Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази исломшиносӣ: "Эътимод ба рӯҳониён 5 баробар кам шудааст"


Як назарпурсӣ дар Тоҷикистон рӯшан кардааст, ки мизони бовари сокинон ба рӯҳониён дар чаҳор соли гузашта тақрибан панҷ баробар кам шудааст. Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ – ниҳоди расмии назди президенти Тоҷикистон – рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ин назарпурсӣ агар дар соли 2012 мизони бовари аҳолӣ ба рӯҳониён тақрибан 50 дар сад буд, дар соли гузашта то 9,7 дар сад поин фаромадааст. “Пурсишро соли гузашта ҷамъбаст кардем. Аз мардум ба суоли "Дин ва омили динӣ то чӣ андоза муҳим аст?", "Дин дар ҳаёти Шумо чӣ таъсир дорад?" ва "Шумо ба рӯҳониён бовар доред?" посух гирифта шуд", - афзуд ӯ.

Ааксари коршиносон мегӯянд, донаи аввали ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон аз шароити бади иқтисодӣ дар кишвар нумӯъ гирифта ва дар хориҷ бо наздик шудан ба гумоштаҳои гурӯҳҳои тундрав шоха медавонад.​

Рустам Азизӣ нагуфт, ки дар чаҳор соли гузашта тақрибан чӣ қадар аз аҳолии кишвар дар пурсиши онҳо иштирок карда ва ба суолашон посух гуфтанд. Вале гуфт, ин назарпурсӣ тамоми минтақаи Тоҷикистонро фаро гирифта ва дар он қишрҳои мухталифи ҷомеа, чӣ ҷавону пир ва чӣ афроди коргару бекор иштирок карданд.

Вай дар шарҳи онки сатҳи бовари мардум ба рӯҳониён камтар шудааст, гуфт, “бо густариши фазои иттилоотӣ сатҳи огоҳии мардум бештар шудааст. Агар пештар сарчашмаи асосии гирифтани донишҳои динӣ рӯҳониён ё масҷидҳо буд, ҳоло Интернет ва телевизион ба ҷойи аввал баромадаанд. Имрӯз ҳар як нафар ҳангоми пайдо шудани ниёз ё суоли динӣ бевосита худаш метавонад аз тариқи Интернет ё китобҳо дастрас намояд."

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар идомаи ин сӯҳбаташ гӯё аз камсаводӣ ба гурӯҳҳои ифрогарои динӣ пайвастани сокинони Тоҷикистонро низ “миф” номид. Рустам Азизӣ гуфт, “аз рӯи таҳлилҳо, саводи динии тоҷикони мо, хушбахтона ё мутаассифона, дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ баландтарин аст. Аммо ягона роҳи ҳал ин нест, ки бо баланд бардоштани саводи динӣ мешавад ифротгароиро пешгирӣ кард. Тахминан дар соли 2010 ин чиз садо дод ва дигар такрору такрор мегӯянд, ки гӯё саводи динии ҷавонони мо паст аст ва агар саводи диниашонро баланд кунем. Ин умуман роҳи ҳал нест. Ин як устурае, ки забонзада шудааст.”

Аммо бархе аз коршиносони динӣ поин шудани сатҳи бовари мардум ба рӯҳониёнро дар Тоҷикистон чандон воқеӣ надонистанд. Онҳо гуфтанд, дарвоқеъ, баъди аз минбарҳои масоҷид дур шудани рӯҳониёни шинохтае ба мисли Ҳоҷӣ Мирзо, Мулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва Эшони Нуриддинҷон пайванди бархе аз намозгузорон бо рӯҳониён канда шуд, вале бо ин ҳол, онҳо худро ба Интернет заданд, то ниёзҳои худро аз сӯҳбату нақлҳои рӯҳониёни дигар, аз ҷумла хориҷиҳо бароварда кунанд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода низ мегӯяд, бар асоси мушоҳидаҳои ӯ солҳои охир, баръакс, диндории сокинон афзудааст. “Теъдоди ҷавононе, ки ба масҷид мераванд ваё дар бозорҳо намоз мегузоранд, кам нашудааст. Пештар дар замони донишҷӯии мо бачаҳо дар нишастҳо аз шеъру ғазал суҳбат мекарданд, дар бораи Фирдавсӣ, Лоиқ, Улуғзода сухан мекарданд. Ҳоло ба кӯча баромада мепурсед, ки Улуғзода кӣ буд, намедонанд. Ин бисёр падидаи бад аст.”

Беш аз навад дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Исломанд. То соли 2009, яъне то замони қабули қонуни нави дин, Тоҷикистон аз кишварҳои нисбатан озоди минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили динӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди қабули қонуни нави дин ҳамаи масоҷид аз сабти дубораи расмӣ гузашта, дари бархеи онҳо ба далели ғайриқонунӣ будан баста шуданд. Ин қонун таъини имом-хатибонро ҳам расмӣ карда, чанде аз рӯҳониёни шинохтаро аз минбарҳояшон дур кард.

Пештар дар замони донишҷӯии мо бачаҳо дар нишастҳо аз шеъру ғазал суҳбат мекарданд, дар бораи Фирдавсӣ, Лоиқ, Улуғзода сухан мекарданд. Ҳоло ба кӯча баромада мепурсед, ки Улуғзода кӣ буд, намедонанд. Ин бисёр падидаи бад аст.”

Дар солҳои ахир пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад. Давлати Тоҷикистон эълон кард, ки феълан 1100 шаҳрванди кишвар, умдатан ҷавонон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки ин ҷавонон асосан ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сафи ин созмонҳо пайвастаанд. Аммо аксари коршиносон мегӯянд, донаи аввали ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон аз шароити бади иқтисодӣ дар кишвар нумӯъ мегирад ва дар хориҷ бо наздик шудан ба гумоштаҳои гурӯҳҳои тундрав шоха медавонад.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG