Артиши Амрико шаби 1 ба 2-юми сентябр ба мавзеъҳое дар Эрон ҳамла кард. Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, пойгоҳҳои нерӯҳои амрикоиро дар минтақа ҳадаф қарор дод. Расонаҳои эронӣ аз кушта шудани дастикам панҷ нафар дар ҳамлаҳои шаби гузашта хабар доданд.
Фармондеҳии артиши Амрико дар Ховари Миёна ё СЕНТКОМ шоми 1-уми сентябр эълон кард, ки нерӯҳои низомии ин кишвар ҳамлаҳои наверо ба мавзеъҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон анҷом доданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор додааст, ки агар Эрон даст ба ҳамлаҳои интиқомҷӯёна бизанад, Иёлоти Муттаҳида дар сатҳе болотар ба Эронро зарба хоҳад зад.
СЕНТКОМ дар баёнияи кӯтоҳе дар шабакаи "Х" навишт, "ин ҳамлаҳо дар пайи талошҳои ахири Сипоҳ барои ҳамла ба киштиҳои тиҷорӣ дар тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунин нерӯҳои низомии амрикоӣ дар минтақа анҷом шуд."
Пас аз чанд соат, раисҷумҳури Амрико бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social, навишт, ки нерӯҳои ин кишвар дар ҳоли ҳамла ба ҳадафҳое дар Эрон дар наздикии тангаи Ҳурмуз ҳастанд. Ӯ ин ҳамлаҳоро "густурда ва қудратманд" хонд.
Трамп навишт, ҳамлаҳо дар вокуниш ба ончи "кӯшиши номуваффақ"-и нерӯҳои эронӣ барои минагузорӣ дар тангаи Ҳурмуз ва партоби ҳашт мушак ба як пойгоҳи низомии Амрико дар Урдун хонд, анҷом мешавад.
Вай афзуд, минаҳои баҳрии мавриди ишора "пурра ҷамъоварӣ ё мунфаҷир шудаанд" ва ҳар ҳашт мушаки партобшуда ба сӯйи пойгоҳи Амрико низ раҳгирӣ шуданд.
Мақомҳои Урдун пештар эълон карда буданд, ҳашт мушакеро, ки вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буд, раҳгирӣ карданд.
Чанд дақиқа пеш аз эълони артиши Амрико, баъзе аз манбаъҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз шунида шудани садои таркиш дар чанд минтақаи ҷанубии Эрон хабар доданд.
Хабаргузории Садо ва Симо эълон кард, ки беш аз панҷ таркиш дар ҷазираи Қишм ва таркишҳои дигар аз тарафи тангаи Ҳурмуз шунида шудааст. Хабаргузориҳои "Тасним" ва "Форс", наздик ба Сипоҳи посдорон, низ дар саҳифаҳои худ дар Телеграм аз шунида шудани садои таркишҳо дар Бандар Аббос, Канорак ва Қишм хабар доданд.
Созмони Ҳилоли Аҳмар гуфт, дар ҳамлаҳои Амрико ба "як маросими арӯсӣ" дастикам панҷ нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шудаанд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои нави Амрико эълон кард, ки "зарбаҳои кӯбанда ва шиканандае" ворид хоҳад кард.
Хабаргузории "Форс" ҳам нимашаби гузашта ба вақти Теҳрон аз оғози ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун ва Баҳрайн хабар дод.
Гуфтугӯ