Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донишкадаи исломӣ духтарони донишҷӯ намондаанд


Дар шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягон духтар таҳсил намекунад. Дар ин бора Нусратулло Зокирзода, ректори донишкада 9-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Зокирзода гуфт, қабул ба ин муассисаи таълимӣ ба воситаи Маркази миллии тестӣ анҷом мешавад ва имсол ягон духтар барои таҳсил пазируфта нашудааст.

Ба гуфтаи ректор, танҳо дар шуъбаи ғоибона 6 духтар таҳсил мекунанд, ки ба воситаи суҳбат қабул шудаанд.

Донишкадаи исломӣ феълан яке аз маконҳои асосии гирифтани таълими динӣ дар Тоҷикистон аст. Шумораи умумии муҳассилони ин донишкада солҳои охир камтар шуда, феълан дар муассиса 731 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани таълими динӣ дар кишвар танқид мекунанд. Чун солҳои охир мадрасаҳо дар кишвар қариб баста шуданд ва ҳеч якеашон иҷозатномаи фаъолият дарёфт накард.

XS
SM
MD
LG