Даъват нашудани Афғонистон ба нишасти сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар мавриди вазъияти Афғонистон, ки имрӯз дар Маскав баргузор мешавад, хашми Кобулро барангехтааст. Нишасти намояндагони Русия, Покистон ва Чин барои баррасии вазъи Афғонистон, имрӯз, 27 декабр дар Маскв баргузор мешавад. Ва ин, ки чаро аз ҳукумати Афғонистон барои ширкат дар ин нишаст даъват ба амал оварда нашудааст, ҷузъиёте дар даст нест.
Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин нишастҳо бидуни ширкати намояндаҳои ҳукумати Кобул, суолбарангез аст ва норӯшанӣ дар ин гуна нишастҳо барои Афғонистон нигаронкунанда мебошад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфт, "баррасии вазъияти Афғонистон бидуни ширкати ҷониби афғонӣ, ҳарчанд бо нияти нек ҳам сурат бигирад, аз як тараф наметавонад ба баррасии воқеъбинонаи вазъият кӯмак кунад ва аз сӯи дигар пурсишҳои ҷиддиро дар хусуси ҳадафҳои ин гуна нишастҳо назди мардуми Афғонистон ба миён меоварад."
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон Аҳмад афзуд, "дар робита бо нишасте, ки гӯё барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор мешавад, бо ҳукумати Афғонистон машварат сурат нагирифтааст ва ё ин, ки давлати Афғонистон ба баргузории он мувофиқ аст ё на, ин ба назар гирифта нашудааст. Дар нишасте, ки Афғонистон ба он даъват нашудааст, наметавон ба паёмад ё муваффақияти он хушбин буд."
Рӯзи душанбеи 26 декабр парлумони Афғонистон нишасти Маскавро як мудохилаи ошкор дар умури дохилии он кишвар донист. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон дар нишасти умумии Маҷлиси намояндагон аз ҳукумати он кишвар хост, то дар ин маврид мавқифашро рӯшан намояд. Вай гуфт, ки "ин як мудохилаи ошкор аст ва аз ҳукумати Афғонистон мехоҳем дар робита бо ин тасмим, бо кишварҳои зидахл дар тамос шавад."
Ин дар ҳолест, ки Сенати Афғонистон низ рӯзи якшанбе дар робита ба баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон, аксуламал нишон дод ва онро ғайримашрӯъ хонд. Тибқи бархе аз гузоришҳои таъйидношуда, эҳтимолан намояндагони Толибон дар нишасти Маскав ширкат ва суханронӣ кунад.
Покистон ва Чин, ки аз ширкаткунандагони аслии нишасти имрӯз дар Маскав ҳастанд, аз муттаҳидони калидии якдигар дар минтақа ба шумор мераванд. Ҳукумати Афғонистон аз солҳо ба ин тараф Исломободро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон муттаҳам мекунад. Аммо Покистон ҳамвора ин иттиҳомро радд кардааст.
Русия ки мизбони ин нишаст аст, ахиран аз ҳамкориҳояш бо гурӯҳи Толибон парда бардошт, аммо дар ниҳоят намояндаи он кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта гуфт, ки тамоси Маскав бо Толибон танҳо ба хотири муҳофизати шаҳрвандони Русия дар Афғонистон аст, то онҳо ба кору фаъолияти худ идома диҳанд ва осеб набинанд..
Ачоиб борон бора меган борон борид набора меган наборид😂😂
Максади Чинихо Империя сохтан АСТ ва насли худро дар тамоми дунё пахн кардан он карзе метан он ободиро мекнан ба насли худшон мекнан. Давлатхои пешрафтаи дунё ба Чинихо чой барои пахн кардани насл ва тичорат дар дохили давлати худ намедиханд. Точикистон, ки аз Руссхо, аз Амрико ва Аврупо тарс дорад барои. Иваз намудани системаи оилави.Ба Чинихо Сабаби заминро додан низ дар он буд ки то Чинро дар пушташ оила бачо шавад.Лек афсус сад афсус ки нафахмид ки Сабаби пешрафти Чин низ вобастагии сахт аз Руссхо,Амрикоихо ва Аврупоихо АСТ. Чин танхо роли миёнарав ва азхуд намудани сиру асрори оиларо ва аз хисоби захирахои модди Яьне тилло ва сангхои киматбахо то уран Гани гардонидани бучети худро дорад. Вакте чор давлати абаркудрат ки нишаст яке мегуяд бародаро ахолии Ман бисёр зиндаги ва ором нигох доштан мушкил. Он замон пешниход мешавад ки он давлатхое ки чавонмардони худро мекшан нест мекнан ингуна давлатхо ки дар Дасти як оила хастанд ва тамоми бойгариро як оила истифода мебарад ва Чи Абаркудратхо ва Чи мардуми худро фиреб ва нест карда истодааст пешниход мекнан Ки уна хаму миллат рохбари окил надорад бра чизеш хаст Гир ва Чи маьлумоте дорад аз хисоби аз он чо неьматхои модди гирифтаад ба мо дех. Хар касе тамоми маьлумотро дорад у идоракунии дунёро дорад. Биробар ин Чи Точикистон ба тарафи Чин меравад Чи ба дигар тараф бо рохбарони опозитциони гуё худро мукобил сохтааш касе бовар намекнад. Зеро бо хилаву найранг дигар идора кардани давлат имкон надорад. Точикистон ва Рохбарони он имруз бояд нишинанд ва дар кучо ба хатоги рох додаашнро Ислох кнан ва тамоман дигар шаванд.Зеро фиреб ва тарс дигар кор намеояд танхо аз сидки Дил бояд мардумро дуст дошт. Шахсе ки насли худро ба нести бурд наздик шуд ки хдаш нест шавад. Милати худро дуст дошт. На бо забон на бо гуфтор бо магзи фикр бо вучуд бо хасти. Милати худро набояд горат кард.
Дӯстон аз пушти як луқмаи нон шуда арзандааст зердасти дигар давлат шудан? Фикр кунед ба ғайр аз мо ки ғами миллати моро мехурад? Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад аввал мустақилияташро аз даст медиҳад. Давлатеки мустақил набошад........ "Ҳар беша гумон мабар ки холист" Россия мақсадаш дигар аст агар мехост ба Тоҷикистон кӯмак намояд аввал ҳоли муҳоҷииронро хуб мекард. На ин ки хамаруза даҳҳо тобут ба Ватан баргардад.
Ин бечораи Катавозайро хам монанди Бобаки Занчони кидат карданд. Бо ин кор Хукумати мо харгиз пеш намеравад, баръакс ба худ душман чамъ мекунаду халос ва баъдан окибати худшонам кидат аст
дар чашми ахли оила хокпоши доранд