Як паноҳҷӯйи тоҷик иддао дорад, ки мақомоти Малайзия мехоҳанд, бо вуҷуди таҳдиди хатар ба ҷонаш, ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристанд. Идрис Шарипови 28-сола аз шаҳри Ҳисор мегӯяд, баъди онки аз дини ислом рӯ гардонд, дар Тоҷикистон мавриди азобу шиканҷа қарор гирифт.