Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Эрон ҳамла кард; Сипоҳ ба пойгоҳҳо дар Кувайт, Баҳрайн ва Урдун

Дар пайи онки шаби гузашта нерӯҳои Амрико дар посух ба сарнагун кардани як чархболи худ дар наздикиҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз ба чанд нуқта дар ҷануби Эрон ҳамла карданд, Теҳрон аз ҳамлаҳои ҷавобӣ ба пойгоҳҳои ИМА дар Баҳрайн, Урдун ва Кувайт хабар дод.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико ё СЕНТКОМ гуфт, нерӯҳояш шомгоҳи 9-уми июн бо дастури президент Доналд Трамп дар вокуниш ба сарнагунии як чархболи Apachi дар рӯзи гузашта ҳамлаҳои "дифоъ аз худ"-ро алайҳи Эрон ба поён расонданд.

АМРИКО МЕГӮЯД, "ПОСУХИ МУНОСИБ" ДОД

Тибқи ин баёния, "нерӯҳои СЕНТКОМ бо истифода аз ҷангандаҳои нерӯҳои ҳавоӣ ва нерӯи баҳрии Амрико, системаи дифои ҳавоӣ, истгоҳҳои назорати заминӣ ва марказҳои радарии Эрон дар наздикии тангаи Ҳурмузро ҳадаф қарор доданд".

Фармондеҳии марказии Амрико ин амалиётро "посухе муносиб" ба ҳамлаҳои охир алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва киштиҳои тиҷории байнулмилалӣ, ки аз обҳои минтақа убур мекунанд, хонд. Дар поёни ин баёния омадааст, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунин дар ҳолати омодабоши комил қарор доранд.

Як мақоми баландпояи амрикоӣ ба шабакаи Fox News гуфт, дар ҳамлаҳои Амрико дар шаби сешанбе 20 ҳадаф дар дохили Эрон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ин мақом афзудааст, ҳарчанд СЕНТКОМ эълон кардааст, ки амалиёти худро ба поён расонд, вазъият ҳамчунон "фаъол" монда, артиши Амрико дар сурати ҳар гуна иқдоми интиқомҷӯёна аз сӯи Эрон омодаи посухгӯӣ хоҳад буд.

ҲАМЛАИ ЭРОН БА ПОЙГОҲҲОИ АМРИКО ДАР ХАЛИҶ

Дар ҳамин ҳол, қароргоҳи "Хотам-ул-анбиё", ки ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои ниҳодҳои Эрон дар ҷанг бо Амрико ва Исроил аст, эълон кард, ки баъзе аз пойгоҳҳои ИМА дар минтақа ҳадафи ҳамлаи муштараки артиш ва Сипоҳи посдорон қарор гирифтааст.

Артиши Эрон ҳам гуфт, ки бомдоди чаҳоршанбе пойгоҳҳои амрикоӣ ва системаи радарии Флоти панҷуми Амрико дар Баҳрайнро бо "мавҷе аз ҳамлаҳои паҳподӣ" ҳадаф қарор додааст. Ҳамзамон, хабаргузории эронии "Форс" аз чанд таркиш дар Кувайт ва ҳамла ба пойгоҳи амрикоии "Ал-Ҷаҳро" дар ин кишвар хабар дод. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин навиштааст, ки Сипоҳи посдорон пойгоҳи амрикоии "Ал-Азрақ" дар Урдунро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Хабаргузории "Форс" ба нақл аз "як манбаи огоҳи низомӣ" мегӯяд, ҳамлаи мушакии Эрон "ошёнаи ҷангандаҳои F-35-и Амрико дар Урдун"-ро ҳадаф қарор додааст. Ба навиштаи "Рейтерз", нерӯҳои мусаллаҳи Урдун рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки панҷ мушаки партобшуда аз Эрон ба тарафи минтақаи "Ал-Азрақ" дар Урдунро раҳгирӣ ва сарнагун кардаанд.

"МУШАКҲО РАҲГИРӢ ШУДАНД"

Як мақоми амрикоӣ бо такя ба "арзёбиҳои ибтидоӣ" ба "Рейтерз" гуфтааст, ки тақрибан ҳамаи мушакҳо ва паҳподҳои партобшуда аз сӯи Эрон раҳгирӣ шудаанд. Ӯ афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч гузорише дар бораи осеб дидани сарбозони амрикоӣ ё хисорот ба пойгоҳҳои амрикоӣ дарёфт накардааст.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" пештар гузориш дода буд, ки як чархболи Apache-и артиши Амрико рӯзи 8-уми июн дар наздикии тангии Ҳумруз сарнагун шудааст, аммо ду халабони он наҷот ёфтанд.

Як рӯз баъд аз ин ҳодиса, Доналд Трамп, президенти Амрико тасдиқ кард, ки ин чархбол аз сӯи Эрон сарнагун шудааст ва афзуд, ки ба он вокуниш нишон хоҳанд дод.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG