Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Тоҷикистон бозгашти эҳтимолии ҷангиёнро назорат мекунад"


Шумори ҳодисаҳои террористӣ дар ҷаҳон дар соли 2016 назар ба соле аз ин пеш 9 дарсад коҳиш ёфта, ҳалокати инсонҳо бар асари ҳодисаҳои террористӣ назар ба ду сол пеш, 13 дарсад кам шудааст.

Бо ин, ки соли гузашта ҳодисаҳои террористӣ дар қаламрави 104 кишвар рух додааст, 55 дарсади ин ҳодисаҳо танҳо дар панҷ кишвар – Ироқ, Афғонистон, Ҳинд, Покистон ва Филиппин сабт шудааст. Аз ҳар даҳ қурбонии терроризм, 7 нафараш дар Ироқу Афғонистон, Сурия, Нигерия ва Покистон ҷони худро аз даст додааст.

Департаменти давлатии ИМА менависад, ки муборизаҳои Тоҷикистон бар зидди ифротгароии хушунатомез бештар сари “ифротгароии мазҳабӣ” тамаркуз кардааст.

Гузориши нави Департаменти давлатии ИМА, ки рӯзи 19-уми июл нашр шуд, вазъи терроризми байналмилалиро аз 1 январ то 31 декабри соли 2016 таҳлил карда, ҳар кишварро аз назари осебпазирӣ дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳам талошҳои ҳукуматҳои ин кишвар дар амри муқобила бо ин таҳдидҳо, баҳогузорӣ кардааст. Тоҷикистон як бахши дигари гузориши мазкур мебошад.

Ал-Қоида ҳамоно дар Осиёи Ҷанубиву Марказӣ фаъол аст

Департаменти давлатӣ мегӯяд, бо вуҷуди дар қаламрави Афғонистону Покистон шадидан таҷзия шудани шабакаи террористии Ал-Қоида, ҳузури гурӯҳҳои марбут ба он дар нимқораи Ҳинд ҳамоно фаъол аст. Дар ин қаламрав фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои назири Толибон, “Шабакаи Ҳаққонӣ”, “Таҳрики Толибон”, “Лашкари Тайиба” ва “Ҷайши Муҳаммад” зидди сокинони мулкӣ ва ҳам нерӯҳои давлатӣ, нигаронида шудааст.

Сокинони Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ба Сурияву Ироқ сафар кардаанд. Ин ҳама боиси нигаронии мақомот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад, вале то ҳол, ба қавли таҳлилгарони Департаменти давлатӣ, шаҳодати хеле ками он вуҷуд дорад, ки ин ҷангиён бо ҳадафи анҷоми ҳамла ба ватани худ бармегарданд.

“Ҷангиёни хориҷӣ аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ дар анҷоми ҳамла дар кишварҳои сеюм гумонбар мешаванд. Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА омадааст, ки яке аз чунин ҳамлаҳо, таркиши Фурудгоҳи байналмилалии Истамбул мебошад.

Тоҷикистон бозгашти эҳтимолии ҷангиёнро назорат мекунад

Муаллифони гузориш мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 ба масъалаи муқобила бо тундгароии пурхушунат, эҳтимоли бозгашти ҷангиёни тоҷик ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ дар пайи нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, тамаркуз кардааст. Манобеи боз шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи ДИИШ-ро, ки дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, 1000 нафар тахмин мезананд.

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия.
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия.

Гузориш мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз роҳи тамринҳои низомӣ дар манотиқи марзӣ, бахусус бо мусоидати нерӯҳои ИМА, талош дорад аз таҳдиди убури марзаш боАфғонистонро аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, ҷилавгирӣ кунад. Қабули стратегияи фарогири муқобила бо экстремизм дар соли 2016, як бахше аз ин талошҳо мебошад.

Гузориш мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муҷозоти афроди ҷонибдори ақидаҳои экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои чунин фаъолиятҳо дар матбуот ва ҳам ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ, муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

Амнияти марз бо Афғонистон чолиш ҷиддӣ боқӣ мемонад

Гузориш мегӯяд, ки иқтисоди заиф ва фасоди амиқ захираҳои муқобила бо амалҳои эҳтимолии террористӣ дар Тоҷикистонро коҳиш додааст. Дар ин кишвар, мегӯяд Департаменти давлатӣ, сохторҳои ҳамоҳангкунандаи муборизаҳои зидди террористӣ таъсис шудаанд, вале ҳамоно ҳамкориҳои миёни сохторҳову тавони табодули иттилоъ миёни онҳо маҳдуд боқӣ мемонад.

“Бо кӯмаки ду ва бисёрҷониба Тоҷикистон дар амри таъмини амнияти марзаш бо Афғонистон ба пешравиҳо даст ёфтааст, вале таъмини амнияти марз як масъалаи хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад ва захираву эҳтиёҷоти бештарро назар ба тавонмандиҳои мавҷудаи Тоҷикистон тақозо мекунад”,- мегӯяд Департаменти давлатӣ. Барои муқбила бо ин чолишҳо ва ҳам ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, Тоҷикистон бо барномаҳои вижаи СММ ва ҳукумати ИМА ҳамкорӣ мекунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки соли 2016 сохторҳои ҳифзи қонун аз талоши сафари 31 шаҳрванди ин кишвар ба қаламравҳои зери назари ДИИШ бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳҳои шӯришӣ ҷилавгирӣ карда, нисбати 166 шаҳрванд бо гумони узвият дар ин гурӯҳ, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Гузориш мегӯяд, ба иддаои ҳукумати Тоҷикистон, аксари тоҷикҳое, ки ба ин гурӯҳ пайвастаанд, дар хориҷа ва умдатан дар Русия ифротӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро дар он муттаҳам мекунанд, ки иттиҳомоти терроризмро “зидди садои мустақил, аз ҷумла дигарандешонаш дар хориҷа” истифода кардааст.

“Муқобила бо экстремизм бештар сари мазҳаб тамаркуз кардааст”

Департаменти давлатии ИМА менависад, ки муборизаҳои Тоҷикистон бар зидди ифротгароии хушунатомез бештар сари “ифротгароии мазҳабӣ” тамаркуз кардааст. “Ҳукумат фаъолиятҳои мазҳабиро шадидан назорат” ва дар ин амр маъракаҳои ҷамъиятии зиддитеррористиро амалӣ мекунад.

Маҳдӣ Собир.
Маҳдӣ Собир.

Гузориш мегӯяд, ки сафарҳои вижаи имомхатибон ба Қазоқистону Русия бо ҳадафиҷилавгирӣ аз ақоиди ифротӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик, бахше аз барномаҳои давлати Тоҷикистон дар амри мубориза бо экстремизму терроризм мебошад. “Бо ин, ки сохторҳои ҳифзи қонун дар барномаҳои таълимиву давраҳои омӯзишии ҳамкорони байналмилалиашон иштирок мекунанд, - мегӯяд гузориш, - талошҳои ҳукумат бештар аз фаъолияти сохторҳои ҳифти қонун, боздошту муҷозоти мубаллиғони экстремизм равона шудааст”.

Маҳдӣ Собир, коршиноси умури амниятӣ дар робита ба ин гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфт, ки намешавад онро нодида гирифт, зеро аз сӯи пойгоҳҳои махсус ва садҳо мутахассис, таҳия шудааст. Ин коршиноси тоҷик афзуд, "воқеан вазъ дар шимоли Афғонистон нигаронкунанда аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо вориди Тоҷикистон мешаванд. Онҳо дар Тоҷикистон дигар мавқеъ надоранд. Тарафдорони онхо Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов кайҳо саркӯб ва нест карда шуданд. Гурӯҳҳои боқимонда ба ҳукумат таслим шудаанд."

Маҳдӣ Собир дар идома гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари буффери пайваста бо паҳн гардидани маводи мухаддир, силоҳу муҳимот, ақидаҳои террористӣ ва мухоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза мебарад. Ба гуфтаи ӯ, он афроде, ки аз Русия ба Туркия ва ё Сурия рафтаанд, на ҳамаашон барои "ҷиҳод" ё ҷанг, балки бештари онҳо барои кор ва пайдо кардани маблағ рафтаанд: "Дар ин самт бояд касе ба щабс гирифта нашавад. Зеро мардум барои кор рафтаанд. Бояд ҳама афв карда шаванд. Ба мардум кор кардан лозим, то онҳо донанд, ки худсарона ба ягон кишвари хориҷӣ рафтан, мумкин нест. Бояд имомхатибони мо ба сафар раванд, аз ҳаёти ҷавононамон бохабар бошанд. Бояд мубаллиӯони экстремизм муҷозот карда шаванд."

Бино ба омори охирине, ки мақомот дар Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Тибқи омори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, аз ин шумора ҳалокати 300 нафар тасдиқ шуда ва 70 нафарашон ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG