Мақомоти Эрон рӯзи 23-юми ноябр Парасту Аҳмадӣ, овозхони ҷавон ва чаҳор навозандаи гурӯҳи ӯро 74-шаллоқӣ задаанд.
Додгоҳ ҳамчунин онҳоро ду сол аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум кард.
Гуноҳи Парасту Аҳмадӣ ва аъзои гурӯҳ ин аст, ки моҳи декабри соли 2024 дар як корвонсарое дар вилояти Қум бидуни ҳиҷоб консертро сабт карда, дар Ютуб гузоштанд.
Консертро дар камтар аз як сол қариб севуним миллион бор дидаву садҳо дафъа бознашр кардаанд.
Созмони мустақили "Ҳуқуқи башари Эрон" аз қавли вакил Мустафо Нилӣ гуфт, ба иловаи шаллоқу ду соли маҳрумӣ аз ҳунармандӣ, ба ҳар маҳкумшуда тарк кардани қаламрави Эрон дар ду соли оянда манъ аст.
"Шаллоқ ҷазои бераҳмона ва таҳқиромез ва муғойир бо мамнӯияти шиканҷа ва дигар бадрафториҳост. Иҷрои мусиқӣ ва интихоби пӯшиш набояд ба муҷозоти баданӣ посух дода шавад," – навишт созмони ҳуқуқи башари Эрон.
Ҳоло рӯшан нест, ки пас аз иҷрои ҳукми даҳҳо шаллоқ духтари ҷавон чӣ ҳолу вазъе дорад. Як хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, рӯзи 24-уми ноябр гуфт, баъди шаллоқ бадани шахс захми зиёд мегирад ва ӯ барои муолиҷаи давомдор ба шифохона муроҷиат мекунад.
Консерти беиҷоза, аммо ҷасуронаи Парасту Аҳмадӣ, як ҳодисаи чолишбарангезе барои режими Эрон гардид: духтаре дар рӯйи саҳнаи худсохт ва дар пасманзари як корвонсарои матрука дар дили шаб наздик ба 30 дақиқа чанд оҳангро ба таври зинда иҷро кард.
Яке аз ин таронаҳо, ки дар Тоҷикистон ҳам бисёр маҳбуб аст, шеъри "Камарборик"-и Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки бо шеваи наве иҷро гардид.
Чанд ҳамкори Парасту Аҳмадӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар ҷазои ҳунармандонро маҳкум карданд.
Зайнаб Замон, як ҳомии ҳуқуқи инсон, гуфт: "Консерти ӯ маҷозӣ буд, вале ҷазои баданаш воқеӣ. Дар ин таърих мо шоҳиди қадам ба қадам ҷасорат ва ҳамзамон шармандагӣ паси шармандагӣ мешавем. Баданҳо шоҳиди айнӣ шудаанд."
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи охирини Эрон, кори мақомоти Ҷумҳурии Исломиро "як амали барбарӣ бо мақсади таҳқиру саркӯби инсон" номид, ки ба гуфтааш, "воқеияти ғайриинсонӣ ва манфури Ҷумҳурии Исломиро ба намоиш гузошт."
Мақомот дар Эрон баъд аз марги духтари ҷавон Маҳсо Аминӣ дар соли 2022, ки бо гумони бадҳиҷобӣ боздошт шуда буд, мавҷи бесобиқа ва азими эътирози мардумро бераҳмона саркӯб карданд.
Дар ин байн, даҳҳо ҳунарманду овозхони дигар ҳам барои ибрози ҳамраъйӣ бо эътирозгарон ҷазоҳои сахт гирифтанд. Бархе зиндонӣ шуда, чанде шаллоқ хӯрданд.
Консерти Парасту Аҳмадиро ҳам як навъ эътироз ва баёни озоди мавқеъ ва афкору андеша ба режими исломии ҳоким дар Эрон арзёбӣ мешавад.