Як шаҳрванди 25-солаи Қазоқистонро дар Русия ба имзои қарордод бо артиши ин кишвар маҷбур кардаанд. Мерос Тасжарғанов рӯзи 20-уми августи имсол бо умеди кори беҳтар ва дарёфти 90 ҳазор рубли русӣ, муодили ҳазор доллар, моҳона ба шаҳри Курски Русия рафт. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар як корхонаи истеҳсоли гӯшт фаъолият дошт, аммо як рӯз аз онҷо маҷбурӣ ба маркази ҷалби одамон ба артиши Русия бурда шуд.
"Гуфт, силоҳро ба сарат гузошта, мегӯянд, шартномаро имзо кун. Тамом. Ҳатто намепурсанд, ки оё розӣ ҳастӣ ё не,” – нақл кард Гулҷон Тасжарғанова, модари Мерос аз қавли фарзандаш.
Ҳамагӣ баъди ду ҳафта тамрини низомӣ Тасжарғановро ба Воронеж, вилояти ҳаммарзи Русия бо Украина бурдаанд. Модараш, ки аз эҳтимоли фиристода шудани ӯ ба хати пеши ҷанг ҳарос дошт, аз мақомот дар Остона хост, ба қазияи писараш дахолат ва ӯро аз ин вазъият раҳо кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, сафорати ин кишвар дар Маскав рӯзи 18-уми сентябр ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота ё ёддошт супурда, хоҳони бозгардондани он шаҳрвандоне шуд, ки мегӯянд маҷбурӣ ба артиш бурда шудаанд. Аммо бино ба маълумоте, ки Мерос Тасжарғанов дар аввали моҳи октябр ба наздиконаш фиристод, маҳалли ҷойгиршавии ӯ наздикии Билолутск нишон дода шудааст. Ин минтақа дар вилояти Луҳански Украина қарор дорад ва зери назорати Русия аст.
"Душвории молӣ дошт"
Ин сарнавишти танҳо Мерос нест. Баъзе аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия бо он дучор мешаванд. Миллионҳо нафари ташнаи кору маоши беҳтар аз минтақаи Осиёи Марказӣ дар Русия ҳастанд ва асосан дар бахшҳои бинокорӣ, деҳқонӣ ва савдову истеҳсолот кор мекунанд.
Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирон бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки коргарони хориҷӣ ҳангоми амалиёти пулис ё санҷиш дар ҷойи кор, идораи муҳоҷират ва ё боздоштгоҳу зиндонҳо барои пайвастан ба артиши Русия зери фишор мемонанд.
Бархе муҳоҷиронро бо ваъдаи ҷоизаҳои калони пулӣ ва дарёфти ҳарчи зудтари шиноснома ва шаҳрвандии Русия ба артиш ҷалб кардаанд. Гурӯҳе ихтиёрӣ, аз ҷумла ба далели молӣ, шартнома бастаанд. Аммо дигарон мегӯянд, бо фиреб, таҳдид ё фишору иҷбор ба ин кор водор гаштанд.
Аъзои як оила дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, чанде пеш падари 58-солаи хонадонро дафн карданд. Пайкар ё ҷасади ӯ, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, моҳи август аз Русия ба зодгоҳаш оварда шуд.
Як манбаи огоҳ аз қазия, ки нахост номаш фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мард ҳамагӣ чанд моҳ пеш ихтиёрӣ қарордоди нимсолаи хидмат дар артиши Русияро имзо карда буд. "Душвории молӣ дошт ва мепиндошт, ки рафтан ба ҷанги зидди Украина роҳи зудраси ҳалли масъала аст," -- афзуд мусоҳиби мо.
Дар айни ҳол як муҳоҷири 44-сола аз шаҳри Самарқанд моҳи сентябр нақл кард, ки ҳангоми амалиёти пулис дар Ростови лаби Дон бо баҳонаи анҷом ёфтани муҳлати иҷозаи кораш боздошт ва мавриди фишору латукӯб қарор гирифт, то қарордоди хидмат дар артиши Русияро имзо кунад.
Вай дертар дар хати пеши ҷанг дар минтақаи ишғолшудаи Луҳански Украина захмӣ шуда, дар паёме тавассути бахши узбекии Радиои Озодӣ аз мақомот дар Тошканд хост, барои бозгашт ба назди чаҳор фарзандаш ёрӣ кунанд.
Шеваҳои гуногуни фишор
Валентина Чупик, пуштибони ҳуқуқии муҳоҷирон, мегӯяд, шеваҳои ҷалби коргарони хориҷӣ ба артииш Русия гуногун аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия дар баъзе маврид қарордоди ҳарбиро дидаву дониста дар миёни санадҳои зиёд мегузоранд, то муҳоҷирон бидуни дидану хондану сарфаҳм рафтан имзо кунанд.
Мавридҳои дигарро ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин баршумурд: "Амалиёти густурда, шиканҷаи воқеӣ бо электрошокер, аз ҷумла гузоштани он ба аъзои таносулӣ, латукӯб ва бо завлонаҳо дар даст овезон кардан дар панҷара вуҷуд дошт, то одамонро ба имзои қарордод бо артиши Русия маҷбур кунанд."
Гузоришҳо дар бораи ҷалби маҷбурии коргарони хориҷӣ ба артиши Русия дар ҳоле нашр мешаванд, ки ин кишвар солҳои охир сиёсати худро дар бахши муҳоҷират дигар ва ҳамзамон сахттар кардааст. Мақомот дар Русия барои кор дар баъзе бахшҳо маҳдудиятҳои бештареро ҷорӣ намуда, боздошту ихроҷи муҳоҷиронро афзоиш додаанд.
"Айни замон Русия барои коргарон аз Осиёи Марказӣ кишвари амн нест ва агар имкон бошад, беҳтар аст, аз сафар ба он ҷо худдорӣ варзанд," – гуфт Денис Живага, раҳбари Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон.
Ин дар ҳолест, ки бахшҳои гуногуни иқтисоди Русия бо камбуди ҷиддии нерӯи корӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Шумораи дақиқи хориҷиёне, ки ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷалб шудаанд, маълум нест. Маскав омори пурраро дар бораи муҳоҷироне, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар хидмат мекунанд ва ё дар майдони ҷанг дар Украина қарор доранд, ошкор намеунад.
Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина то моҳи майи соли 2026 ҳувияти 12 ҳазору 919 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тақрибан се ҳазор нафарро аз Тоҷикистон муайян кардааст, ки бо Вазорати дифои Русия қарордод бастаанд. Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад дурустии ин оморро тасдиқ ё инкор кунад, аммо то кунун дар бораи кушта шудан, асир афтодан ё захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия зидди Украина гузориш додааст.
Гуфтугӯ