Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ кушта шудани ду қочоқчии афғонро тасдиқ кард


Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 7 январ хабари кушта шудани ду қочоқбари маводи мухаддир дар сарҳади кишвар бо Афғонистонро тасдиқ карданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, амалиёт охири моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд.

Майдонҳои кишти маводи мухаддир маъмулан зери назари гурӯҳҳои шӯришиву силоҳбадаст ҳастанд ва аз ҳамин хотир ҳам муқобила бо онҳо барои ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ кори осон нест.

Манбаъ афзуд, қочоқчиёни дигар бо истифода аз торикӣ тавонистаанд аз ҷойи ҳодиса фирор кунанд. "Сарҳадбонҳо аз маҳалли даргирӣ 2,5 кило ҳашиш ва 31 кило афюнро ошкор ва мусодира намуданд. Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳқиқи онро идома медиҳад", - афзуд Улуғхоҷаев.

Сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар посух ба суоли онки чаро вокуниши онҳо бо таъхир пахш шуд, гуфт, "чунин хабарҳо бо тавзеҳи мутахассисон ба расонаҳо дастрас мешавад. Барои ҳамин, вокуниши ҷониби Тоҷикистон баъди расонаӣ шудани ин хабар аз тарафи мақомоти Афғонистон ба матбуот фиристода шуд."

Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, дар соли 2016 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар маҷмӯъ, 26 даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғон рух дода буд. Дар ин ҳодисаҳо 16 қочоқчӣ кушта, 6 нафар захмӣ ва 18 тани дигар боздошт шудаанд. Ба қавли сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, марзбонони тоҷик соли гузашта дар сарҳад ҳудуди як тонна маводи мухаддир, даҳҳо яроқи оташфишони гуногунтамға, тир, норинҷак ва лавозимоти дигари ҷангиро ошкор ва мусодира кардаанд.

Изҳори назари мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар робита ба вазъи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҳолест, ки бино ба гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид, тавлиди афюн дар Афғонистон 43 дар сад афзоиш ёфтааст. Қаблан Юрий Федотов, раҳбари иҷроияи Дафтари маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Миллали Муттаҳид (UNODC) гуфта буд, ки натиҷаҳои таҳқиқот ташвишовар аст ва истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир то рафт ба рушди ҷомеа, вазъи сиҳатӣ ва муҳити куллии ҷомеаи Афғонистон таъсир мерасонад.

Юрий Федотов
Юрий Федотов

Вай аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, барои пешрафти Афғонистон ва ҳам муқобила бо маводи мухаддир ба хотири бунёди ҷомеаи босуботу солим, мубориза бо фақр ва таъмини мардум бо кор ёрии худро дареғ надоранд.​ Дар миёни вилоятҳои пешсафи кишти маводи мухаддир – Ҳилманд бо 40 дар сади кулли ҳаҷми маводи мухаддири парваришёбанда дар Афғонистон қарор дорад. Баъди он Қандаҳор, Урузгон, Нангарҳор, Фараҳ, Бадахшон ва Нимрӯз аст.

Майдонҳои кишти маводи мухаддир маъмулан зери назари гурӯҳҳои шӯришиву силоҳбадаст ҳастанд ва аз ҳамин хотир ҳам муқобила бо онҳо барои ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ кори осон нест. Маводи мухаддир даромади аслии Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯриширо ташкил медиҳад.

Ҳудуди 1400 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Дар ин авохир бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG