Пайвандҳои дастрасӣ

Cафири Тоҷикистон иддаоҳои вакили афғонро "дурӯғ" хонд? ВИДЕО


Сафири Тоҷикистон дар Кобул иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд.

Шарофиддин Имомов рӯзи душанбеи 13 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шуд. Вай гуфт: "Ду рӯзе қабл бо Абдулвадуд Паймон сӯҳбат карда ва манбаи ин хабаррро пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз мардуми маҳал шудааст. Барои тасдиқи ин хабар ҳеҷ далеле оварда натавонист. Баъдан узрхоҳӣ кард, ки бо такя ба овозаҳо ин хабарро дар расонаҳои Афғонистон пахш кардааст.”

Шарофиддин Имомов бо Салоҳиддин Раббонӣ. Акс аз бойгонӣ.
Шарофиддин Имомов бо Салоҳиддин Раббонӣ. Акс аз бойгонӣ.

Абдулвадуд Паймон гуфтааст, дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон номумкин аст, Толибон дар ин минтақа бо силоҳҳои муосир мусаллаҳ мешаванд. Вай дар ин росто ангушти ишорат ба сӯи Русия карда ва гуфтааст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути дарёи Ому ба ҳангоми шаб ба вулусволӣ ё ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқади вилоятҳои Кундуз ва Тахор интиқол мешаванд.

Паймон рӯзи якшанбе 12 феврал ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз шикояту нигарониҳои мардуми ин минтақа сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро шарик сохтааст.” Абдулвадуд Паймон насби дурбинҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро нишонае аз ҳузури низомиёни рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Аз сӯи дигар, Муҳаммадюсуф Аюбӣ, раиси шӯрои вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, мардуми маҳаллӣ ба ин боваранд, ки Толибон аз тариқи дарёи Ому силоҳро ба тарафи Афғонистон интиқол медиҳанд. Вай гуфтааст, ки аммо дар ин бора далеле дар даст надоранд: "Ҳамин сӯҳбатҳоро ман дирӯз шунидам. Агар маълумоте ба даст омад, шуморо дар ҷараён мегузорам. Овозаҳо ҳаст, аммо мо маълумоти дақиқ надорем."

Шаҳри Кундуз.
Шаҳри Кундуз.

Аммо Шарофиддин Имомов ҳама гуна иддаҳо дар мавриди интиқоли силоҳи русӣ ба шимоли Афғонистон аз қаламрави ин кишварро рад карда ва гуфт, дар муддати 12 соли ахир ҳифзи сарҳадоти ҷанубии кишварро марзбонҳои тоҷик дар даст дошта ва ҳеч низомии рус имкони дастрасӣ ба манотиқи сарҳадиро надоранд ва дурбинҳои назоратӣ аз ҷониби марзбонҳои тоҷик барои ҳифзи хатти сарҳадот насб шудааст. Вай гуфт, маҳз тавассути ин дурбинҳо дар охирҳои ҳафтаи гузашта аз вуруди се гурӯҳи қочоқбари афғон ба ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз кӯшиши қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд. Бар асари задухӯрд 4 қочоқчии афғон кушта шуда, дар маҳали ҳодиса ба миқдори 75 килограмм маводи мухаддир, силоҳу тир ва ду заврақи резинӣ кашф ва мусодира шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 13 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар имтидоди марзи Тоҷикистону Афғонистон танҳо чанд ҳодисаи талош барои убури ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба мушоҳида расидааст. Аммо ба гуфтаи вай, “интиқоли силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ғайриимкон аст.” Вай хабари тавассути киштиҳо шабона аз Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқад интиқол шудани силоҳҳои русиро нодуруст хонда ва гуфт, “дар минтақаҳои сарҳадии дарёи Омӯ ҳеҷ киштие рафту омад намекунад”.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз баррасиҳо мавқифи худро эълон хоҳанд кард, зеро то ба ҳол ҳеҷ санади боварибахш дар ин робита дар ихтиёри онҳо нест: "То ба ҳол дар ин робита санади боварибахше дар даст нест. Дар ин маврид таҳқиқ менамоем ва агар ин масъала воқеият дошта бошад, давлат ва вазорати умури хориҷӣ назар хоҳанд дод."

Ин барои бори аввал нест, ки иддаоҳо дар мавриди кӯмаки низомии Русия ба Толибон расонаӣ мешавад. Аз ҷумла дар авохири моҳи декабри соли гузашта Умар Софӣ, волӣ ё раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон, зимни сӯҳбат бо радиои паштузабони “Spogmai” гуфта буд, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст.

Умар Софӣ, раис ё волии пешини Кундуз.
Умар Софӣ, раис ё волии пешини Кундуз.

Умар Софӣ гуфта буд, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва аз сӯи муҳандисони рус барои Толибон тармим мешаванд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро радд кард ва онро "дасиса" хонд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин баёнияи худ аз ҷумла гуфта буд, ки "чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд."

Раиси вилояти Хатлони ҳаммарз бо Кундузи Афғонистон Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода низ дар моҳи якнвар зимни нишасти хабарӣ ба ин иддаои волии пешини Кундуз вокуниш нишон дода ва гуфта буд, "танк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ."

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад, ки посбонии бисёре аз минтақаҳои он сахт аст ва харҷи зиёд металабад. Ин марзи тӯлонӣ яке аз роҳҳои қочоқчи маводи мухаддир аст ва солона дар он даҳҳо кӯшиши убури ғайриқонунӣ ва даргирӣ байни марзбонони тоҷику қочоқбарон ба қайд гирифта мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз таҷаммӯи ҷангиён дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон нигаронӣ кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG