Хабари нав

“Ҳавзи хун”. Трамп аз Путин хост, таҷовузи низомиро дар Аврупо бас кунад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамсараш Мелания Трамп. Флорида, 26-уми ноябри 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамсараш Мелания Трамп. Флорида, 26-уми ноябри 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар як паёми лаҳнаш тунд аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, ҳама гуна таҷовузи низомиро дар Аврупо бас кунад, то роҳ барои созиши сулҳ бо Украина боз шавад. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар шабакаи Truth Social навишт, дар ин маврид ҳангоми музокироти охири худ бо Путин дар Чин низ ба раҳбари Русия фишор овард. Мулоқоти онҳо рӯзи 19-уми ноябр баргузор шуд.

Раисҷумҳури Амрико ҷанги тақрибан панҷсолаи Русияро дар Украина “ҳавзи хун” номид, ки ҳар моҳе ҳазорон кушта барҷой мегузорад. Доналд Трамп дар ин паём ва ҳамагӣ чанд рӯз пас аз он ки ба хотири “дӯсти ман” номидани Путин бо танқидҳо рӯбарӯ гашт, дар баробари Маскав лаҳни тундтареро ба кор бурд.

Вай дертар дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ва низомиёни амрикоӣ аз лаҳни тағйирёбандааш ҳамчун тактика ё равиши амалгароёнаи музокирот ҳимоят кард ва ҳамзамон хабар дод, ки шаби 25-уми ноябр бо дабири кулли НАТО Марк Рутте дар Флорида масъалаи ҳузури нерӯҳои кишварашро дар Аврупо “муфассал” баррасӣ кардааст.

"Эҳсоси дигар"

Трамп гуфт, “ман дар баробари Русия бисёр сахтгир будам, аммо мехоҳам созиш кунам.” Ва далел овард, ки дар ҳоле президенти Украина Владимир Зеленский ва Путин дар бунбаст қарор доранд, истифода аз муносибати неки шахсӣ муҳим аст.

Владимир Зеленский ва Владимир Путин
Владимир Зеленский ва Владимир Путин

Вақте аз Доналд Трамп пурсиданд, ки оё тақрибан 80 ҳазор сарбози амрикоии мустақар дар Аврупоро, ки бештар дар Олмону Итолиё ва Бритониё ҷойгиранд, коҳиш хоҳад дод ё не, гуфт, ҳарчанд ҳампаймонҳои аврупоӣ дар оғоз дар масъалаи Эрон “чандон ёрӣ накарданд”, аммо пешрафтҳои охир, аз ҷумла ваъдаҳои паймон барои боло бурдани хароҷоти дифоӣ ва харидории 750 ҳавопаймои ҷангии F-35 эҳсоси ӯро "каме дигар карданд".

"Медонед, онҳо дар масъалаи Эрон ба мо ёрии зиёд нарасонданд. Чандон кумак накарданд. Вале мо Гренландияро гирифтем, Гренландияро ба даст овардем. Масоҳати он се баробари Техас аст. Росташро гӯям, ин эҳсоси маро каме дигар кард. Ҳоло онҳо бо мо ҳастанд. Воқеан, онҳо дар бахшҳои гуногуни Эрон қарор доранд," -- шарҳ дод Доналд Трамп.

Дар ҳамин ҳол, Скотт Одкирк, муовини сафири Амрико дар НАТО, зимни як ҷаласаи паси дарҳои баста дар Брюссел ба намояндагони кишварҳои ҳампаймон хабар дод, ки Вашингтон ҷобаҷошавии нерӯҳои худро дар Аврупо аз муҳлати таъйиншудаи 1-уми декабр ба таъхир меандозад.

Чанд мансабдори баландпояи амрикоӣ рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва бо шарти фош нашудани номашон (чун ҳаққи баррасии ошкорои ин масъалаҳоро надоштанд) гуфтанд, Пентагон ё Вазорати дифои Амрико дар ҳоли ниҳоӣ кардани панҷ гузина ё интихоб аст, ки ҳар яке арзёбии расмии низомӣ ва дидгоҳи Фармондеҳи олии нерӯҳои эътилофии НАТО дар Аврупоро дорад. Ин пешниҳодҳо ба зудӣ дар рӯйи мизи Трамп гузошта хоҳанд шуд.

Баррасии 5 интихоб

Мусоҳибони мо нагуфтанд, ки оё қарори ниҳоӣ то нишасти сарони G20 ё бист кишвари саноатии ҷаҳон дар Флорида эълон хоҳад шуд ё не. Доналд Трамп гуфтааст, "ҳарчанд ба баъзеҳо хуш намеояд", раисҷумҳури Русия метавонад дар он ширкат кунад.

Ба гуфтаи дипломатҳои НАТО, ки аз нишастҳои ин ҳафтаи намояндагони паймон дар Брюссел хабар доранд, яке аз сабабҳои асосии таъхири Амрико он аст, ки Вашингтон ҳанӯз пешниҳодҳои муттаҳидони аврупоиро барои пур кардани ҷойи нерӯҳо ва таҷҳизот месанҷад.

Элбриҷ Колби, муовини вазири дифои Амрико, ҳафтаи гузашта дар Брюссел умед дошт, ки гузориши ниҳоӣ то 1-уми декабр ба дасти вазири дифоъ Пит Ҳегсет мерасад. Ӯ аз "пешрафти бузург"-и кишварҳое ба монанди Олмон, Лаҳистон, Ҳолланд ва кишварҳои скандинавӣ барои боло бурдани хароҷоти дифоӣ ситоиш кард.

Элбриҷ Колби
Элбриҷ Колби

Колби чанде пеш дар Руминия, Лаҳистон ва Олмон буд, то заминаро барои ин дигаргунӣ омода кунад. Барномае, ки Ҳегсет моҳи июни имсол барои баррасии теъдоди сарбозон, пойгоҳҳо ва иҷозатномаҳои парвоз оғоз карда буд, чун Амрико таваҷҷӯҳашро бештар ба минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором ва Нимкураи Ғарбӣ равона мекунад. Кишварҳои ҳампаймон пас аз талоши нокоми Конгресс барои барканории Ҳегсет баъди интихоботи миёндавраии Амрико чунин таъхирро интизор буданд.

НАТО, Аврупо ва Русия

Ҷеймс Батчик, муовини мудири Маркази Аврупоии Шӯрои Атлантик, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд сабабҳои дақиқи бюрократӣ, сиёсӣ ва амалиётии таъхир то ҳол пурра маълум нестанд, ин ба ҳадафи асосии ҳукумати Амрико таъсир намерасонад.

Ӯ ҳамзамон афзуд, услуби пешгӯинашавандаи тасмимгириҳои Трамп кишварҳои аврупоиро водор мекунад, ки эҳтиёткор бимонанд. Батчик ба чораҳои муваққатӣ ва парокандае ишора кард, ки аллакай ҷараён доранд, аз ҷумла берун кашидани як дастаи пиёданизоми Амрико аз Руминия бидуни ҷойгузин кардани он ва нақшаи кӯчондани 5000 сарбоз аз Олмон ба Лаҳистон.

Русия НАТО-ро на аз рӯйи ваъдаҳои хароҷоти оянда, балки аз рӯйи нерӯҳо, қобилиятҳо ва сатҳи омодагие, ки имрӯз метавонад истифода кунад, арзёбӣ хоҳад кард.

"Аврупо бояд ин қарорҳо ва ин панҷ гузина ё интихобро бодиққат пайгирӣ кунад," – гуфт Батчик ва аз кишварҳои ҳампаймон хост, ки афзоиши буҷаи дифоиро ба "тавонмандсозии стратегӣ" табдил диҳанд. Чизе, ки эҳтимол Аврупо дар ояндаи наздик маҷбур мешавад, онро мустақилона таъмин кунад.

Ҳатто дар ҳоле ки Вашингтон исрор мекунад, ки масъулиятҳояш ба амнияти Аврупо бетағйир мемонад, эҳтимоли коҳиш ёфтани ҳузури Иёлоти Муттаҳида нигарониҳоро дар баъзе кишварҳои узви НАТО ва дар пайванд ба Русия афзоиш додааст. Тсипора Фрид, муҳаққиқи аршади Пажӯҳишгоҳи Ҳадсон ба Радиои Озодӣ гуфт, хатари асосӣ дар "номувофиқатии суръати коҳиши нерӯҳои Амрико ва тавоноии Аврупо барои иваз кардани ин қобилиятҳо" мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд кишварҳои аврупоӣ сармоягузориро дар бахши мудофиа бештар мекунанд, табдил додани ин пулҳо ба нерӯҳои озмуда, падофандҳои ҳавоӣ ва захираи муҳиммоти ҷангӣ солҳои зиёд талаб мекунад. Фрид ҳамзамон ҳушдор дод, ки Русия ҳар рӯз ба гунае паймони низомии НАТО-ро меозмояд. Ӯ ба вайрон кардани ҳарими ҳавоии Лаҳистон аз ҷониби Русия дар ҷараёни тамрини "Коалитсия" ҳамчун як таҳрики барқасдона ишора намуд.

"Маскав тасмимгирӣ, ҳамкорӣ ва устувории ҳампаймонҳоро месанҷад. Русия НАТО-ро на аз рӯйи ваъдаҳои хароҷоти оянда, балки аз рӯйи нерӯҳо, қобилиятҳо ва сатҳи омодагие, ки имрӯз метавонад истифода кунад, арзёбӣ хоҳад кард," – гуфт ӯ.

​
XS
SM
MD
LG