Хабари нав

Беш аз 700 ҳазор сарбози Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асоси як пажӯҳиши нав, ки "Медуза" ва "Медиазона" нашр карданд, дар ҷанги қариб панҷсолаи Русия ба зидди Украина зиёда аз 700 ҳазор сарбози Русия кушта шудаанд. Бо дарназардошти шумораи тахминии захмиён, мумкин аст, талафоти умумии Русия аз ду миллион нафар бештар шавад. Ин нишондиҳанда аз талафоти Маскав дар тамоми даргириҳояш баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зиёдтар аст. Қаблан Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байнулмилалӣ дар Вашингтон талафоти умумии Украинаро, ки ҳам кушташудагон ва ҳам маҷруҳонро дар бар мегирад, ҳудуди 600 ҳазор нафар ҳисоб карда буд.

Омори наву такондиҳанда дар бораи сарбозони кушташудаи Русия рӯзи 23-юми ноябр нашр шуд. Рақамҳо баёнгари онанд, ки Украина дар пайи расондани талафоти ҳарчи бештари ҷонӣ ба нерӯҳои Русия аст. Ва Русия дар навбати худ барои тасарруфи қаламравҳои Украина касеву чизеро дареғ доштанӣ нест.

Расонаҳои "Медуза" ва "Медиазона" муддатҳо боз бо такя ба парвандаҳои мерос ва сабтҳои дигари расмӣ талафоти Русия, аз ҷумла кушташудаҳо ва захмиёнро ҳисоб мекарданд. Пажӯҳиши онҳо маълумотеро низ дар бар мегирад, ки дар натиҷаи як ҳамлаи рахнагарон аз “Росстат” ё Оҷонси давлатии омори Русия берун омадааст.

Масъулияти ҳамлаи интернетиро ба "Росстат" ҳакерҳо ё рахнагароне, ки худро аъзои гурӯҳҳои "Белорусские киберпартизани" ва Silent Crow меноманд, бар дӯш гирифтаанд. Онҳо қисми зиёди маълумотро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузоштанд.

Омори нав ҳамчунин то ҳадди зиёд бо арзёбиҳое ҳамхонӣ дорад, ки қаблан ниҳодҳои амниятӣ ва низомии ғарбӣ пешниҳод карда буданд. Аз ҷумла, раҳбари Идораи радёбии мавҷу мухобирот дар Бритониё моҳи майи имсол шумораи кушташудагони Русияро дар ҷанги Украина зиёда аз ним миллион нафар арзёбӣ карда буд.

Хадамоти асосии иктишофи низомии Ҳолланд ҳисоб кардааст, ки Русия то охири соли 2025 як миллиону дусад ҳазор талафот дошт ва зиёда аз 500 ҳазори онҳо кушта шудаанд. Ин гузориш дар моҳи октябри имсол нашр гашт.

Аз ихтиёриён то зиндониҳо

Русия ба ҳамлаи васеъмиёқси худ дар Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз кард, асосан бо ваъдаи музди зиёд ба ихтиёриён ва имтиёзҳо ба наздикони сарбозони фавтида идома медиҳад. Зиндониён низ бахши асосии нерӯҳои Русияро, бавижа дар воҳидҳои пиёданизоми хати пеши ҷанг, ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар Янис Клуге, ки бо такя ба буҷаи минтақаҳои Русия ҷараёни ҷалби нерӯҳоро пайгирӣ мекунад, ангезаи молӣ ё пешниҳоди музди баланд дар соли 2026 то андозае коҳиш ёфтааст. Ин натиҷаҳо баёнгари онанд, ки мақомоти Русия барои ҷалби нерӯҳои нав ва нигоҳ доштани шумораи кофии сарбозон дар хати пеши даргирӣ бо душвории бештар рӯ ба рӯ ҳастанд.

Украина низ барои таъмини пайвастаи нерӯҳои нав ба воҳидҳои хати пеши ҷанг, ки бисёре аз онҳо аз дифоъ дар муқобили артиши аз худ бузургтари Русия хаста шудаанд, душворӣ мекашад.

Киев чанд сол боз омори расмии талафотро нашр намекунад. Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байнулмилалӣ дар Вашингтон талафоти Украинаро, ки ҳам кушташудагон ва ҳам маҷруҳонро дар бар мегирад, ҳудуди 600 ҳазор нафар ҳисоб кардааст. Ин омор бо назардошти аҳолии камтари Украина такондиҳанда аст ва ин кишвар дар муқоиса бо Русия барои таъмини нерӯҳо дар хати пеши ҷабҳа бо мушкилоти бештар дучор аст.

Ҳукумати Киев низоми ҷалби сарбозонро ислоҳ кардааст, аммо шеваҳои сахтгиронае, ки бо номи “бусификатсия” машҳур шудаанд, норозигии бисёре аз шаҳрвандони Украинаро ба вуҷуд овардаанд.

Ҷалби зодагони Осиёи Марказӣ

Аз оғози ҷанги густардаи Русия дар Украина борҳо дар бораи ҷалби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба сафи артиши Русия низ хабарҳо нашр шудаанд. Аз ҷумла, бо роҳи маҷбурӣ ё фиреб ва додани шаҳрвандӣ.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина то моҳи октябри соли 2026 ҷалби беш аз 20 ҳазор нафар аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зиёда аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷангидан аз тарафи Русия сабт кардааст.

Дар Тоҷикистон барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои бегона ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, вале дар тақрибан панҷ соли гузашта ягон кас бо ин иттиҳом дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар як пажӯҳиши муштараки маркази таҳлилии New Eurasian Strategies Centre (NEST Centre) ва Маркази “Досе” гуфта шудааст, ки аз оғози ҳамла ба Украина дар сафи артиши Русия беш аз чор ҳазор зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, кушта шудаанд.

​
XS
SM
MD
LG