Тибқи нахустин гузориши расмии ниҳодҳои назоратии ҳукумати Амрико дар бораи амалиёти "Хашми ҳамосӣ"-и ИМА зидди Эрон, хароҷоти ин амалиёт ҳудуди 33,4 миллиард долларро ташкил медиҳад ва захираҳои муҳимот ва аслиҳаи Амрико бо камбуди стратегӣ рӯбарӯ шудааст.
Дар ин гузориш, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуд, омадааст, истифодаи густурдаи аслиҳа дар ҷанг бо Эрон, "ба камбуди стратегӣ дар силоҳи мавҷуда сабаб шуд". Бар асоси ин арзёбӣ, Пентагон барои ҳалли ин мушкил, саъй дорад, раванди хариди аслиҳа ва муддати тавлидро коҳиш диҳад, то дар шароити изтирорӣ имкони афзоиши ҳарчӣ зудтари тавлид вуҷуд дошта бошад. Ин гузориш ҳамчунин нишон медиҳад, Амрико то 29-уми июн ҳудуди 33,4 миллиард доллар барои ҷанг харҷ кардааст.
Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико охири моҳи июл хароҷоти ҷанг то он вақтро 37,5 миллиард доллар эълон карда буд. Шабакаи NBC News низ пештар ба нақл аз афроди огоҳ аз баровардаҳои дохилӣ гузориш дода буд, ки рақами воқеии хароҷоти ҷанг метавонад ба 80 то 100 миллиард доллар расида бошад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 14-уми сентябр ва ҳамзамон бо нашри гузориши арзёбии "Амалиёти хашми ҳамосӣ", дар шабакаи иҷтимоии Social Truth навишт, Амрико акнун беш аз ҳар вақти дигаре дар таърихи худ аслиҳаи пешрафта тавлид мекунад ва ин аслиҳаву таҷҳизот рӯзона дар ихтиёри нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна ва дигар минтақаҳо қарор мегиранд.
Арзёбии нав аз ҷумла бо ҳамкории Дафтари бозрасони кулли вазорати дифоъ, Вазорати корҳои хориҷӣ сурат гирифтааст. Тибқи қонун, таҳияи ин гузориш пас аз он ҳатмӣ мешавад, ки амалиёти низомии Амрико алайҳи Эрон аз 60 рӯз бештар идома кунад.
САРНАГУН ШУДАНИ ДАҲҲО ПАҲБОДИ MQ-9
Бар асоси ин гузориш, 30 паҳподи MQ-9-и Амрико дар ҷараёни ҷанг аз байн рафтаанд. Арзиши ҳар яке аз ин паҳподҳои бузурги шиносоӣ ва ҳамлавар, ҳудуди 30 миллион будааст.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳафт ҳавопаймои сӯхтрасони KS-135 низ осеб дида, ё аз байн рафтаанд ва панҷтои онҳо дар Арабистони Саудӣ дар пойгоҳи ҳавоӣ ҳадафи ҳамлаҳои Эрон қарор гирифтанд.
Чаҳор ҳавопаймои ҷангандаи F-15, як ҳавопаймои F-35 ва як ҳавопаймои ҳамлавари I-10 низ, ки бар асоси ин гузориш ё аз байн бурда шуданд, ё осеби сахт дидаанд. Дар як ҳодисаи дигар, бархӯрди ду ҳавопаймои сӯхтрасони KS-135 дар Ироқ боиси сарнагун шудани яке аз онҳо шуд.
Дар арзёбӣ омадааст, 11 низомии амрикоӣ низ дар амалиётҳо дар Кувайт, Ироқ, Урдун ва Арабистони Саудӣ ва яке дигар дар ҳодисаи ғайриҷангӣ ҷон бохтааст ва дар умум талафоти низомиёни амрикоӣ ба 12 нафар мерасад.
ХИСОРОТ БА ПОЙГОҲҲОИ НИЗОМИИ АМРИКО
Ин арзёбӣ ҳамчунин паҳлӯҳои хисороти Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёнаро рӯшантар кардааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба даҳҳо бино ва иншоот дар пойгоҳҳои низомии Амрико дар Кувайт, Баҳрайн, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Умон ва Урдун осеб зада ё онҳоро тахриб кардааст.
Гузориш ҳамчунин барои нахустин бор ба таври расмӣ таъйид мекунад, ки Эрон марказҳои аслии икмолотӣ ва ё логистикии нерӯҳои баҳрии Амрико дар Баҳрайнро бо паҳпод ва мушакҳои баллистикӣ ҳадаф қарор додааст.
Шиддати ҳамлаҳо ба бархе марказҳои логистикӣ боис шудааст, ки Фармондеҳии марказии Амрико, бахше аз роҳҳои таъмин ва пуштибонии худро тайғир диҳад ва барои бархе амалиётҳо аз марказҳои дуртар, аз ҷумла, Ҷазираи Диего Гарсия дар уқёнуси Ҳинд, истифода кунад.
"9 ҲАЗОР АМРИКОӢ МИНТАҚАРО ТАРК КАРДАНД"
Дар гузориш омадааст, ки иншооти дипломатии Амрико низ дар Ироқ, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмӯъ ҳудуди 186 миллион доллар хисорот дидаанд. Бештарин хисорот, ҳудуди 157 миллион доллар, марбут ба иншооти Амрико дар Ироқ будааст.
Илова бар ин, амалиёти изтирорӣ ва берун баровардани афрод ҳудуди 113 миллион доллар барои вазорати корҳои хориҷии Амрико хароҷот доштааст ва ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди амрикоӣ аз минтақаҳои таҳти таъсири ҷанг хориҷ шудаанд. Бино ба ин гузориш, дар умум беш аз 20 ҳазор нафар аз коркунони низомӣ ва дипломатии Амрико дар оғози ҷанг ва ҳафтаҳои пас аз он ҷобаҷо шуданд.
Нашри ин арзёбӣ дар ҳоле аст, ки мақомҳои ҳукумати Доналд Трамп дар моҳҳои гузашта гузоришҳо дар бораи коҳиши хатарноки захираҳои аслиҳаи Амрикоро рад кардаанд. Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико пештар гузоришҳо дар бораи камбуди муҳимотро рад карда ва гуфта буд, артиши Амрико аслиҳаи лозимро барои анҷоми маъмуриятҳои худ дар ихтиёр дорад.
ЭРОН ЧӢ МИҚДОР ХИСОРОТ ДИД?
Ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон рӯзи 28 феврали имсол бо ҳамлаҳои густурда ба Эрон оғоз ёфт ва 40 рӯз пас ва рӯзи 8-уми апрел бо барқарории оташбас, мутаваққиф шуд. Эрон низ дар ҷараёни ҷанг бо мушак ва паҳпод ба Исроил ва пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико дар чанд кишвари минтақа ҳамла кард.
Маълумоти мустақил ва шомил аз маҷмуи хисороти воридшуда ба Эрон нашр нашудааст. Ҳукумати Эрон дар моҳи авпрел хисороти мустақим ва ғайримустақимро ҳудуди 270 миллиард доллар эълон кард, аммо ҷузъиёти онро нагуфт. Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил илова бар марказҳои низомӣ ва ҳастаӣ, ба иншооти энержӣ, саноатӣ ва бархе зербунёдҳои ғайринизомии Эрон низ осеби зиёде расондааст.
Бар асоси охирин омори Созмони тибби қонунии Эрон, 3519 нафар дар ҷараёни ин ҷанг кушта шуданд. Вазорати тандурустӣ шумори захмиёнро, ки муолиҷа гирифтанд, беш аз 40 ҳазор нафар эълон кард. Аммо гуфта нашудааст, ки чӣ миқдор аз кушташудаҳо ва захмиён низомӣ ва ғайринизомӣ ҳастанд.