайби худ ба сифати андоз пардохтаанд.

Вале, мисле таҷриба нишон медиҳад, аҳолӣ аз масрафи пулҳои худ - маблағҳои будҷавӣ чандон алоқамандӣ донистан нестанд, мисле ки ин дар кишварҳои рушдёфта пазируфта шуда аст ва он ҷо ҳангоми хурдтарин иштибоҳи мансабдорон ба ёдашон мерасонанд, ки онҳо аз ҳисоби андозсупорандагон зиндагӣ мекунанд.

"Ин ба табиати раҳбарии давлат марбут аст"

Коршиноси масоили иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, "чунин рӯйкард, ба назари ман марбут ба табиати мудирияти давлат дар ҷумҳурӣ вобаста аст. Расонаҳои Тоҷикистон, ба ҷуз чанд расонаи мустақил консепсияи як шахсияти муқаддаси хос дар тақсими маблағҳо ба мансабдоронро тарғиб мекунанд, вале ҳеч кас суол намегузорад, ки гузоришҳо фарогири тамоми ҷузъиёт будҷаи ҷумҳурявӣ ва будҷаҳои маҳаллӣ барои аҳолӣ куҷоянд".

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат барои боло бурдани эътимоди аҳолӣ, бояд ба таври давраӣ гузоришҳои фарогири тамоми ҷузъиёти марбут ба даромаду хароҷоти буҷаро нашр кунад.

Қисмати бештари будҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозсупорандагон аст.
Қисмати бештари будҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозсупорандагон аст.

Гузоришии умумӣ, бидуни ҷузъиёти хос, бар асосии моддаҳои аслии хароҷоти будҷаи Тоҷикистон ҳамасола нашр мешавад. Бо вуҷуди ин, тибқи Шохиси байналмилалии шаффофияти будҷа дар соли 2017, кишвар танҳо 30 хол аз 100 холи имконпазирро дарёфт кардааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми маълумот дар мавриди будҷа бештар мешавад

Дар гузориш ишора шудааст, ки дар маҷмӯъ мизони иттилооти будҷаи ироашуда дар гузоришҳои кунунӣ афзоиш ёфтааст, вале дастрасии умумӣ ба гузоришҳои ҳисобрасӣ (аудиторӣ) ироа нашудааст, гузориши нимсола таҳия нашудааст ва пешниҳодҳои будҷаии ҳокимияти иҷроия танҳо бо дар бар гирифтани маълумоти камтарин нашр шудаанд.

"Ёрӣ аз ҳисоби фонди захиравии президент"

Дар расонаҳои давлатӣ маълумоти хеле зиёде дар мавриди расонидани ёрӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ё шахсони алоҳида аз ҳисоби фонди захиравии президент нашр мешавад. Маъмулан инро ҳамчун ҳадя аз ҷониби сардори давлат қаламдод мекунанд. Вале Фонди захиравии президент ҳам солона маблағи муайяне аз буҷаи кишвар дарёфт мекунад.

Барои мисол дар соли 2019 тасмим гирифта шудааст, ки ба ин фонд ҳудуди 350 млн. сомонӣ ворез шавад. Ба ҷуз ин дар Тоҷикистон тибқи қонун "Дар бораи молияи давлатӣ" баъди қатъи салоҳиятҳои раисҷумҳури барҳол Бунёди Пешвои миллат таъсис дода мешавад, ки солона 0,2% ҳаҷми умумии будҷаи давлатӣ ба он ворез мешавад.

Пулҳо барои корҳои хайриявӣ нигаронида шудаанд, вале тартиби харҷи онҳоро худи Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

"Қисми зиёди аҳолӣ аз ҳисоби будҷа зиндагӣ намекунанд"

Марат Мамадшоев.
Марат Мамадшоев.

Рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, "барои бештари аҳолӣ, ба ҷуз қишри хурди зиёиён, масълаҳои будҷа чандон мавриди таваҷҷӯҳ нестанд. Дар мо чунин меҳисобанд, ки тамоми будҷа марбути мансабдорон аст ва онҳо ҳаққ доранд чӣ тавре, ки мехоҳанд ин маблағҳоро ихтиёрдорӣ кунанд".

Ӯ тахмин мезанад, ки далели ин мумкин аст саводи пасти аҳолӣ ва ин воқеият бошад, ки аксари аҳолӣ аз будҷа маблағи қобили мулоҳизае дарёф намекунанд. "Барои онҳо будҷа кадом як мафҳуми мавҳум аст. Онҳо пулро барои зиндагӣ аз муҳоҷирон, аз корҳое дар кадом як ташкилоти хориҷӣ, дарёфт мекунанд, дар ҳоле, ки фарзи мисол нафақа, ки аз будҷа дода мешавад, ба таври бисёр ночиз ҷудо мешавад"-, мегӯяд Мамадшоев.

Аммо, бояд гуфт, ки будҷаи Тоҷикистон то кунун таъиноти иҷтимоии худро ҳифз кардааст ва бештари хароҷот барои ниёзҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Дар будҷаи соли 2019 18,5 дарсад (4,4 млрд. сомонӣ) барои маориф, бештар аз 4 дарсад (1,7 млрд. сомонӣ) барои тандурустӣ, 15,6 дарсад (3,7 млрд. сомонӣ) барои бима ва ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

"Ҷомеа ба вақт зарурат дорад"

Шаҳло Акобирова, раиси Созмони ҷамъиятии "Хома", ки ба омӯзиши шеваҳои дурусти инъикоси масъалаҳои мудирияти молиявӣ барои рӯзноманигорон низ сару кор мегирад, мегӯяд, ки "назорати тақсимоти маблағҳои будҷавӣ яке аз василаҳои муассири мубориза бо фасоди молиявӣ аст.

Шаҳло Акобирова, раиси Созмони ҷамъиятии "Хома".
Шаҳло Акобирова, раиси Созмони ҷамъиятии "Хома".

Ба гуфтаи Шаҳло Акобирова, аммо ба ин нигоҳ накарда, ислоҳот дар ин самт бисёр ба кундӣ роҳандозӣ мешавад. Раиси созмони "Хома" мегӯяд, мансабдорон ҳамеша ба шаффофияти масоили будҷа манфиатдор нестанд ва дар натиҷа дастрасии рӯзноманигоронро ба маълумоти саҳеҳ маҳдуд мекунанд.

Акобирова бовар дорад, шаҳрвандон аксаран ба далели ин воқеият, ки рӯзноманигорон ҳамеша абзори лозим барои инъикоси чунин рӯйдодҳоро надоранд, аксари иттилооти марбут ба будҷаро нодуруст дарёфт мекунанд. "Ҷомеа ба вақт ниёз дорад, то ба ин дарк бирасад, ки дар мавриди рақамҳо ва додаҳо бояд ошкоро сӯҳбат кард",- мегӯяд коршинос.

Рӯз то рӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавриди мансабдорони давлатӣ суолҳо пайдо мешавад, ки чӣ гуна бо маоши ночиз онҳо бо ҳазорон доллар барои худ мошинҳои гаронарзиш мехаранд ва хонаҳои бузурге месозанд. Маъмулан посухи пурра ба ин гуна суолҳо дода намешавад.

Аммо, тавзеҳот ба ин гуна пурсишҳоро тавассути радабандиҳои байналмилалӣ метавон пайдо кард. Соли 2018 тибқи шохиси дарки фасод, ки аз сӯйи Ҳаракати байналмилалии зидди фасод тартиб дода шуда буд, кишвар мақоми 152-юмро дар миёни 180 кишвар баробар бо Никарагуа, Мадагаскар, Камерун ва Озарбойҷон соҳиб шуд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки саводнокии марбут ба будҷа метавонад ба таври назаррас ба поин шудани сатҳи фасод дар ҷумҳурӣ таъсир бигузорад, вале барои ин босаводгардонии густардаи аҳолӣ ва ҷанбаҳои амалии он зарур аст.

То кунун аз ҳукумат гузоришро танҳо созмонҳои байналмилалӣ ва кӯмакрасон талаб мекунанд, на шаҳрвандони худи кишвар, ки маблағҳои ворезкардаи онҳо ба маротиб бештар аз ёрии хориҷиест, ки барои дастгирии будҷа ихтисос дода мешаванд.

Тибқи санадҳои расмӣ, ҳаҷми умумии будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 бештар аз 23 миллиарду 774 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст, ки 2,8 миллиард сомонӣ бештар аз будҷаи соли гузашта аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG