Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми ВКД баҳси дар куҷо таълими динӣ гирифтани наврасонро доғтар кард

Намое аз филми "Нидои кӯдакони хомӯш", ки пулиси Душанбе нашр кард.
Намое аз филми "Нидои кӯдакони хомӯш", ки пулиси Душанбе нашр кард.

Пас аз нашри мустанаде аз сӯйи пулиси Душанбе, мавзӯи набудани имкони таълими динӣ барои наврасон дубора доғ шуд.

Милисаи пойтахт 16-уми феврал бо нашри филми "Нидои кӯдакони хомӯш" иддао кард, ки як рӯҳонӣ бо иҷора гирифтани як хона дар Душанбе, ба таври ғайрирасмӣ, дар шароити мармуз ва дур аз беҳдоштӣ, ба таълими динии 13 кӯдак пардохтааст.

Ҳарчанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин руҳонӣ ва падару модари кӯдаконро барои дар шароити ногувор таълим додан накӯҳиш карданд, бархе ба адами имкони таълиму тадриси динӣ низ ишора мекунанд.

Адҳам Ҳайдарзода, донишманди дин: "Гуфта мешавад таълимоти ғайрирасмии динӣ. Шаҳрванд, вақте ин ҷумларо мешунавад, якумин саволе дар зеҳнаш меояд, мегӯяд, ки хуб, модоме ин таълимот ғайрирасмӣ бошад, куҷо аст таълимоти расмӣ? Шояд ҷавоб гӯянд, ки таълимоти расмӣ дар Донишгоҳи исломӣ аст. Донишгоҳи исломӣ дар куҷо аст, дар пойтахт. Инсонҳое, ки дар деҳот, ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, кӯдаконашон мехоҳанд, кӯдакони 6-8-10-солааш дарс гиранд. Ӯ бояд чӣ кор кунад?".

Қонунгузории Тоҷикистон таъин кардааст, ки "ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад". Аммо давлат низоми таҳсилоти диниро таҳти назорат гирифтааст, ки ҳаққи таҳсилро ба ниҳодҳо танҳо пас аз дарёфти парвонаи махсус медиҳад. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон низ мепазиранд, ки дар кишвар заминаи барои таҳсили ибтидоӣ ё миёнаи динӣ вуҷуд надорад.

Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, "худи низоми таҳсилоти динии қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шудааст. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа ба роҳ монда шудааст".

Боздошти рӯҳонии тоҷик барои таълими ғайрирасмии динӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Ҳарчанд қонун дар Тоҷикистон ба масҷидҳои ҷомеъ ҳаққи таълими диниро медиҳад, ҳукумат 15 сол аст, ки ба ҳеч ниҳоде чунин иҷозатномаро надодааст. Наврасон ҳақ доранд, танҳо дар хона аз падару модари худ омӯзиши динӣ бубинанд. Чанде пештар риси Кумитаи дин набуди маконҳои таҳсил барои наврасонро мушкили хосе надонист ва гуфт, мехоҳанд таҳсили онлайнӣ роҳандозӣ кунанд.

"Барои мо беҳтар аст, аз оне, ки ҳамин чизҳо аз берун матраҳ мегардад, дар дохил зери назорат шавад, шаффофият бошанд, ки ҳолатҳои фирефта шудан, сӯистифода шудани ҷавонон аз ҷониби муғризон сурат нагирад. Дар ин самт мо пешниҳодҳо дорем, комиссия низ омӯхта истодааст, ки ҳаминро чӣ тавр, дар доираи он санаду меъёрҳое, ки дар Тоҷикистон аст ба роҳ монем, ки ҳарфи зиёдатӣ нашавад", -гуфт Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон.

Аммо Адҳам Ҳайдарзода барои ба таълими пинҳонӣ ё таҳсил дар хориҷ рӯ наовардани наврасон, роҳҳои ҷойгузин пешниҳод мекунад.

Ӯ мегӯяд, "якум, дар масҷидҳо аз ҳисоби имомхатибҳое, ки аз давлат маош мегиранд ва шахсони муътамади давлат ҳастанд, гурӯҳҳои таълимӣ ташкил дода шавад. Дувум, Вазорати маориф, Кумитаи дин ва Маркази исломӣ метавонанд дар ҳамоҳангӣ бо ҳам як услуби наве дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кунанд ё муассисаҳои таълимии хосе ҷорӣ кунанд, ки он ҷо дарсҳои динӣ бо дунявӣ омехта бошад. Севум, Донишгоҳи исломӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои шӯъбаи худро кушояд ва таълимоти диниро ба роҳ андозанд. Вақте ин чиз ба роҳ андохта шавад, дигар мардум эҳтиёҷ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ надоранд".

Радиои Озодӣ натавонист аз падару модари кӯдаконе, ки дар мустанади пулиси Душанбе намоиш дода шуданд, сабабҳои ба ин гуна таълими динӣ бурдани фарзандонашонро ҷӯё шавад. Мақомот ба онҳо иҷозаи сӯҳбат бо расонаҳоро намедиҳанд, ки шубҳаҳоро ба бор овардааст.

Охирин мадраса дар Тоҷикистон соли 2011 баста шуд. То он замон 19 мадраса вуҷуд дошт. Дар мактабҳо фанни "Таърихи дин" барои синфҳои 9 дар як ҳафта 1 соат омӯзонда мешавад, ки моҳияти дунявӣ дорад.

Ба масҷидҳо рафтани шаҳрвандони то 18-соларо иҷоза намедиҳанд. Қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди таълимии динии фарзандон меъёрҳои сахтгиронае доранд. Барои таълими динии ғайриқонунӣ ҷарима аз 60000 то 90000 ва то се сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG