Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости баъзе аз олимони дин аз Толибон


Толибон таҳсилу кори духтарон ва занонро дар Афғонистон манъ кардаанд
Толибон таҳсилу кори духтарон ва занонро дар Афғонистон манъ кардаанд

Чанд олими дин дар Афғонистон рӯзи 8-уми апрел манъи таҳсили духтаронро дар он кишвар танқид карданд.

Духтарон дар Афғонистон наметавонанд, баъд аз синфи шашум ба мактаб раванд. Маҳдудият ба таҳсили онҳо дар донишгоҳ низ рабт дорад.

Донишмандони маъруфи мазҳабӣ гуфтаанд, мақомот бояд тасмими худро дигар кунанд.

Абдулраҳмон Обид яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, ба муассисаҳо иҷоза дода шавад, ки бо киро кардани омӯзгорони зан духтаронро дар синфҳои алоҳида дубора ба дарс қабул кунанд.

Як вазири калидии Толибон ба онҳо ҳушдор дод, ки дар масъалаи баҳсбарангез алайҳи ҳукумат "шӯриш" набардоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG