Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон кушта шудааст


Мақомоти амрикоӣ дар Афғонистон тайъид карданд, ки раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар ҷараёни амалиёти муштараки сарбозони ду кишвар, кушта шудааст. Аз ин раҳбари кушташудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абдулҳасиб ном бурда мешавад, ки соли гузашта дар пайи ҳалокати Ҳофиз Саид, раҳбари пешини ДИИШ дар Афғонистон ва Покистон, фармондеҳии ин гурӯҳи тундравро дар даст гирифта буд.

Ҳофиз Саид соли гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вилояти Нанганҳори Афғонистон кушта шуда буд. Раҳбари нави ин гурӯҳ моҳи гузашта дар ҳамин вилоят ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои вижаи Афғонистон ва Амрико қарор гирифт. Дар баёнияи муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ва Афғонистон гуфта шудааст, ки 50 тан аз нерӯҳои вижаи Амрико ва 40 нафар аз нерӯҳои махсуси Афғонистон ба ҷои будубоши Абдулҳасиб ҳамла кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки "чанд дақиқа пас аз фуруд, нерӯҳои муштарак аз чанд тараф, аз сангарҳое, ки ба хубӣ омода шуда буданд, бо оташи шадид рӯбарӯ шуданд... дар ҳар ҳол нерӯҳои мо муваффақ шуданд душманро муҳосира карда ва шуморе аз аъзои баландпояи ДИИШ ва то 35 тан аз афроди ин гурӯҳро аз пой дароваранд."

Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки Абдулҳасиб дастури ҳамла ба бемористони низомии Сардор Муҳаммадхони шаҳри Кобулро додааст. Субҳи рӯзи 8 марти соли ҷорӣ гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомӣ дар маркази шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳамла карданд. Бар асари ин ҳамла, беш аз 50 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта буд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ кушта шудани раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Абдулҳасибро таъйид кардааст. Нерӯҳои амрикоӣ аз чанд вақт ба ин тараф дар вилояти Нангарҳор бо афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" даргир мебошанд. Вилояти Нангарҳор ба маркази асосии ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ" табдил шудааст.

Моҳи гузашта Амрико бузургтарин бомбаи ғайри ҳастаии ҷаҳонро дар минтақаи Ачини ҳамин вилоят партоб кард. Ба гуфтаи мақомоти афғон ва амрикоӣ, дар ин ҳамла беш аз 90 нафар кушта шуданд. Амрико мегӯяд, ин ҳамла бо ҳимояти амнияти миллии Афғонистон сурат гирифтааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG