Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомҳои амрикоӣ ва ҳайати эронӣ дар Ню-Йорк се соат гуфтугӯ кардаанд

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон (аз чап) ва Стив Виткофф, (намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна).
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон (аз чап) ва Стив Виткофф, (намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна).

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 22 сентябр дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт, мақомҳои амрикоӣ ва эронӣ дар СММ музокироти "созандае" доштаанд.

Раисҷумҳури Амрико тасдиқ кард, ки Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, намояндагони вижаи ӯ бо ҳайати эронӣ дидор карданд. Трамп тавзеҳ дод, "онҳо нишасти хубе доштанд, ҷаласаи бисёр созандае буд".

Ӯ афзуд, ки ин нишаст дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҳудуди се соат давом кард. Трамп гуфт, "онҳо дар ояндаи хеле наздик нишасти дигаре низ хоҳанд дошт".

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар Ню-Йорк қарор дорад ва Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон низ дар масири расидан ба ин шаҳр барои ширкат дар Маҷмаи Умумии СММ аст.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии СММ, мулоқоти президентҳои Эрон ва Амрико сурат бигирад.

Раисҷумҳури Амрико каме пеш аз он дар мулоқот бо нахуствазири Бритониё дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк эълон кард, ки Эрон ва Амрико бо якдигар дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд ва ӯ бовар дорад ду кишвар дар марҳилае ба созиш хоҳанд расид. "Фикр мекунам созише ба даст хоҳад омад",-гуфт Трамп.

Ӯ афзуд, "онҳо мехоҳанд бо мо гуфтугӯ кунанд. Онҳо бо мо дар ҳоли гуфтугӯ будаанд ва ҳатто имрӯз низ бо мо сӯҳбат кардаанд ва ин робита дар ҳоли шаклгирӣ аст". Трамп идома дод, "мо наметавонем иҷоза диҳем онҳо ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунанд, худашон ҳам инро дарк мекунанд".

Чанд соат пас аз ин изҳороти Трамп, хабаргузории Садо ва Симои Эрон мулоқоти Ароқчӣ бо Виткоффро тасдиқ кард ва навишт, ки мулоқот бо "исрори намояндаи Амрико" анҷом шуд.

Ин хабаргузорӣ эълом кард, ки "расонидани шартҳои Эрон барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз", далели пазириши дархости Виткофф барои ин дидор будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳсин Ризоӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳафтаи гузашта гуфта буд, ин шартҳо ба кишварҳои миёнарав эълом шуда ва Теҳрон мунтазири посухҳои президенти ИМА аст.

Трамп зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ. 22 сентябр, 2026.
Трамп зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ. 22 сентябр, 2026.

Стив Виткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп ҳам пас аз мулоқот бо ҳайати эронӣ дар Твиттер навишт, "аз тариқи миёнаравҳое, ки давоми рӯз миёни ду тараф дар рафтуомад буданд, музокироти тӯлонӣ бо ҳайати эронӣ анҷом додем. Миёнҷиҳо бомуваффақият як давра аз гуфтугӯҳоро ба поён расонданд. Давре, ки умедворем созанда ва навидбахш бошад. Миёнҷиҳо ба талошҳои худ идома хоҳанд дод".

Дар ҳамин ҳол, вебсайти Axios рӯзи 22 сентябр гузориш дод, чанд кишвари арабӣ, ки миёни Амрико ва Эрон миёнҷигарӣ мекунанд, дар ҳоли гуфтугӯ бо ду тараф барои баргузории як мулоқоти "сатҳи боло" дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ҳастанд.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии СММ, мулоқоти президентҳои Эрон ва Амрико сурат бигирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG