Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул: "Кишварҳое, ки фикр мекунанд Толибон зидди ДИИШ-анд, иштибоҳ мекунанд"


Пас аз он, ки фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов аз эҳтимоли истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи ДИИШ дар ин кишвар ҳушдор дод, раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, кишварҳое, ки фикр мекунанд Толибон мухолифи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, иштибоҳ мекунанд. Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин изҳороти намояндаи вижаи Русия гуфтааст, ки кишварҳои минтақа бояд дар мубориза алайҳи терроризм, “масъулона” амал кунанд.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯз 24-уми июл зимни як нишасти хабарӣ бо баёни ин матлаб ҳамчунон гуфтааст, ки ҳар гуна тамос бо гурӯҳҳои террористӣ аз сӯи ҳар кишваре, метавонад вазъият дар минтақаро печидатар ва хатарноктар кунад.

ДИИШ барои бори аввал ду сол пеш дар вилоятҳои шарқии Афғонистон сар баланд кард ва бар асоси маълумоти ҳукумати Афғоинстон, шумораи нерӯҳои ин гурӯҳ аз ҳудуди чаҳор ҳазор нафар ба камтар аз як ҳазор нафар, коҳиш ёфтааст

Вай аз ҷумла гуфтааст, “мо интизор дорем, ки кишварҳои минтақа мисли ҳукумати Афғонистон дар мубориза бо терроризм масъулона рафтор кунанд, онро ба унвони як намуна қабул кунанд. Мо бештарин зарбаҳоро алайҳи ДИИШ дар Афғонистон ворид кардаем". Сарпарасти дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ин кишвар дар хатти аввали ҷанг бо терроризм қарор дорад ва ҳар рӯз дар ин роҳ қурбонӣ медиҳад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфтааст, афзоиши афроди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва талошҳо барои сохтани пойгоҳ дар ва Афғонистон ва пайдо кардани нуфуз Осиёи Миёна, барои Маскав нигаронкунанда аст. Вай дар ин бора гуфтааст, агар ҳукумати Афғонистон ва низомиёни хориҷӣ мустақар дар ин кишвар дар мубориза бо ДИИШ “бетафовут” бошанд, Русия алайҳи ин гурӯҳ аз нерӯи низомӣ истифода хоҳад кард.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон.

ДИИШ барои бори аввал ду сол пеш дар вилоятҳои шарқии Афғонистон сар баланд кард ва бар асоси маълумоти ҳукумати Афғоинстон, шумораи нерӯҳои ин гурӯҳ аз ҳудуди чаҳор ҳазор нафар ба камтар аз як ҳазор нафар, коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти афғон, бештарин афроди ДИИШ, аз ҷумла се фармондеҳи онҳо дар Афғонистон кушта шудаанд. Аммо ончи Русияро нигарон кардааст, ҳузури ҷангиёни ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон аст.

Коршиносон мегӯянд, ки Русия аз интиқоли ҷангиён аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна, ки зери нуфузи ин кишвар аст, хавф дорад. Ҷовид Кӯҳистонӣ, коршиноси умури низомӣ мегӯяд, ки “русҳо ҳамвора аз ин ноҳия нигаронӣ доштанд. Аз фуруд омадани ҳавопаймоҳо дар минтақаҳои зери нуфузи ДИИШ борҳо шикоятҳое вуҷуд дошт ва аз сӯи мақомоти маҳаллӣ таъйид шуд. Ин нигарониҳо афзоиш ёфт ва русҳо тайи ду соли ахир аз ин ҷиҳат нигарониҳояшонро бо ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ дар миён гузоштанд.”

Аммо вазорати дифои Афғонистон ба кишварҳои минтақа итминон додааст, ки нерӯҳои амниятии он кишвар ба ҳеҷ гурӯҳ иҷоза нахоҳанд дод то аз тариқи хоки ин кишвар, амнияти кишварҳои минтақаро ба хатар рӯбарӯ созанд. Ба гуфтаи Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, дар шимоли он кишвар ДИИШ ҳузури нигаронкунанда надорад, аммо вай таъкид кард, ки дар ин бахши Афғонистон, бештар ҷанҷӯёни кишварҳои минтақа ҳузур доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG