Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз кӯмаки низомии русҳо ба Толибон нигарон аст


Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон рӯзи душанбеи 24 апрел аз эҳтимоли ирсоли силоҳҳои русӣ ба гурӯҳи Толибон хабар дод ва гуфт, ки агар Маскав барои шӯришиён кӯмаки таслиҳотӣ кунад, Вашингтон бо ин мухолифат хоҳад кард.​ Генерал Ҷон Николсон зимни як нишасти муштараки хабарӣ бо Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико дар Кобул, бидуни тавзеҳоти зиёд дар ин робита афзуд, ки ӯ эҳтимоли фиристодани аслиҳа аз сӯи Русия ба Толибонро радд намекунад.

Чанд соат қабл як афсари баландпояи амрикоӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Русия силоҳҳое монанди "Калашников" ва абзорҳои ҷангии миёна, назири пулемётро дар ихтиёри Толибон мегузорад. Ин афсари аршад, ки номаш фош нашудааст, гуфтааст, ки Толибон аз ин силоҳҳо дар вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор ва Урузгон истифода мекунанд.

Генерал Ҷеймс Маттис нахустин узви кобинаи президент Доналд Трамп аст, ки дар як сафари ғайримунтазира ба Афғонистон сафар кард ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ва мақомоти дигари баландпояи афғон, мулоқот намуд.

Русия ирсоли аслиҳа барои Толибонро радд мекунад ва ба гуфтаи мақомҳои русӣ, тамоси онҳо бо Толибон, танҳо даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст. Русия ҳамчунин хостори лағви таҳримҳо алайҳи он раҳбарони Толибон мебошад, ки ба гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ва раванди оштии миллӣ, ҳамкорӣ мекунанд.

Вазири дифои Амрико Ҷеймс Маттис дар ин нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба фаъолиятҳои Русия дар Афғонистон гуфт, ки Вошингтон аз ирсоли силоҳҳои русӣ ба ҷангиёни Толибон нигарон аст. Ӯ афзуд, “то ҷои мумкин бо Русия аз роҳи дипломатӣ бархӯрд хоҳем кард. Аммо дар сурате, ки Русия бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал кунад ё ҳокимияти миллии кишварҳои дигарро дар назар нагирад, мо монеъ хоҳем шуд. Барои мисол, сарозер шудани ҳамагуна силоҳ ба инҷо аз кишварҳои хориҷӣ, хилофи қонунҳои байналмилалист.”

Ҳамзамон генерал Николсон рӯзи 24 апрел гуфт, ки эҳтимол дорад, шабакаи Ҳаққонӣ, ки қароргоҳаш дар Покистон мебошад, масъули ҳамлаи рӯзи 21 апрел ба як пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Мазори Шариф бошад. Дар ин ҳамла 140 нафар кушта ва ҳудуди 60 тани дигар захмӣ шуданд. ​Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифтааст.

Генерал Ҷеймс Маттис нахустин узви кобитаи президент Доналд Трамп аст, ки дар як сафари ғайримунтазира ба Афғонистон сафар карда ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ва мақомоти дигари баландпояи афғон мулоқот кард. Сафари ин мақоми баландпояи амрикоӣ дар чаҳорчӯбаи сафари ӯ ба шаш кишвари ҳампаймони Амрико сурат гирифт, ки ҳадафи он, ҳамоҳангӣ дар мубориза алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳое мебошад, ки Амрико аз онҳо нигаронӣ дорад. Генерал Никосол ахиран ба Конгресси Америка гуфта буд, ки барои таъмини амният дар Афғонистон ва кӯмак ба нерӯҳои афғон, ба даҳ ҳазор нерӯи иловагӣ ниёз дорад.

Барои бори аввал нест, ки мақомоти амрикоӣ аз ирсоли силоҳҳои русӣ ба гурӯҳи Толион нигаронӣ мекунанд. Соли 2016 низ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба оҷонсии Associated Press гуфта буд, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак кардааст.
Гуфта мешавад, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кумак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ додааст. Баъзе мақомҳои Афғонистон низ охири соли гузашта гуфтанд, ки Толибон аз тариқи марзҳои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия таъмин ва танкҳояшон таъмир мешавад.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG