Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамла кард ва Исроил ҷавоб дод

Пайомади ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон. 7 июни 2026
Пайомади ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон. 7 июни 2026

Эрон шоми 7-уми июн ба чанд нуқта дар Исроил зарба зад ва дар посух артиши Исроил низ Эронро бомборон кард.

Артиши Исроил шоми якшанбе эълон кард, дар пайи партоби мушак аз Эрон дар чанд минтақаи Исроил бонги хатар ба садо даромад. Каме баъд артиши Исроил хабар дод, ки мушакҳои эрониро нобуд кардаанд, аммо мавҷи нави ҳамла дар роҳ аст.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, Эрон ба Исроил 10 мушак партоб кардааст, ки талафоте дар пай надоштаанд. Ин нахустин ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил аз замони барқарории оташбаси ҳаштуми апрел аст.

Артиши Исроил эълон кардааст, ки барои "ҳамла ва дифоъ комилан омода" аст.

Лаҳзаи нобуд кардани мушаки эронӣ бар фарози шаҳри Ашкелони Исроил
Лаҳзаи нобуд кардани мушаки эронӣ бар фарози шаҳри Ашкелони Исроил

Дар пайи ҳамлаи Эрон, мактабҳо дар саросари Исроил рӯзи душанбе таътил шуданд.

Ҳамлаи Эрон ба Исроил чанд соат баъд аз он рух дод, ки артиши Исроил минтақаи Зоҳия дар ҷануби Бейрутро ҳадаф қарор дод. Зоҳия зери назорати гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" аст, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳизбуллоҳ"-ро гуруҳи террористӣ медонанд.

Чанд дақиқа баъд аз интишори хабари партоби мушакҳо аз Эрон, қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ё ситоди марказии неруҳои Эрон ҳамлаи мушакӣ ба Исроилро тасдиқ кард. Ин ситод таҳдид кардааст, ки агар ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут идома ёбанд, ҳамлаҳои Эрон "кӯбандатар ва пушаймонкунанда" хоҳанд буд.

Исроил дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ" борҳо ба ҷануби Лубнон ва минтақаи Зоҳияи Бейрут ҳамла кардааст
Исроил дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ" борҳо ба ҷануби Лубнон ва минтақаи Зоҳияи Бейрут ҳамла кардааст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, чанд дақиқа баъд аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил, хостори таваққуфи ин ҳамлаҳо ва бозгашти Теҳрон ба мизи музокира шуд.

Ӯ шоми якшанбе ба шабакаи хабарии Fox News гуфт: "пешниҳоде, ки ба Эрон дорам ин аст: мушакҳои худро партоб кардед; ҳамин кофист. Ба мизи музокира бозгардед ва тавофуқе ҳосил кунед."

Ӯ дар айни ҳол афзуд, ки нерӯҳои низомии Амрико дар ҳолати омодабош ҳастанд.

Трамп ҳамчунин аз ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут дар рӯзи якшанбе интиқод кард ва гуфт, "аз ин мавзӯъ хушҳол нестам."

Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Аксиос гуфтаааст, Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз ӯ хостааст феълан аз ҳамлаи талофиҷӯёна ба Эрон худдорӣ кунад.

Вале бо вуҷуди ин изҳорот, Исроил субҳи душанбеи 8-уми июн ба чанд нуқта дар ғарб ва маркази Эрон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.

Хабаргузории Форс аз қавли манобеи маҳаллӣ аз таркишҳо дар минтақаҳои Теҳрон, Табрез ва Исфаҳон хабар дод. Форс ҳамчунин навишт, ки дар ғарби Теҳрон ва Караҷ садои инфиҷор шунида шудааст.

Хабаргузории ИРНА ҳам аз шунида шудани "садои 2 таркиши сахт дар Теҳрон" ва "дастикам садои 3 инфиҷор дар Исфаҳон" хабар додааст.

Гузоришҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз шунида шудани садои таркиш дар Теҳрон, Исфаҳон, Табрез, Урумия, Курдистон ва Караҷ хабар медиҳанд. Радиои Озодӣ мустақилан ин гузоришҳоро тасдиқ карда наметавонад.

Дар ғарби кишвар низ гузоришҳо аз таркиш дар вилояти Курдистон нашр шудаанд.

Исроил ҳамроҳ бо Амрико 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг 40 рӯз давом кард. Рӯзи 8-уми апрел миёни Амрико ва Эрон оташбас ҷорӣ шуд. Дар ин муддат ҳарду тараф якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд ва хабарҳо аз ҳамлаҳои ҷудогонаи Амрико ва Эрон ба мавқеъҳои якдигар расонаӣ шуд.

Навор дар Инстаграм:

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG