Пайвандҳои дастрасӣ

Кобулов: "Дар сурати таҳдиди ДИИШ аз нерӯ истифода мебарем" САДО


Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Русия дар умури Афғонистон, гуфт, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз Афғонистон ба кишварҳои узви ОДКБ аз нирӯи низомӣ истифода хоҳад шуд. Замир Кобулов рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мавриди истифодаи кадом навъи нерӯҳо мақомоти низомӣ тасмим мегиранд”.

Суоли мо ба Замир Кобулов дар заминаи изҳороти ахири худи ӯ буд, ки гуфт, Маскав аз афзоиши ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон ва талоши онҳо барои пайдо кардани нуфуз дар Осиёи Миёна нигарон шудааст.

Русия мегӯяд, ба хотири мубориза муштарак алайҳи ДИИШ бо Толибон ҳамкорӣ мекунад. Аммо маълум нест, Толибон аз ДИИШ то чӣ ҳад тафовут дорад? Интихоб миёни бад ва бадтарин?

Изҳороти Кобулов ва гузориши шабакаи телевизионии CNN дар бораи додугирифти Русия бо Толибон пушти сари ҳам пахш шуданд. Ду навори видеоӣ, ки CNN пахш кард, то андозае хабарҳои давоми солро тасдиқ намуд, ки Маскав мехоҳад гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро бо дасти Толибон маҳв кунад.

Дар наворҳои ин телевизион гурӯҳе аз шӯришиёни Толибон дар наздикии шаҳри Ҳирот иддао карданд, ки силоҳҳои “Калашников”-и онҳоро гурӯҳи Мулло Ҳайбатулло аз Русия дарёфт кардааст.

Мария Захарова, сухангӯи вазири умури хориҷии Русия, ин хабарҳоро бепоя хонд. Ӯ шоми 25-уми июл ба шабакаи “Радио России” гуфт, қаблан низ расонаҳои Амрико дар бораи таъмини Толибон бо силоҳ аз ҷониби Русия хабарҳои, ба қавли ӯ, дурӯғин нашр карда буданд.

Тибқи гузоришҳои расида аз Афғонистон, дар манотиқи шимоли ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталиф, аз Толибон гирифта то ДИИШ таҷаммӯъ кардаанд. Илҳом Назриев, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳҳои бузург набуда, маъмулан аз 30-40 узв иборатанд ва наметавонанд ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон таҳдид кунанд. Ба қавли ӯ, ҳадафи ин гурӯҳҳо тасарруфи деҳа ё ноҳия аст.

Қосимшоҳ Искандаров.
Қосимшоҳ Искандаров.

Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси масоили Афғонистон, гуфт, аз тасаллути ҳукумати марказӣ дар канор мондани бархе аз аз минтақаҳои шимоли Афғонистон боис шудааст, ки ҷангҷӯёни Толибон ва ДИИШ дар онҷо мустақар шаванд. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, дар баробари ин гуна таҳдид осебпазир аст.

Ӯ гуфт, “Русия мегӯяд, ба хотири мубориза муштарак алайҳи ДИИШ бо Толибон ҳамкорӣ мекунад. Аммо маълум нест, Толибон аз ДИИШ то чӣ ҳад тафовут дорад? Тақрибан ҳамаи амалҳои террористӣ дар Афғонистон ба дасти Толибон анҷом мешаванд. Аз ин лиҳоз эътимод кардани Русия ба як гурӯҳи террористӣ чи маънӣ дорад? Интихоб миёни бад ва бадтарин? То чӣ ҳад дуруст будани ин интихобро вақт нишон медиҳад.”

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон, ки тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, гӯё додугирифти силоҳу лавозимоти ҷангӣ миёни Русияву Толибон тавассути ин кишвар сурат мегирад, рад кардаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон моҳи январи имсол иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро низ рад карда ва онро "дасиса" хонда буд.

Ниҳодҳои низомӣ ва марзбонии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки солҳои ахир вазъият дар манотиқи шимоли Афғонистон ноором ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишвар аз он сӯи Ому бештар шудааст. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин далел нирӯҳои низомии кишвар дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор доранд.

“Дар сурати таҳдиди хатар ё ҳуҷуми ногаҳонӣ мо омода ҳастем, бар зидди ҳама гуна нерӯ истодагарӣ кунем. Мо хуб медонем, ки вазъият дар манотиқи марзии Афғонистон чи гуна аст. Раёсати махсус ҳастанд, ки вазъиятро меомӯзанд. Феълан вазъият дар манотиқи марз бо Афғонистон таҳти назорат аст. Бо нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон дар ин росто ҳамкорӣ дорем”, - афзуд ӯ.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400-километрӣ дорад ва “сирояти” ноамнӣ аз қаламрави Афғонистон беш аз дигарон ба кишвар таҳдид мекунад. Ба ин далел Тоҷикистон солҳои ахир ҳарчӣ бештар шеваҳои мубориза бо террористон ва муқобила бо гурӯҳҳои харобкорро бештар кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG