Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро радд кард ва онро "дасиса" хонд.
Раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ авоили моҳи моҳи ҷорӣ дар як сӯҳбат ба радиои паштузабони "Spogmai" иддао карда буд, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон, аз тарафи муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мешаванд.
Душанбеи расмӣ баёнияи раиси собиқи вилояти Кундузи Афғонистон Умар Софӣ роҷеъ ба тармими танкҳои Толибон дар ҳудуди Тоҷикистонро, “дасиса” хонд.
Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки "чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд."
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кардааст, ки "ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоте, ки Афғонистон аз сари худ мегузаронад, омилҳои таъсиромез ба вазъият дар ин кишвар ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот, намояндагони расмии Кобул масири номуайянеро пеша кардаанд”.
Аз ин қабл низ мақомоти дигари Тоҷикистон ин иддаои раиси пешини вилояти Кундузро радд карда буданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 2 январ дар сӯҳбат ба Радио Озодӣ ин хабарро "беасос" хонда ба гуфта буд, ки онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Раиси вилояти Хатлони ҳаммарз бо Кундузи Афғонистон Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода низ ду рӯзи пеш зимни нишасти хабарӣ ба ин иддаои волии пешини Кундуз вокуниш нишон дода ва гуфта буд, "танк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ."
Дар авохири моҳи гузашта Умар Софӣ, волӣ ё раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон, зимни сӯҳбат бо радиои паштузабони “Spogmai” гуфта буд, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст.
Дар ин хабар, ки шуморе аз расонаҳои Афғонистон онро бознашр кардаанд, Умар Софӣ гуфта буд, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва аз сӯи муҳандисони рус барои Толибон тармим мешаванд.
Иддаои раиси пешини вилояти Кундуз дар мавриди тармиму бозсозӣ шудани васоили ҷангии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ хабарҳо дар мавриди ҳимояти русҳо аз гурӯҳи Толибон бештар шудааст. Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳое аз фиристодани силоҳ аз Русия ба гурӯҳи Толибон нашр шуда буд. Дар ҳамин бора як мақоми амниятии Афғонистон ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфта буд, ки силоҳҳое дар нуқтаҳои марзии Афғонистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи Толибон кашф шудааст, ки сохти Русия ҳастанд.
Як фармондеҳи Толибон низ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳимояи аслиҳавии Русия аз Толибон ва дар ҳамлаи ин гурӯҳ ба Кундуз ва тасарруфи чандрӯзаи ин шаҳр аз сӯи Толибон, таъсир доштааст. Русия бо онки аз сӯи бархе манбаъҳои амниятии Афғонистон муттаҳам ба фиристодани силоҳ ба Толибон шудааст, аммо ба таври расмӣ аз пуштибонони артиши Афғонистон ба шумор меравад.
ВИДЕО: "Тоҷикистон бо Толибон музокирот намекунад"
Авоили соли гузашта як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.
Ачоиб борон бора меган борон борид набора меган наборид😂😂
Максади Чинихо Империя сохтан АСТ ва насли худро дар тамоми дунё пахн кардан он карзе метан он ободиро мекнан ба насли худшон мекнан. Давлатхои пешрафтаи дунё ба Чинихо чой барои пахн кардани насл ва тичорат дар дохили давлати худ намедиханд. Точикистон, ки аз Руссхо, аз Амрико ва Аврупо тарс дорад барои. Иваз намудани системаи оилави.Ба Чинихо Сабаби заминро додан низ дар он буд ки то Чинро дар пушташ оила бачо шавад.Лек афсус сад афсус ки нафахмид ки Сабаби пешрафти Чин низ вобастагии сахт аз Руссхо,Амрикоихо ва Аврупоихо АСТ. Чин танхо роли миёнарав ва азхуд намудани сиру асрори оиларо ва аз хисоби захирахои модди Яьне тилло ва сангхои киматбахо то уран Гани гардонидани бучети худро дорад. Вакте чор давлати абаркудрат ки нишаст яке мегуяд бародаро ахолии Ман бисёр зиндаги ва ором нигох доштан мушкил. Он замон пешниход мешавад ки он давлатхое ки чавонмардони худро мекшан нест мекнан ингуна давлатхо ки дар Дасти як оила хастанд ва тамоми бойгариро як оила истифода мебарад ва Чи Абаркудратхо ва Чи мардуми худро фиреб ва нест карда истодааст пешниход мекнан Ки уна хаму миллат рохбари окил надорад бра чизеш хаст Гир ва Чи маьлумоте дорад аз хисоби аз он чо неьматхои модди гирифтаад ба мо дех. Хар касе тамоми маьлумотро дорад у идоракунии дунёро дорад. Биробар ин Чи Точикистон ба тарафи Чин меравад Чи ба дигар тараф бо рохбарони опозитциони гуё худро мукобил сохтааш касе бовар намекнад. Зеро бо хилаву найранг дигар идора кардани давлат имкон надорад. Точикистон ва Рохбарони он имруз бояд нишинанд ва дар кучо ба хатоги рох додаашнро Ислох кнан ва тамоман дигар шаванд.Зеро фиреб ва тарс дигар кор намеояд танхо аз сидки Дил бояд мардумро дуст дошт. Шахсе ки насли худро ба нести бурд наздик шуд ки хдаш нест шавад. Милати худро дуст дошт. На бо забон на бо гуфтор бо магзи фикр бо вучуд бо хасти. Милати худро набояд горат кард.
Дӯстон аз пушти як луқмаи нон шуда арзандааст зердасти дигар давлат шудан? Фикр кунед ба ғайр аз мо ки ғами миллати моро мехурад? Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад аввал мустақилияташро аз даст медиҳад. Давлатеки мустақил набошад........ "Ҳар беша гумон мабар ки холист" Россия мақсадаш дигар аст агар мехост ба Тоҷикистон кӯмак намояд аввал ҳоли муҳоҷииронро хуб мекард. На ин ки хамаруза даҳҳо тобут ба Ватан баргардад.
Ин бечораи Катавозайро хам монанди Бобаки Занчони кидат карданд. Бо ин кор Хукумати мо харгиз пеш намеравад, баръакс ба худ душман чамъ мекунаду халос ва баъдан окибати худшонам кидат аст
дар чашми ахли оила хокпоши доранд