Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи амрикоӣ ҷанги зидди Толибонро “як бунбаст” номид. ВИДЕО


Як фармондеҳи аршади амрикоӣ гуфт, ки ҷанг зидди Толибон дар Афғонистон ба як бунбаст мебарад. Генерал Ҷон Николсон инчунин дар баробари Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенат рӯзи 9 феврал гуфт, ки Русия ба таври қобили мулоҳиза пуштибонии ошкору ниҳони худро аз Толибон “ба хотири ба ҳам задани талошҳои ИМА ва НАТО” вусъат бахшидааст. Арзёбиҳои генерал Николсон, ки раҳбарии амалиёти низомӣ дар Афғонистонро ба ӯҳда дорад, дар муқоиса бо он чи ки то ҳол мақомоти амрикоӣ дар бораи мушкилоти амрикоиҳо дар Афғонистон мегуфтанд, бепардаву воқеъбинона гуфта шудааст.

Вай гуфт: "Дахолати Русия дар соли ҷорӣ хеле вазъро душвор кард. Пеш аз ҳама онҳо ба таври ошкоро ба қонунӣ кардани Толибон шурӯъ карданд. Ривояти онҳо ин аст, ки гӯё Толибон зидди гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” меҷанганд ва ҳукумати Афғонистон тавони анҷоми ин корро надорад. Ин як ривояти дурӯғин аст. Ҳукумати Афғонистон ва нирӯҳои зиддитеррористии ИМА зидди гурӯҳи “Далвати исломӣ” дар Афғонистон ба таври муваффақиятомез меҷанганд. Танҳо дар ҳамин як соли охир мо шумори онҳоро нисф кардем, қаламравҳои зери назари онҳоро то 70 дар сад кам кардем. Мо раҳбари онҳо ва дар асл 12 раҳбари дигари ин гурӯҳро нобуд кардем ва ҳамоно амалиёти онҳоро ба ҳам мезанем”.

Баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои таҳти раҳбарии НАТО дар соли 2014, дар хоки ин кишвар тахминан 8400 нирӯи амрикоӣ боқӣ мемонад. Ҳоло Толибон назар ба соли 2001, замони вуруди нирӯҳои амрикоӣ ба хоки Афғонистон, назорати қаламравҳои бештарро ба ӯҳда доранд. Ба гуфтаи Николсон, нирӯҳои Афғонистон талафоти зиёд мебинанд. Вай гуфт, ки барояш дар муқобила бо ин гурӯҳҳо чанд ҳазор нирӯи бештар лозим аст, то ки вазъ аз ҳолати бумбаст берун ояд. Нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон бинобар мушкилоти фасоду раҳбарии заъиф, ба гуфтаи генерали амрикоӣ, “сахт меланганд”. Ӯ вазъияти вилояти ҷанубии Ҳилмандро, ки қаламравҳои зиёдаш зери назари Толибон аст, фавқулодда мушкил арзёбӣ кард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки Толибон ҳоло 85 дар сади қаламрави ин минтақаи кишти маводи мухаддирро назорат мекунанд ва соле пеш ҳам ҳаҷми кишт дар ин ҷо 20 % афзудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG