Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: 2,4 млн духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳруманд

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.

ЮНЕСКО -- Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ гуфтааст, ки шумори духтарони маҳрум аз таҳсилоти миёна нисбат ба соли гузашта 200 ҳазор афзоиш ёфта ва агар ин маҳдудият идома пайдо кунад, то соли 2030 шумори духтарони маҳрум аз таҳсилоти миёна мумкин аст ба наздики чаҳор миллион нафар бирасад.

Ба гузориши хабаргузории "Франс пресс", ЮНЕСКО хостори бозгардонидани фаврии ҳаққи омӯзиши духтарон шуда ва "табъиз алайҳи занон ва духтарон"-ро маҳкум кардааст.

Як духтари мактабхон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Як духтари мактабхон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати Толибон дар оғози рӯи кор омадан, ваъдаи ҳукуматдории мӯътадил дода буд, аммо пас аз он маҳдудиятҳои густурдае бар занон ҷорӣ кард. Занон аз рафтан ба донишгоҳҳо, паркҳои умумӣ, марказҳои варзишӣ ва толорҳои зебоӣ манъ шуданд.

Духтарон дар моҳи марти соли 2022 аз рафтан ба мактабҳои миёна ва литсейҳо манъ шуданд ва дар поёни ҳамон сол, донишгоҳҳо низ ба рӯи духтарон баста шуд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки ин маҳдудиятҳо дастовардҳои ду даҳаи гузашта дар бахши омӯзишро аз байн бурдааст. Дар ҳоле, ки то соли 2001 ва поёни нахустин давраи ҳукумати Толибон, дастрасӣ ба таҳсил бисёр маҳдуд буд, пас аз сарнагунии он ҳукумат то соли 2021 наздик ба як миллион духтар ба таҳсилоти миёна фаро гирифта шуданд.

Ҳудо Ҷобириён, ҳамоҳангкунандаи Барномаи омӯзиш дар шароити изтирорӣ дар созмони ЮНЕСКО, гуфтааст, "духтарон ва занони Афғонистон ҳаққи омӯзиш доранд ва ин ин як ҳаққи асосии инсонӣ аст".

Ӯ афзудааст, "онҳо ҳаққи кор кардан доранд ва бояд аз озодии рафтуомад бархӯрдор бошанд".

Як синфхонаи дарсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон. 8 октябри соли 2021. Акс аз бойгонӣ.
Як синфхонаи дарсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон. 8 октябри соли 2021. Акс аз бойгонӣ.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки мамнуияти омӯзиши духтарон, зиёни иқтисодии қобили таваҷҷуҳе низ ба Афонистон ворид карда ва бароварда мешавад, ки маҳдудиятҳо алайҳи занон то соли 2066 ҳудуди 9,6 миллиард доллар ба иқтисоди Афғонистон зарар ворид кунад.

Тибқи ин гузориш, бахши омӯзишии Афғонистон низ бо бӯҳрон рӯбарӯ аст ва беш аз ниме аз кӯдакон дар сини мактаби ибтидоӣ ба таври комил аз таҳсил маҳруманд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки беш аз 90 дарсади кӯдакони 10-сола дар Афғонистон наметавонанд як матни одиро бихонанд.

Набуди оби ошомиданӣ ва имкониятҳои беҳдоштӣ, ин бӯҳронро печидатар кардааст. Ҳодисаҳои табиӣ, заминларзаҳое, ки дар солҳои ахир Афғонистонро ба таври пайи ҳам осеб задаанд, низ ваъиятро бадтар кардаанд.

Ин ниҳоди СММ гуфтааст, ки аз соли 2023 то кунун беш аз ҳафт миллион афғон ба кишвар бозгашта ё ба таври маҷбурӣ бозгардонида шудаанд. Мавзуе, ки фишор бар низоми омӯзишии Афғонистонро бештар кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG