Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон, ки бо зери по кардани ҳуқуқи инсон, бавижа занону духтарон, маъруф аст, ҳоло аз мардон хостааст, ки дар ин кор ба қавле саҳм гузоранд. Чанд сокини ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфтанд, барои ҳифзи фарзандонашон равуои онҳоро ба берун аз хона маҳдуд кардаанд.
Яке аз онҳо, ки ба далели амниятӣ ному чеҳрааш ошкор намешавад, гуфт, шаш моҳ пеш бо гирифтани ҳушдор аз ҳукумати “Толибон”, амалан духтаронашро дар хона бандӣ кардааст. Дар Афғонистон мардоне мисли ӯ кам нестанд.
“Тарсидам, ки мабодо духтаронам боздошт шаванд ва коре сурат бигирад, ки ба обрӯ ва иззати ман садама расонад. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кунам,” – афзуд ӯ.
Духтари калонии ин мард, ки номи ӯ низ бо сабабҳои амниятӣ фош намешавад, гуфт, ҳабси хонагӣ ҳаёти ӯ ва чор хоҳарашро барҳам задааст: “Ҳар рӯз мегӯям, кош субҳ намешуд, то аз хоб бедор намешудам.”
Модари ӯ мегӯяд, ҳар вақте духтарон аз хона берун мешаванд, хавф дорад, ки нерӯҳои “Толибон” барои камбудии ночизе чун намудор будани мӯйи сар ё каҷ пӯшидани ҳиҷоб духтаронашро боздошт мекунанд.
Идораи Созмони Милал дар Афғонистон аз моҳи июл то сентябри соли 2026 камаш 50 мавриди боздошту ҳабс ва ҳушдорро сабт кардааст. Дар чунин фазои тарсбор “Толибон” аз мардон тақозо мекунанд, ки тарзи пӯшидани либос ва рафтори ҳамсару духтаронашонро зери назорати сахт гиранд.
Як зан, ки бо сабабҳои амниятӣ нахост симояш нишон дода шавад ва садояш низ дар гузориши мо тағйир дода шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ҳангоми рондани мошин боздошт намуда, гунаҳкораш карданд, ки дар сар ҳиҷоб надорад. Ба қавли ӯ, баъди раҳоӣ аз боздошт, муомилаи аҳли оила низ дигар шуд.
Дар як паёми хатӣ, ки муаллифаш ошкор нест, гурӯҳи “Толибон” гузоришҳоро дар бораи таъқиби занон ва иттилоъ дар бораи ташвиқи хушунат нисбат ба занон дар оилаҳо рад кардааст.
“Ҳар марде ё шавҳар аст, ё падар ва ё бародар. Онҳо бояд хонаводаро контрол кунанд. Албатта, ин ба он маъно нест, ки латукӯб ё хушунат кунанд, балки тавсия диҳанд,” – гуфта шудааст дар паёми хатӣ.
Аммо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чанд зан дар Афғонистон шикоят карданд, ки вазъ тоқатфарсо шудаву баъзан қатъи назар аз иҷрои талаботи “Толибон”, онҳо боз ҳам мавриди таъқибу хушунат дар кӯчаҳои Кобул қарор мегиранд.
“Маъмурони амр ба маъруф ман ва модарамро мавриди азият қарор доданд. Моро бо шаллоқ зада, мехостанд, ба мошин андозанду баранд,” – шикоят кард як духтари ҷавон аз Кобул.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ