Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт дигарбора аз 100 доллар болотар рафт

Киштии нафткаше дар наздикии соҳилҳои Ироқ
Киштии нафткаше дар наздикии соҳилҳои Ироқ

Рӯзи 9-уми сентябр, дар пайи авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна ва идомаи ҳамлаҳои мутақобила миёни Эрону Иёлоти Муттаҳида, қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз марзи 100 доллар гузашт.

Хабаргузории «Ройтерз», субҳи имрӯз навишт, ки дар бозорҳои аврупоӣ нархи як бӯшка нафти хоми «Brent» 2,2 дар сад боло рафт ва барои ҳар бӯшка ба 100,07 доллар расид. Ҳамзамон, нархи нафти амрикоии «West Texas Intermediate» низ 1,8 дар сад афзоиш ёфта барои ҳар бӯшка 94,73 долларро ташкил дод. Ин баландтарин қимати нафти «Brent» аз 24-уми июл аст. Дар он замон қимати нафт аз 100 доллар гузашта буд.

Дар пайи шиддат гирифтани танишҳо дар минтақа ва хатари қатъи содироти он аз Ховари Миёна дар рӯзҳои ахир нархи нафт ба таври назаррас афзоиш ёфт. Рӯзи 8-уми сентябр нирӯҳои ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар Яман ба чанд шаҳр ва иншооти нафтӣ дар ҷануби Арабистони Саудӣ ҳамла карданд. Баъзе аз корхонаҳои коркарди нафт ва иншооти дигари нафтӣ оташ гирифтанд ва корашон муваққатан қатъ шуд.

Ин ҳамлаҳо нигарониҳоро дар мавриди монеаҳои нав дар роҳи интиқоли нафт аз тариқи Баҳри Сурх бештар кардааст. Ин дар ҳолест, ки даргириҳои Амрикову Эрон сабаби коҳиши сахти интиқоли нафт аз тариқи Тангии Ҳурмуз шудааст. Амрикову Эрон ҳамлаҳо ба якдигарро рӯзҳои гузашта зиёд карданд. Вашингтон аз нобуд кардани панҷ киштии нафткаши Эрон хабар дод ва Теҳрон дар посух ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун бо мушак ҳамла кард. Ҳамчунин аз ҳамла ба киштиҳои ҷангии амрикоӣ ва дигар киштиҳо хабар дод.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки нерӯҳои кишвар киштиҳои нафткаши эронии «Кавиз», «Чорманор», «Ҳорайзон-1» ва «Риеско»-ро дар Халиҷи Умон ва киштии «Дарё»-ро дар наздикии ҷазираи Харги Эрон нобуд кард.

Ба гуфтаи фармондеҳӣ, ин киштиҳо ба як шабакаи чандмиллиарддолларии нафти Эрон тааллуқ доштанд, ки ба иддаои амрикоиҳо, пули Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва муттаҳидони минтақавии онро таъмин мекард. Пеш аз зарбаҳо ба маллоҳон дастур додаанд, ки онҳоро тарк кунанд ва дар ин амалиёт ба ҳеч яке аз низомиёни амрикоӣ осеб нарасидааст.

Ҳамлаҳо ба якдигар бо мушак

Бар тибқи иттилои Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ин зарбаҳо пас аз ду ҳамлаи нокоми мушакҳои баллистикии Эрон ба як киштии ҷангии Нерӯҳои баҳрии Амрико сурат гирифт. Ин амалиёт ҳамагӣ чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Амрико хабар дод, се киштии нафткаши дигари эрониро дар пайи талоши ҳамлаи Эрон ба як нови ҳавопаймобар ва як киштии мушакдози амрикоӣ нобуд кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Урдун, Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико 20 мушаки баллистикӣ ба самти хоки Урдун партоб кардааст. Системаҳои дифои ҳавоии Урдун 18 мушакро нобуд карданд ва ду мушаки дигар дар маҳаллҳои беодам афтоданд. Дар ин ҳодисаҳо ҳеч талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон инчунин иддао кард, ки ба ду киштии ҷангии Амрико ва ҳашт киштии нафткаши дигар ҳамла карда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст. Ин иддаоҳо то ҳанӯз аз манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудаанд.

Дар як иқдоми ҷудогона, Сипоҳи Посдорон ба маллоҳони киштиҳо танкерҳо дар бандарҳои Кувайт ва Баҳрайн дастур додааст, ки киштиҳоро холӣ кунанд ва ин амр хатари монеаҳои бештарро дар атрофи тангии стратегии Ҳурмуз афзоиш додааст.

Оғози ин даргириҳо ба киштиронӣ дар Халиҷи Форс таъсири манфӣ гузоштааст. Бар тибқи иттилои ширкати таҳлилии «Kpler», рӯзи 8-уми сентябр танҳо шаш киштии тиҷоратӣ аз Тангии Ҳурмуз гузаштааст, ки дар муқоиса ба рӯзҳои гузашта бисёр кам аст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG