Пайвандҳои дастрасӣ

Холиқназар: "Тоҷикистон бо Толибон музокирот намекунад". ВИДЕО, САДО


Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки аз соли 2010 ба ин тараф Русия, Чин, Покистон ва Эрон бо Толибон пинҳонӣ музокирот мекунанд.​ Ӯ рӯзи 9 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе далели ин музокиротро мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" номид. Аммо гуфт, ки Тоҷикистон бо Толибон тамос надорад ва музокирот намекунад.

Тоҷикистон танҳо ҳукумати қонунии Афғонистонро эътироф мекунад ва бо ҳеҷ гурӯҳи дигаре дар қаламрави ин кишвар музокирот намекунад.

"Дар бораи вуҷуди музокироти Русия бо Толибон сафири собиқи Русия дар Афғонистон ва як мутахассиси калони ин мавзӯъ Замир Кобулов ҳам дар ин бора гуфта буд. Ин тамосҳо бо Толибон маҳз ба хотири мубориза бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба роҳ монда шудааст. ДИИШ як созмони мамнӯъ дар Русия ва душмани рақами як аст", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Оқои Холиқназар гуфт, ҳамаи қудратҳои ҷойгир дар атрофи Афғонистон, аз ҷумла Покистон, Эрон, Чин, Русия ва дигарон "роҳҳои ҳамкории фаъол бо Толибонро ҷустуҷӯ мекунанд, ки қобили фаҳм аст. Музокироти махфӣ бо онҳо дар Қатар, дар Урумчӣ аз ҷониби мақомоти Чин анҷом шудааст. Ҳама мехоҳанд, бо онҳо тамос барқарор кунанд, то ҳадафҳои аслии ин гурӯҳҳоро бидонанд." Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки оё Тоҷикистон ба унвони кишвари шарики Русия ва Чин дар ин гуфтугӯҳо низ шарик ҳаст ё на, гуфт, "Тоҷикистон танҳо ҳукумати қонунии Афғонистонро эътироф мекунад ва бо ҳеҷ гурӯҳи дигаре дар қаламрави ин кишвар музокирот намекунад."

"Ҷанги иттилоотӣ"-и қудратҳо

Дар ин муҳит, гуфт ӯ, кишварҳои манфиатдор ба таври фаъол ба "ҷангҳои иттилоотӣ даст мезананд". Вай афзуд, "амрикоиҳо русҳоро дар мусаллаҳсозии Толибон муттаҳам карда, гуфтанд, ки гӯё онҳо бо силоҳи монанди "Калашников" Кундузро гирифтанд. Магар ин боваркарданист? Русҳо амрикоиҳоро дар эҷоди гурӯҳҳои марбут ба “Давлати исломӣ” муттаҳам карданд, ки ба онҳо силоҳ дода, гӯё мехоҳанд зидди Осиёи Марказӣ истифода баранд ва ғайраву ҳоказо”.

Худойбердӣ Холиқназар гуфт, муборизаи абарқудратҳо дар робита бо Афғонистон идома хоҳад ёфт. Ба қавли ӯ, агар президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп ба гуфтааш амал кунаду нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон раванд, "вазъ дар минтақа дигар мешавад", вале ҳоло пешгӯӣ кардани ин ҳама душвор аст.

Музокироти пасипардагии Русия бо Толибон

Сӯҳбатҳо дар заминаи вуҷуди музокироти махфӣ ё пасипардагии Русия бо Толибон аз қабл дар бархе расонаҳо матраҳ шудааст. Аз ҷумла, Замир Кобулов, намояндаи Русия барои Афғонистон гуфтааст, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки "мо дар баробарашон дар Сурия даргири ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад."

Вай гуфтааст, Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд. Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузори туркии "Анадолу" гуфта буд, Толибон мавқеъгириашонро тағйир дода ва дигар пойбанди идеологияи ҷаҳонии ҷиҳод нестанд ва барои раҳоии кишварашон аз чанги ишғолгарон ва ташкили ҳукумати мустақил, мубориза мекунанд. Ба гуфтаи вай, Толибон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд, зеро онҳо идеологияи ДИИШ-ро қабул надоранд.

Замир Кобулов.
Замир Кобулов.

Рӯзи 9 январ як намояндаи дафтари Замир Кобулов дар департаменти Осиёи вазорати умури хориҷии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, "Русия бо Толибон музокирот надорад". Аз ин пеш дар як шарҳаш Кобулов ба матбуоти дохилӣ гуфтааст, ки ҳама гуна музокирот дар масъалаи Афғонистон бояд бо ширкати Русия сурат гирад, вале вуҷуди музокироти мустақими байни Маскаву Толибонро рад кард. Вай, инчунин, дар сӯҳбат бо "Интерфакс" гуфтааст, ки Русия дар ҳеҷ як ҷараёни музокироти марбут ба Афғонистон «нақши миёнҷиро ҳам бозӣ намекунад».

Русия дар гузашта бо интиқод аз амалиёти низомии Ғарб дар Афғонистон ва харҷи миллионҳо доллар дар ин кишвар дар солҳои гузашта гуфтааст, ки барои расидан ба сулҳ дар ин кишвар бояд бо ҳарду ҷониби низоъ – ҳам ҳукумати расмӣ ва ҳам Толибон талош кард сари мизи гуфтушунид нишаст.

Оё Русия дар суқути Кундуз даст дошт?

Зимнан, соли 2016 як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба оҷонсии хабарии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Кундуз дар ду соли ахир ду дафъа барои чанд рӯз ба ихтиёри Толибон гузашта буд.
Кундуз дар ду соли ахир ду дафъа барои чанд рӯз ба ихтиёри Толибон гузашта буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба Associated Press гуфтааст: "Русҳо ба Толибон пул ва силоҳ доданд, то онҳо алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, вориди набард шаванд. Бад ин тартиб, дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатамётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд".

Зимнан, музокироту ҳамкориҳои Русия бо гурӯҳи Толибони Афғонистон мавзӯи тоза набуда ва дар зарфи як соли ахир расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, нашрияи бритониёии The Sunday Times дар шумораи рӯзи 27 декабри соли 2015 аз қавли як фармондеҳи ҷангииТолибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари вақти ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар дода буд.

Вале сухангӯи Кремл ба The Sunday Times гуфта буд, ин хабар асос надорад. Дар ҳоле ки тасдиқи иддаои омада дар гузориши The Sunday Times аз сӯи манобеи дигар имкон надошт, вале Владимир Путин рӯзҳои 15-16 моҳи сентябри соли 2015 ба манзури иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе қарор дошт.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пас аз як рӯзи чопи ин матлаб дар The Sunday Times дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "дар миёни Толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст.”

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG