Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа пас аз ҳамла ба ҷазираи Лорак

Артиши Амрико шаби гузашта ба мавзеъҳои Сипоҳи посдорони Эрон дар ҷазираи Лорак дар наздикии тангаи Ҳурмуз, ҳамла кардааст. Эрон ҳам эълон кард, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо, пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор додааст.

Як мақоми амрикоӣ ба Радиои Аврупои\Озод Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки нерӯҳои ИМА ду партобгари мушакии Эронро дар ҷазираи Лорак воқеъ дар тангаи Ҳурмуз, ҳадаф қарор доданд.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки мушоҳида шуд, Сипоҳи посдорони Эрон дар ҳоли омодасозӣ барои партоби мушакҳои ҳомили минаҳои баҳрӣ ба ин оброҳаи муҳим будааст.

Хабаргузории "Рейтерз" ва шабакаи хабарии "Ал-Ҷазира" ҳам дар гузоришҳои ҷудогона аз қавли мақомҳои амрикоӣ навиштанд, ки артиши Амрико шоми якшанбе ду партобгари мушакии мутааллиқ ба Сипоҳи посдоронро дар Лорак ҳадаф қарор доданд.

Сипоҳ посдорони Эрон чанд соат пас аз ин ҳамла эълон кард, ки ҳамлаҳо талафоте дар пай доштааст ва чанд тан аз нерӯҳояш кушта шуданд.

Сипоҳи посдорони Эрон сипас дар баёнияе гуфт, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо, пойгоҳҳои низомии амрикоии Малик Ҳусейн ва Ал-Азрақро дар Урдун бо мушак ва паҳбод ҳадаф қарор додааст.

Артиши Урдун низ гуфт, ки системаи дифои ҳавоии ин кишвар ҳашт мушакро раҳгирӣ карданд, ки бомдоди душанбе вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буданд.

Расонаҳои ҳукуматии Эрон субҳи душанбе ҳамчунин навиштаанд, ки дар посух ба ҳамлаи нави Амрико, нерӯҳои низомии Эрон ба пайгоҳи амрикоии "Ал-Минҳод" дар Имороти Муттаҳидаи Арабро ҳамлаҳои паҳподӣ анҷом доданд.

Артиши Эрон гуфтааст, "маҳали ҷобаҷойии чархболҳо ва нерӯҳои артиши Амрикоро дар пойгоҳи Ал-Минҳоди Иморот бо "партоби даҳҳо паҳподи вайронгар" ҳадаф қарор додааст.

Ҳафтаи гузашта Фармондеҳии марказии артиши ИМА эълон карда буд, ки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти поксозии минаҳои баҳрӣ аз масирҳои киштиронии байналмилалии ин тангаро ба поён расонида ва фаъолиятҳо дар он минтақаро ба диққат зери назар доранд.

Ҳамлаҳои 30 август нахустин ҳамлаҳои эълоншудаи мустақими Амрико ба мавзеъҳои низомии Эрон дар беш аз як моҳи гузашта ба шумор меравад ва дар ҳоле рух медиҳад, ки Вашингтон дар талош барои барқарор кардани рафтуомади киштиҳо дар яке аз муҳимтарин ва стратегитарин гузаргоҳҳои баҳрии ҷаҳон аст.

Дар пайи ҳамлаҳои мансуб ба Эрон ба чанд нафткаш дар нимаи дувуми моҳи июл, артиши Амрико ба муддати ду ҳафта ҳамлаҳо ба нуқтаҳои гуногуни Эрон анҷом дод ва нерӯҳои низомии Эрон низ чанд кишвари Ховари Миёнаро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор доданд.

Ин даргириҳо амалан боиси фурӯпошии тафоҳумномаи Исломобод шуд, ки дар нимаи дувуми моҳи май аз сӯи президентҳои Эрон ва Амрико имзо шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG