Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Бештар ҷавонон бозичаи дасти манфиатҷӯён шуданд"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз омӯзгорону волидон хостааст, то ба тарбияи фарзандон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи 12 май дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи рақами 9-и деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара суханронӣ мекард, гуфт, дар ҳодисаҳои хунини бархе аз кишварҳои ҷаҳон бештар ҷавонон ширкат карда, бинобар надоштани саводи кофӣ, бозичаи дасти доираҳои манфиатҷӯй ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша мешаванд. Ба гуфтаи вай, ниҳодҳои қудратӣ барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ чораҳои амалӣ меандешанд.

Оқои Раҳмон ҳамзамон гуфтааст, "дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулони соҳаи маориф, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандони худ ва наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд".

Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудаанд ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ кӯч бастанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамоиши шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи даҳшатафканро, ки ба бераҳмӣ ном баровардааст, рад мекунанд ва мегӯянд, ин шаҳрвандон аз гумроҳӣ мавриди мағзшӯии таблиғгарони ДИИШ қарор гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG