Пайвандҳои дастрасӣ

"Кашфи силоҳҳои русӣ аз Толибон дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон"


Ба дунболи нашри гузоришҳо дар бораи афзоиши тамосҳо ва робитаҳои Эрон ва Русия бо гурӯҳи Толибон, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ҳеҷ кишваре набояд бо гурӯҳҳое, ки душмани Афғонистон ҳастанд, дар тамос бошад. Сиддиқ Сиддиқӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Франс-пресс" аз Эрон ва Русия хост, то бо Афғонистон дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд.

Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳое аз фиристодани силоҳ аз Русия ба гурӯҳи Толибон нашр шуда буд. Дар ҳамин бора як мақоми амниятии Афғонистон ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки силоҳҳое дар нуқтаҳои марзии Афғонистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи Толибон кашф шудааст, ки сохти Русия ҳастанд.

Ҷон Николсон, фармондеҳи баландпояи низомии Амрико дар Афғонистон низ ба тозагӣ аз ончи "нуфузи бадхоҳона"-и қудратҳои хориҷӣ дар Афғонистон хонд, интиқод кардааст. Ӯ гуфтааст, ривояти Русия аз таҳаввулоти Афғонистон ин аст, ки гурӯҳи Толибон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҷанг аст ва ба ҳамин сабаб бо он ҳамкорӣ мекунад.

Ҷон Николсон.
Ҷон Николсон.

Ин фармондеҳи низомии Амрико бо радди ин дидгоҳи Русия гуфтааст, ки ин машруияти умумӣ, ки Русия бо ин ривоят ба Толибон медиҳад, бар пояи воқеиятҳо набуда, балки омиле аст, ки талошҳои давлати Афғонистон ва НАТО-ро заиф ва даргириҳоро бештар менамояд.

Як фармондеҳи Толибон ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳимояи аслиҳавии Русия аз Толибон ва дар ҳамлаи ин гурӯҳ ба Кундуз ва тасарруфи чандрӯзаи ин шаҳр аз сӯи Толибон, таъсир доштааст. Русия бо онки аз сӯи бархе манбаъҳои амниятии Афғонистон муттаҳам ба фиристодани силоҳ ба Толибон шудааст, аммо ба таври расмӣ аз пуштибонони артиши Афғонистон ба шумор меравад.

Русия аз густариши фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нигарон аст ва бинобар ҳамин дар як соли гузашта, гузоришҳое дар бораи робитаҳои ин кишвар бо Толибон нашр шудааст. Ахиран Замир Кобулов, намояндаи Русия барои Афғонистон гуфтааст, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки "мо дар баробарашон дар Сурия даргирӣ ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад". Вай гуфтааст, ки Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд.

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории туркии "Анадолу" дар дифоъ аз Толибон ҳамчунин гуфта буд, ки Толибон мавқифашонро тағйир дода ва дигар пойбанди идеологияи ҷаҳонии ҷиҳод нестанд ва барои раҳоии кишварашон аз чанги ишғолгарон ва ташкили ҳукумати мустақил, мубориза мекунанд. Ба гуфтаи вай, Толибон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд, зеро онҳо идеологияи ДИИШ-ро қабул надоранд. Замир Кобулов дар ин мусоҳиба, ҳамзамон аз тамосҳои мақомҳои русӣ бо Толибон сухан гуфта буд.

Замир Кобулов.
Замир Кобулов.

Авоили соли ҷорӣ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Аз сӯи дигар, мақомоти амрикоӣ ва афғон талошҳои Эронро ҳам монанди Русия дониста ва гуфтаанд, ки робитаҳое миёни Эрон ва Толибон вуҷуд дорад.Чанд моҳ пеш рӯзномаи "Аш-Шарқ Ал-Авсат" суханони Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибонро нашр карда буд, ки дар он аз қавли Муҷоҳид баён шуда буд, ки ин гурӯҳ бо Эрон "робита ва шабакаҳои нав" барқарор кардааст. Дар ҳамин бора ду ҳафта пеш, сафири Эрон дар Афғонистон бо таъйиди вуҷуди тамосҳое байни Теҳрон ва Толибон, ҳадаф аз ин тамосҳоро "назорат ва сарпарастии иттилоотӣ" гуфта буд.

Сафири Эрон дар Афғонистон Муҳаммадризо Баҳромӣ.
Сафири Эрон дар Афғонистон Муҳаммадризо Баҳромӣ.

Сафири Эрон дар Афғонистон Муҳаммадризо Баҳромӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони "Ориёно"-и Афғонистон гуфта буд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон "бо Толибон тамос дорад, аммо робитае надорад". Оқои Баҳромӣ ҳамчунин гуфта буд, ки Эрон талош дорад то заминаи гуфтугӯҳо миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибонро фароҳам созад.

Масъалаи робита ва тамоси Эрон ва Толибон вақте мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки мушаххас шуд, Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибон, ки дар баҳори соли ҷорӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон кушта шуд, сафарҳое "бо визаи муътабар" ба Эрон дошта ва чанд соат пеш аз кушта шудан, "аз Эрон вориди Покистон шуда буд".

Вазорати умури хориҷии Эрон қаблан ҳузури бархе аз раҳбарони гурӯҳи Толибонро дар Эрон радд карда буд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ хабарҳо дар бархе аз расонаҳои Афғонистон оид ба ҳузури шуморае аз раҳбарони Толион дар Эрон ва ҳамкории Теҳрон бо ин гурӯҳро "бепоя ва беасос" хонда ва гуфта буд, ки робитаи Эрон ва Афғонистон бар асоси ҳамкориҳои давлатӣ, дӯстона ва амнияти муштарак бунёд шудааст.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG