Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дифоъ аз худ". Амрико ҳадафи зарба ба пойгоҳҳои Эронро гуфт

Акс аз 26-уми майи 2026
Акс аз 26-уми майи 2026

Артиши Амрико эълон кард, ки бори савум бо ҳадафи “дифоъ аз худ” ба пойгоҳҳои Эрон зарба задааст. Нерӯҳои Эрон дар посух ба ин рӯзи 1-уми июн бо мушаку паҳподҳо ба Кувайт, як ҳампаймони асосии Амрико дар Халиҷи Форс, ҳамла карданд.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико дар баёнияе гуфт, охири ҳафтаи гузашта бо ҳадафи дифоъ аз худ ба пойгоҳҳои радарӣ ва марказҳои фармондеҳиву идораи дронҳои Эрон дар минтақаи Горук ва ҷазираи Қишм зарбаҳои ҳавоӣ задааст". Зарбаҳо ҳадди ақал савумин ҳамлаи Амрико ба ҳадафҳои Эрон баъд аз эълони оташбас дар аввали моҳи апрел аст.

Танишҳои нав дар замонест, ки мақомоти Амрико ва Эрон барои тамдиди оташбас ба якдигар пешниҳод фиристода, мавзӯи боз кардани тангии Ҳурмуз ва аз байн бардоштани муҳосираи бандарҳои Эронро баррасӣ мекунанд.

Низомиёни Амрико гуфтаанд, ки ҳамлаҳо посух ба амалкардҳои Эрон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе буд, ки як паҳподи амрикоиро маҳв кардааст. Дар баёния омадааст, "зарбаҳо дар ҷавоб ба ҳаракатҳои хашин ва пайвастаи Эрон, аз ҷумла сарнагун кардани паҳподи MQ-1-и ИМА дар фазои обҳои байналмилалӣ буд".

Дар баёния омадааст, ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар посух "системаҳои дифои ҳавоии Эрон, як пойгоҳи назорати заминӣ ва ду паҳподи қотилро, ки хатари ошкоре барои киштиронӣ дар минтақа буданд, нобуд карданд".

Расонаҳои давлатии Эрон аз қавли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ навиштаанд, нерӯҳои онҳо як пойгоҳи ҳавоиро, ки Амрико аз он ҷо барои ҳамлаҳои охир истифода кард, ҳадаф қарор додаанд, вале номи пойгоҳу он кишварро нагуфтаанд.

Дар айни замон артиши Кувайт хабар дод, ки системаҳои дифоӣ бо "ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои душман" рӯ ба рӯ шуданд ва дар саросари ин кишвар бонги хатар ба гӯш расидааст.

Кувайт нагуфт мушакҳо аз Эрон омадаанд ё на, вале ин кишвари хурд аз ин пеш ҳам борҳо мавриди ҳамлаҳои ҷавобии Теҳрон қарор гирифтаааст. Эрон мегӯяд, ҳамлаҳои Амрико ба хоки кишвар аз хоки Кувайт сурат мегирад.

Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида рӯзи 7-уми май низ баъд аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба киштиҳои низомии Амрико, ба пойгоҳҳои Эрон зарба зада буданд. Ҳамчунин рӯзҳои 25 ва 27-28-уми май ба зидди пойгоҳҳои мушакӣ, қаиқҳои минагузор ва дигар ҳадафҳои низомие, ки ба гуфтаи Вашингтон барои нерӯҳои Амрико ва киштиҳои тиҷоратӣ дар тангии Ҳурмуз таҳдид мекарданд, ҳамлаҳо анҷом дода буданд.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар таъкид кард, ки бар асоси тарҳи пешниҳодии ӯ барои оташбас, Теҳрон ҳеч гоҳ ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт.

Трамп рӯзи 31-уми май дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Дар тарҳи созишномаи ман хеле равшан ва ошкоро омадааст, ки Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ нахоҳад шуд. Сипас дар он бо тафсилоти ҷиддӣ ва тӯлонӣ ҷанбаҳои дигари масъалаи ҳастаӣ баррасӣ мешаванд. Дар воқеъ, бахши аъзами ин созишнома маҳз дар ҳамин бора аст".

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ рӯзи 31-уми май тасдиқ кард, ки гуфтушунидҳо идома доранд, аммо дар мавриди "ҳадсу гумонҳо" ҳушдор дод ва гуфт, Теҳрон наметавонад то замони ба даст омадани натиҷаи ниҳоӣ ва рӯшан, раванди музокиротро арзёбӣ кунад.

Музокиракунандагони Амрико ва Эрон дар ҳафтаҳои охир дар бораи чанд пешниҳод раддубадал карданд. Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» ва вебсайти «Аксиос» рӯзи 30-юми май гузориш доданд, ки Доналд Трамп тарҳи нави созишро бо шартҳои "сахттар" ба Теҳрон бозпас фиристодааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG