Пайвандҳои дастрасӣ

"Экспорти" ҷиҳодиён аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо


Ин ҳашт нафарро моҳи октябри соли гузашта барои пайравӣ ба гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар Қубодиён ба зиндон маҳкум карданд.

Йозеф Ланг, як таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, «экспорти» ҷиҳодиён аз ин минтақа ба Аврупо хатари террорро дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон кам кардааст, вале дар дарозмуддат барои мубориза бо ифротгароӣ дуруст нест.

Таҳлили Йозеф Ланг, аз Маркази Таҳқиқоти Аврупои Шарқӣ, ки бо назардошти ширкати зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар ҳамла дар шаҳри Стокҳолми Шветсия, ҳамла дар метрои Санкт-Петербурги Маскав навишта шудааст, хатари ифротгароёни минтақа барои Аврупо ва худи Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Радиои Озодӣ дар ин бора бо ӯ рӯзи 14-уми май сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Чаро зодагони Осиёи Марказӣ ба Аврупо барои зиндагии беҳтар ва барои ибодату пайравии озод ба мазҳаби худ мераванд, вале ба ҳамлаҳо даст мезананд?

Йозеф Ланг: "Аввал ин ки даст ба терроризм задани зодагони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ангуштшумор аст ва бисёр барвақт аст, ки бигӯем ин ба як тамоюли васеъ табдил шудааст. Аммо тамоюл дар Осиёи Марказӣ, ин аст, ки пайравони ҳаракатҳои исломие, ки тундрав нестанд, ба сабаби таъқибу фишори ҳукуматҳо ифротгаро мешаванд.

Йозеф Ланг
Йозеф Ланг

Яъне сиёсати сахтгиронаи ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ (барои мубориза бо ифротгароӣ) натиҷаи баръакс медиҳад ва ба ҷойи он ки, ифротгароӣ дар байни гурӯҳҳои муайянро кам кунад, баръакс ин зуҳуротро дар байни чунин гурӯҳҳо ва ё афроди алоҳида зиёдтар мекунад.

Баъзеҳо ба ҳамин далел минтақаро тарк мекунанду ба дигар ҷой мераванд. Аввал агар ба Афғонистону Покистон мерафтанд, ҳоло ба Сурияву Ироқ мераванд. Ва ин афроди ифротишуда ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд ва хатар эҷод мекунанд. Яъне таҳдиди терроризми исломӣ на дар худи Осиёи Марказӣ мемонад, балки ба хориҷ “экспорт” мешавад ва асосан ба Сурияву Ироқ. Дар як соли ахир чанд ҳамлаи террористӣ бо ҳузури зодагони Осиёи Марказӣ дар Туркия ҳам сурат гирифт. Ин ҳамлаҳо ба ҳузури ин афрод дар Сурияву Ироқ иртибот дорад."

Хатар кам мешавад, ё мемонад?

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки бо содироти ҷиҳод ба Сурияву Ироқ хатари ин зуҳурот дар Осиёи Марказӣ камтар мешавад. Оё ин вазъ дар дарозмуддат ҳам мемонад, ё не?

Йозеф Ланг: “Ин ба чанд омил иртибот мегирад. Ингуна механизм мумкин аст, босамар бошад, онгуна ки мо дар Қафқози шимолӣ дидем. Масалан то замони ҷанг дар Сурия солона дар ин минтақа садҳо нафар аз тундравони исломӣ дар натиҷаи даргириҳо бо нерӯҳои амниятии Русия кушта мешуданд.

Ҳоло ба сабаби онки ингуна афрод ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва дигар ҷавонон ҳам ба сафи Аморати Қафқоз (гурӯҳи ифротӣ) напайваста ба Ироқу Сурия рафтаанд, ноамнӣ дар Қафқози шимолӣ камтар шуд. Яъне ба шарофати чунин сиёсат ва ё ба сабаби экспорти хатар, муноқиша дар Қафқоз фурӯ нишаст.

Дар Осиёи Марказӣ чунин сиёсат ҳам мушоҳида мешавад, вале то куҷо он муввафақ хоҳад буд, ба ояндаи муноқиша дар Сурияву Ироқ вобаста аст. Вале агар кишварҳои Осиёи Марказӣ суботашонро бо сиёсати ҳозираашон нигаҳ доранд, зуҳуроти ифротгароӣ идома меёбад."

Радиои Озодӣ: Ингуна назар ҳаст, ки дар сурати шикасти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, тундравони Осиёи Марказӣ метавонанд, ба зодгоҳҳояшон баргарданду вазъро ноором кунанд. Оё ингуна имкон вуҷуд дорад, ки тундравон ба ҷое баргарданд, ки онҳоро зиндон интизор аст?

Ҷиҳодиёни ӯзбек дар Сурия
Ҷиҳодиёни ӯзбек дар Сурия

Йозеф Ланг: “Аввал ин ки ишғоли шаҳрҳои Раққа ва Мавсил маънии аз байн рафтани гурӯҳи “Давлати исломӣ”- ро нахоҳад дошт. Ҳатто аз байн рафтани ин гурӯҳ ҳам маънии хотимаи ҷанг дар Сурияву Ироқро надорад.

Дар онҷоҳо ҷанг идома мекунад ва ин афрод метавонанд, ширкат дар ҷангу муноқишаҳоро идома диҳанд. Дуввум ин ки теъдоди зиёде аз онҳо кушта шуданд. Агар ҷангҳо дар Сурияву Ироқ ҳам хотима ёбанд, онҳо ба ҷое барнамегарданд, ки зиндон мунтазирашон аст, балки мумкин аст, ба минтақаҳои доғи дигар бираванд.

Ингуна ҳолатҳо будаанд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ азбаски натавонистаанд, ба ватанҳояшон баргарданд, баъд аз як ҷанг ба ҷангҳои дигар рафтаанд. “

Роҳи осони маҳви ифротгароӣ

Радиои Озодӣ: Як саволи маъмулӣ, роҳи осонтаре вуҷуд дорад, ки пеши роҳи ифротгароиву ҷиҳодӣ шудани ҷавонон гирифта шавад?

Йозеф Ланг: Посухи осоне инҷо вуҷуд надорад. Муҳим он аст, ки ҳаргуна чорабинӣ барои мубориза бо ифротгароӣ бо ҷомеа ҳамоҳанг карда шавад. Агар чунин чорабиниҳо бе мувофиқа бо дастури боло барои поин андешида шаванд, самараи хуб намедиҳанд ва монеи хатару таҳдидҳое намешавад, ки ҳоло зуҳур мекунанд.

Бояд гуфт, дар аксар ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми муҳоҷират дар Русия ифротгаро мешаванд. Дар ин ҳолат маълум нест, ҳукуматҳои кишварҳои минтақа барои пешгирӣ аз ифротгаро шудани шаҳрвандонашон чӣ кор карда метавонанд.

Дар инҷо дастрасӣ ба ғояҳои ифротӣ осонтар аст ва аз тарафи дигар муносибати манфии баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба муҳоҷирон онҳоро ба сафи ҳаракату ҷараёнҳои ифротгароён тела медиҳад. "

Эзоҳ:Бино ба гузоришҳо то кунун бештар аз 5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва аксари онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG