Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо сипари гӯштием". Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина чизе намегӯяд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ дар соли 2025 аз ҷузъиёти кушта шудан, асир афтодан ва нопадид гаштани беш аз сӣ зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина гузориш дод.

Маълумоти зиёди тасдиқношуда аз ширкати ҳазорон нафар дар ин ҷанг хабар медиҳад.

Як ҷомеашиноси тоҷик бо шарти фош нашудани номаш гуфт, дар як соли охир номи сад шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро дар ҷанги Русия алайҳи Украина гирд овард. Тарҳи давлатии Украина (Зистан мехоҳам) дар моҳи октябри соли 2025 номи 446 шаҳрванди дар ин ҷанг кушташудаи Тоҷикистонро нашр кард. Ҷавонтарини онҳо 19-сола калонсолтаринашон 63-сол буд.

Сабаби сукут чист?

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро инкор накардаанд, дар бораи ширкати шаҳрвандон дар ҷанги зидди Украина маълумот намедиҳанд. Намояндагони мухолифини ҳукумат дар хориҷа сукути мансабдорони тоҷикро ба вобастагии зиёди онҳо аз Маскав пайванд медиҳанд.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гуфт, "нисбат ба касе, ки дар ҷанги Сурия ширкат кардааст, зуд ва дар ғайбаш парванда боз мекунанд. Дар пайгарди байнулмиллӣ қарор медиҳанд. Наздиконашро дар дохил азият медиҳанд. Бо шаҳрванде, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина ширкат дорад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ озодона ташвиқ мекунад, кордор намешаванд".

"Ин вазъ баёнгари он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ дар ин ҷанг аз Русия ҳимоят мекунад," -- афзуд ӯ.

Пас аз ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба Украина, дар Тоҷикистон аз мардум хоста шуд, ки дар ҷанги бегона иштирок накунанд, чун ҷавобгарӣ дорад.

Дар тақрибан чор сол, ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, дар мавриди ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина ягон парванда боз нашудааст. Ҳабибулло Воҳидзода тобистони соли 2025 дар нишасти матбуотӣ як далелашро ба он рабт дод, ки бахше аз шаҳрвандон ҳамзамон шиносномаи русӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо тоҷике, ки ба ҷанг бурда ё дар майдони даргирӣ куштаву захмӣ шудаанд, шаҳрванди Русия нестанд.

То кунун дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба зидди даҳҳо нафар барои ширкат дар ҷанги Украина парванда боз шудааст. Озарбойҷон чанде пеш ин ҳукмро то ба ҳабси абад шиддат дод.

“Бознишастаҳои ихтиёрӣ”

Хабари аз боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ё зери фишор ба ҷанги Украина бурда шудани муҳоҷирони тоҷик дар тақрибан чор соли охир хабари нав нест. Аммо ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, тайи як соли охир ҳудуди панҷоҳ бознишастаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон низ ба ҷанги Русия алайҳи Украина рафтаанд.

Як манбаи наздик ба мақомоти адлияи Тоҷикистон бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, санади чанд корманди бознишастаи мақомоти қудратиро омода кард, ки “бо хоҳиши худ дар ҷанги Украина ширкат доранд”.

Маҳмадҷон Бозоров
Маҳмадҷон Бозоров

Радиои Озодӣ дар моҳи январи соли 2025 хабар дод, ки Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби "Маҳмади Вандам", сарҳанг ё полковники собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Украина нопадид шудааст. Вай то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и ВКД кор мекард. Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.

Сарнавиштҳои номаълум

Масъалаи дигаре, ки дар соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ташвиш гузошт, сарнавишти номаълуми онҳоест, ки маҷбуран ба ҷанг бурда шудаанд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия тамос гирифта, гуфт, бародараш Комилҷон Наҷмиддинови 49-сола дар шароити барои онҳо мармуз аз зиндони Красноярск ба ҷанг бурда шуда, аз 26-уми январи соли 2025 то ҳол бенишон аст.

Шабнам Одиназода, сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, моҳи декабри 2025 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародари 25-солааш Лоиқ Одиназода дар охири соли 2023 аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шуд ва аз он замон бедарак аст. "На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро," -- шикоят кард ӯ.

Шарифбек Зулфиқоров, маҳбуси нопадидшудаи тоҷик ва Мавҷуда Давлатова, модари ӯ
Шарифбек Зулфиқоров, маҳбуси нопадидшудаи тоҷик ва Мавҷуда Давлатова, модари ӯ

Аз он пеш Мавҷуда Давлатова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш Шарифбек Зулфиқоров моҳи октябри соли 2022 аз зиндон ба ҷанги Украина бурда шуда, аз он замон то ҳоло ҳеч тамос ё хабаре аз ӯ надоранд. Зулфиқоров дар пайи як занозании муҳоҷирон, бо гуноҳи авбошӣ зиндонӣ шуда, дар маҳбасе дар Русия адои ҷазо мекард.

Ҷамолиддини Саид, шаҳрванди Тоҷикистон, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 19-уми марти соли 2025 дар Донетск шадидан захмӣ шуд, вале ҳанӯз шифо наёфта, бо пойҳои захмӣ ба майдони ҷанг бурда шуд. Аз моҳи майи соли 2025 то ҳанӯз аз ӯ дараке нест. Вай нақл кард, ки барои халосӣ аз зиндон розӣ шудааст, аз тарафи Русия ба ҷанги Украина равад.

Бо вуҷуди сукути мансабдорон дар Тоҷикистон, тарҳи давлатии Украина (Зистан мехоҳам) то кунун номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид"-и Русия ҷамъ овардааст, ки баъзе аз онҳо кушта шудаанд. Шумораи умумӣ ва дақиқи онҳо маълум нест.

Муаллифони рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия медонанд. Ба гуфтаи онҳо, "саркашҳоро, то замоне ки қарордодро имзо накунанд, мезананд ва ё бо ҳукми зиндон метарсонанд."

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Украина ширкат карда, бо фирор ҷони худро наҷот додаанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “Русия дар майдони даргирӣ ба тоҷикон ва шаҳрвандони дигари кишварҳои Осиёи Миёна раҳме намекунад.”

“Агар захмӣ ҳам шаванд, боз дубора ба хати аввали ҷанг мефиристад ва мисли сипари гӯштӣ истифода мекунад,” – гуфт яке аз онҳо, ки ба далели амниятӣ номашро наменависем.

XS
SM
MD
LG